Донишҷӯ

Сӯҳбати байни донишҷӯёни ДИС ДДТТ, ки дар Аврупо аз рӯи барномаи Эрасмус+ таҳсил доранд ва донишҷӯёни дар Хуҷанд таҳсил карда истодаанд. Донишҷӯёни мо аз таҷрибаи таҳсили худ дар Аврупо презентатсия омода карда оид ба таҳсилоти олӣ дар Испания ва Туркия ба донишҷӯён маълумот пешниҳод намуданд. Нозукиҳои иштирок дар барномаи Эрасмус+, қоидаҳои он ва маслиҳатҳои муфид барои шунавандагон доданд. Сӯҳбат бо бисёр саволу ҷавобҳо 2 соат зиёд давом кард. Лаҳзаҳои беҳтаринро дар видео меорем.