Ишонова Умедахон Усмонҷоновна

Ишонова Умедахон Усмонҷоновна 02.08.1980 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1987 ба мактаби миёнаи №22 дохил шуда, онро соли 1997 хатм намудааст. Соли 1997 ба Комплекси ягонаи таълимӣ ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 2001 шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси иқтисодӣ – менеҷер бо баҳои аъло хатм намудааст.
Аз соли 2001 фаъолияти омӯзгории худро ҳамчун ассистенти кафедраи иқтисод ва соҳибкорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оғоз намуд.
Соли 2009 ба вазифаи муаллими калони кафедраи иқтисод ва соҳибкорӣ дар асоси озмун таъин шуд. Соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Становление торговли национальной экономики в переходный период” ва сазовори дипломи номзадии Федератсияи Русия (28.01.2013 №29/нк 16 таҳти рақами ДКН №176764) дифои ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовор шудааст. Соли 2017 дар озмуни Донишкада оид ба ишғоли вазифаи дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ иштирок намуда ва дотсенти кафедра таъин гардид.
Соли 2021 дар озмуни донишкада оид ба ишғоли вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ иштирок намуда мудири кафедра таъин гардидааст.

Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад.