Кафедраи мазкур соли 1995 таъсис ёфта, мутахассисони баландихтисосро дар ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:
25015100 – Тиҷорат;
25010900 – Маркетинг;
0211 – Ҳуқуқи тиҷоратӣ;
240103 – Ҳуқуқи иқтисодиётӣ;
24010401 – Ҳуқуқи байналмилалӣ.
Самти асосии илмӣ-таҳқиқотии аъзоёни кафедра пайваста ба муаммоҳои тиҷоратӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таъминоти ҳуқуқии онҳо дар давраи гузариш ба иқтисодиёти бозор мебошад, ки он бевосита бо самти умумии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар мавзўи «Муаммоҳои инкишофи муносибатҳои бозоргонӣ ва танзими ҳуқуқии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» алоқаманд аст.