Табрикоти директори ДИС ДДТТ, н.и.и., дотсент Ҷалилзода А.А. ба муносибати 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 6 ноябри соли 1994 бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он ба ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санади тақдирсозро ҳамчун ҳуҷҷати равшангари роҳи ҳаёти мардум арзёбӣ намудаанд, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад:
“Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини Истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар, тағйирнопазир будани шакли идории ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моликияти демокративу ҳуқуқӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст”.
Ба шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи Шумоён – устодон ва донишҷӯёни гиромиқадрро ба муносибати 31-умин солагарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саломатӣ, осудагии рӯзгор, зиндагии шоиста ва иқболи баланд орзу менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *