Парки технологии ДИС ДДТТ

Мудири парки технологӣ

Камолов Фаррухҷон Абдуқодирович

 

Ҳайати кормандон:

Дӯзанда омӯзгор: Ёқубова Мӯтабарҷон Манноновна

Дӯзанда омӯзгор: Раҷабова Ганҷинисо Холовна

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд пас аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (аз 21 июли с. 2010, №629), инчунин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси Парки технологӣ чорабиниҳои зиёд андешида шуданд. Ин масъала дар ҷаласаҳои раёсати донишкада ва Шўрои олимон (суратҷаласаҳои №4,№7 соли 2014, суратҷаласаҳои №5, №10 соли 2016; суратҷаласаҳои №№3, 4, 7 соли 2017; суратҷаласаи №3 соли 2018) якчанд маротиба мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар Донишкада аксари талаботи бандҳои мутааллиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.07.2010 №629 «Дар бораи Парки технологӣ» амалан иҷро карда шудааст. Парки технологии донишкада тибқи Низомномаи Парки технологии, ки соли 2012 тасдиқ карда шудааст фаъолият мебарад.

Парки технологӣ – муассисаи ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, он дар ҳудуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо мақсади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои қонеъ гардонидани талаботи истеҳсолот дар истифодаи технологияҳои навтарин ва татбиқи лоиҳаҳои иноватсионӣ ва инвеститсионӣ фаъолият менамояд.

Мутобиқи Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Парки технологӣ дар шаклҳои зерин таъсис дода мешавад:

– Парки инноватсионию технологӣ;

– Парки илмӣ (ё Парки таҳқиқотӣ);

– Технополис;

– Инкубатори технологӣ (Бизнес-инкубатор).

Мутобиқи Қонуни мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Паркҳои технологӣ бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:

– рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ;

– ташкил ва татбиқи барномаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

– мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосири илмталаб;

– таҳкими заминаи моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология;

– муттаҳид сохтани нерӯи зеҳнӣ барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот;

– ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот;

– рушди корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои хурду миёна:

– ташкили ҷойҳои нави корӣ;

– дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ;

– ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва бизнеси инноватсионӣ.

Вазифаҳои асосии Парки технологӣ аз инҳо иборат мебошанд:

– ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқикоти илмӣ ба истеҳсолот;

– ҳавасмандгардонии қобилияти зеҳнӣ баҳри таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот;

– омӯзиш ва истифодаи технологияи аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид мешавад;

– такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд;

– рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи инноватсионӣ.

       Намудҳои фаъолити Парки технологии ДИС ДДТТ

 Сехи дӯзандагии парки технологӣ “Дӯхтани либосҳои замонавӣ”

Сехи дӯзандагии Парки технологӣ 53,5 м2 масоҳатро дар бар мегирад ва аз як утоқи дӯзандагӣ иборат аст. Дар он 10 мошинаи дӯзандагӣ, 4 мошинаи махсус (аверлок), 3 мизи дарзмол, 1 мизи бурандагӣ ҷойгир аст. Дар инҷо як адад компутер бо шабакаи интернет пайваст мебошад.

Санаи 7.10.2021 дар маросими ифтитоҳи бинои нави ДИС ДДТТ боз як сехи дӯзандагии Парки технологӣ таъсис дода шуд, ки дар он 5 мошинаи дӯзандагии нави замонавӣ бо ҳамаи ашёҳои лозима мавҷуд мебошад.

Сехи дӯзандагӣ ба самтҳои асосии фаъолияти Парки технологӣ дар раванди ҷорӣ намудани технологияи аълосифат вобаста ба талаботи бозор, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир фаъолият мебарад.

Дар сехи дӯзандагии Парки технологӣ аз соли 2018 то инҷониб курсҳои бофандагӣ, ироқидӯзӣ, йурмадӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Сехи дӯзандагӣ мунтазам дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии шаҳриву вилоятӣ иштирок менамояд. Хусусан санаи 10 май соли 2021 дар Фестивали “Атласу Адрас”, ки дар Кохи Суғдиён баргузор гардид ҷои якум дар номинатсияи “Намоиши идона” ва ҷои дуюм дар “Намоиши кӯдакона” ишғол намуд.

 Маркази пешбарии моликиятҳои зеҳнӣ, ихтироотҳои омӯзгорон ва донишҷӯён.

Барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (аз 21 июли с. 2010, №629), дар равандҳои татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионӣ, доир ба ҷалби донишҷӯён, аспирантҳо, магистрҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгирии илм ва истеҳсолот, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ, дар Парки технологии донишкада маркази пешбари моликияти зеҳнӣ, ихтироотҳои омӯзгорон ва донишҷӯён фаъолият мебарад.

Маркази таълимии соҳибкорон.

Марказ барои бозомўзии соҳибкорон дар самтҳои омўзиши Кодекси гумрук, Кодекси андоз, муҳосибот, молия ва ғайра таъсис гардидааст.

Маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ.

Марказ ба омўзиши забонҳои англисӣ, русӣ, хитоӣ барои тамоми хоҳишмандон бо мақсади омўзонидани забонҳои хориҷӣ аз зинаи аввал то дараҷаи баландтарин машғул мебошад.

Маркази такмили ихтисоси кормандони кооператсияи матлубот

Фаъолотяи марказ, барои бозомўзии кормандони соҳаи кооператсияи матлубот дар самтҳои идоракунӣ, иқтисодиёт, маҳсулоттайёркунӣ, хўроки умумӣ, муҳосибот, такмили ихтисоси пешхизматҳо равона гардидааст.

Типографияи хурди Парки технологӣ.

Нашри барномаҳову силлабусҳо, китобҳои таълимӣ, монографияҳо – барои ба чоп тайёр намудани китобҳои дарсӣ, монографияҳо, комплексҳои таълимӣ-методии устодони Донишкада ва берун аз он (донишкадаҳои ҳудуди вилоят) ва инчунин ба фаъолияти таълимӣ барои омўзонидани технологияи инноватсионии муосир.

Барои амалӣ намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи Парки технологӣ», фаъолияти инноватсионӣ дар асоси низомномаҳои намунавие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ дар ДИС ДДТТ санадҳои меъёрию ҳуқуқии зерин таҳия карда, амали гардонида истодаанд. Аз он ҷумла, Низомномаи Парки технологии ДИС ДДТТ, низомномаҳои «Маркази омўзиши забонҳои хориҷӣ» ва «Маркази таълимии соҳибкорон» таҳия ва тасдиқ карда шудаанд.

Татбиқи иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» (аз 21 июли с. 2010, №629) ва фаъолияти инноватсионӣ, инчунин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешбурди Паркҳои технологӣ дар ДИС ДДТТ аз рӯи нақшаи кории парки технологии донишкада ба роҳ монда шуда, зина ба зина иҷро шуда истодааст. Чорабиниҳои лозима ва пешбинишуда вазифадор месозад, ки баҳри пешбурди Парки технологӣ раёсати донишкада, ҳайати кормандон ва омӯзгорон бояд дар ҳамкорӣ боякдигар корбарӣ намоянд.