Шўрои сарпарастон

Шўрои сарпарастони Донишкада тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи Шўрои парасторони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, аз ҷумлаи омўзгорони ботаҷриба, номзадон ва докторони илм, муовини декани факулта оид ба тарбия, сарпарастони гурўҳҳо ташкил карда шудааст. Роҳбарии Шўрои сарпарастонро ҷонишини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Г. ба уҳда дорад.

Дар ҷаласаҳои Шўрои сарпарастон назорати давомот ва пешрафти донишҷўён, ташкили босифати соатҳои тарбиявӣ, амалӣ гардондани унсурҳои Консепсияи миллии тарбия, бедор намудани ҳисси ватандўстию меҳанпарастӣ дар толибилмон, назорати риояи тартиботи дохилӣ, либосҳои тавсиявии донишҷўён, алоқа бо волидайн, дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва амсоли инҳо баррасӣ ва муҳокима карда мешаванд. Дар факултаҳои донишкада низ Шўроҳои сарпарастон ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими тарбиявӣ муҳокима ва таҳлил карда мешаванд. Дар ин ҷаласаҳо масъалаҳо оид ба донишҷўёне, ки ғоибҳои зиёди бесабаб ва қарзҳои академӣ доранд, тартиботи дохилии донишкадаро риоя намекунанд, муҳокима ва баррасӣ гардида, бо волидайни онҳо суҳбат гузаронида мешавад.

Ташвиқоти рамзҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ, асосҳои қонунгузории давлат қувваи асосӣ ва муҳтавои кори сарпарастон ба ҳисоб меравад. Дар мувофиқат бо нақшаи донишгоҳии тарбиявӣ сарпарастон дар соатҳои тарбиявӣ оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, масъалаҳои пешгирии паҳншавии ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, коҳишёбии маънавии ҷомеа ва падидаҳои номатлуб суҳбат мегузаронанд.

Барои иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи тарбия ва ёрӣ ба сарпарастон соли 2014 “Дастурамал оид ба гузаронидани соати тарбиявӣ” (мураттиб н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У.) ҳамчун роҳнамои сарпарастон чоп гардид.