Erasmus+

Эразмус + (Erasmus+) барномаи Иттиҳоди Аврупо (ИА) доир ба маориф, тайёр кардани кадрҳо, ҷавонон ва варзиш дар давраи солҳои 2014-2020 ба шумор меравад. Вай ба комёбиҳои зиёда аз 25- солаи барномаҳои аврупоӣ дар соҳаи маориф, тайёрии касбӣ ва ҷавонон ҳам дар дохили Аврупо ва ҳамчунин, ба чанбаҳои ҳамкории байналмилалӣ такя мекунад.
Эразмус + бурсияҳоро барои доираи васеи фаъолиятҳо ва чорабиниҳои соҳаи маориф, тайёр кардани кадрҳо, ҷавонон ва варзиш пешниҳод мекунад. Барнома ба донишҷуён, коромузон , хайати коркунони муассисаҳо ва хоҳишмандоне, ки як муддати вақтро дар хориҷа гузаронидани ҳастанд, такмили малакаю маҳорати худ ва имконияти бо кор таъминкуниро фароҳам меоварад. Вай ба созмонҳо барои шарикии трансмиллӣ ва баён кардани тачрибаи навовари дар соҳаи маориф, тайёр кардани кадрҳо ва ҷавонон мусоидат мекунад. Фаъолияти нав роҷеъ ба варзиш лоиҳаҳои поёни ва масоили транссархадӣ, ба монанди мубориза бар зидди вохуриҳои шартномавӣ, допинг, зурӣ ва нажодпарастиро дастгири хоҳад кард.
Барномаи Эразмус+ барои мусоидати фаъолиятҳо дар соҳаи маориф, тайёрии касбӣ, ҷавонон ва варзиш дар давраи солҳои 2014-2020 равона карда шудааст.
Фаъолиятҳои барномаи Эразмус+ ба фаъолиятҳои гайримарказӣ ва муттамарказӣ ҷудо мешаванд. Фаъолиятҳои ғайримарказӣ дар хар мамлакат аз тарафи агентиҳои миллӣ, ки аз тарафи ҳокимиятҳои миллӣ таъин карда мешаванд, идора карда мешаванд.Фаъолиятҳои муттамарказӣ дар сатҳи аврупоӣ аз тарафи Агентии ичроия доир ба маориф, воситаҳои аудиовизуали ва фарҳанг (EACEA), ки дар Брюссел ҷойгир шудааст, роҳбари карда мешаванд.

Дар барномаи Эразмус+ ки ширкат варзида метавонад?

Шахсони вокеи – донишҷуён, коромузон, хонандагон, хонандагони калонсол, ҷавонон, фидоиён ( волонтёрҳо), омузгорон, муаллимони мактабҳо, мураббиҳои варзиш, коркунони ҷавон, мутахассисони ташкилотҳо, ки дар сохаи маориф барои тайёр намудани кадрҳо ва ҷавонон фаъолият мекунанд, гуруҳҳои асосии аҳолии мақсадноки барномаро ташкил медиҳанд. Бо вуҷуди ин, барнома бо ин одамон тавассути ташкилотҳо, муассисаҳо, органҳо ё гуруҳҳое, ки ин чорабиниҳоро ташкил мекунанд, ноил мегардад. Шартҳои дастраси ба барнома барои хамин ҳам ба ин ду ашхос тааллуқ доранд: «ширкаткунандагон» (шахсони дар барнома ширкаткунанда) ва «ташкилотҳои ширкаткунанда» (аз он ҷумла гуруҳи ҷавонони дар корҳои ҷавонон фаъолият мекадаги, вале шарт нест, ки ҳатман дар заминаи созмонҳои ҷавонон кор кунанд низ ҳамчун гуруҳи ҷавонони ғайрирасмӣ зикр карда мешаванд). Барои ширкаткунандагон ва созмонҳои ширкаткунанда, шартҳои иштирок аз мамлакате вобастааст, ки онҳо ба асос гирифта шудаанд.

Мамолики салоҳиятдор

Барномаи Эразмус+ барои мамолики зерин озод аст:

МАМОЛИКИ БАРНОМАВӢ

Мамолики зерин метавонанд пурра дар ҳамаи фаъолиятҳои Барномаи Эразмус+ ширкат намоянд:

Мамолики аъзои Иттиҳоди Аврупо (ИА):

Белгия

Булгория

Ҷумҳурии Чехия

Дания

Германия

Эстония

Ирландия

Юнон

Испания

Фаронса

Хорватия

Италия

Кипр

Латвия

Литва

Люксембург

Венгрия

Малта

Нидерландия

Австрия

Польша

Португалия

Руминия

Словения

Словакия

Финляндия

Шветсия

Британияи Кабир

Мамолики барномавии ғайриаврупоӣ

Югославияи собик

Ҷумҳурии Македония

Исландия

Лихтенштейн

Норвегия

Швейтсария

Туркия

Мамолики шарик

Мамолики зерин метавонанд дар ин ё он фаъолиятҳо дар доираи барнома тавассути ба ҳисоб гирифтани меъёрҳо ё шартҳои муайян ширкат варзанд

Мамолики шарики ХАМСОЯХОИ ИА

Мамолики шарики шарқӣ

Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Молдова, Украина

Мамолики ҷанубии Баҳри Миёназамин:

Алҷазоир, Миср, Исроил, Урдун, Лубнон, Либия, Марокаш, Фаластин, Сурия, Тунис

Балкани Ғарбӣ:

Албания, Босния ва Герсеговина, Косово, Черногория, Сербия

Дигар:

Федератсияи Русия

Мамолики шарики ДИГАР

Баъзе фаъолиятҳои барнома барои ҳар як мамолики шарики дунё озод аст. Барои баъзе фаъолиятҳои дигар фарогирии ҷуғрофӣ камтар аст.