Шуъбаи омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ

Мудири шуъбаи омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ

доктор PhD дотсент ҶУРАЕВ МЕҲРОҶ БОБОҚУЛОВИЧ

EMAIL: mehrojbo@mail.ru

       Мутобиқи банди 2-и Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2017 сол, таҳти №7/35 ва Қарори Шӯрои олимони Донишкада таҳти №5 аз 3 январи соли 2018 ва бо фармоиши директори муассиса таҳти №03/02 аз 04.01.2018 сол дар Донишкада низоми таҳсилоти фосилавӣ ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шудааст.
Ҳайати кадрии шуъба аз 4 нафар иборат буда, нақшаи кории мудири шуъба, мутахассиси шуъба ва методисти шуъба дар мувофиқа бо раиси ташкилоти ибтидоии касабаи ДИС ДДТТ ва ҳуқуқшиноси донишкада аз ҷониби директори Донишкада тасдиқ гаштааст.