Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳои хеш нисбати яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи

Садриддин, ки дар давоми соли равон тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”, барномаи «Минбари муҳоҷир » ба интишор медиҳанд сараввал онро маҳкум намуда, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки М.Садриддини бадҳоҳи иғвогар ин навбат, санаи 15 декабри соли равон дар мавзуи «Русия ду роҳ дорад, хориҷ шудан аз Тоҷикистон ё ивази ҳокимият» тарифи сомонаи ифроти-«Ислоҳ.нет» боз тавассути барномаи зикршуда бо даъвоҳои пучу бедалел нисбати роҳбарияти олии кишварамон ва Президенти Федератсияи Русия бо ҷалби шогирдаш Абдухалил Восиев ва пайраваш Муҳаммад Тағоев баромад
иғвогариро пеша намуд, ки ин аз буғзу адоват далолат мекунад. Хоинони номбаршуда, доимо ба иғвогарию тўҳмат овора буда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо мебофанд. Ногуфта пайдост, ки ин ходимони зархариди кишварҳои хориҷӣ бо маблағҳои ҳангуфт ва ҷалби нафароне чун М.Садриддин ва думравонаш, мехоҳанд бо нашру баромади матлабҳои гуногун кишвари моро зери танқид қарор диҳанд. Ҳар кас, аз дидани барномаи ифротии зикршуда, бе ягон мушкилӣ эҳсос мекунад, ки М.Садриддин ва пайравонаш худро “адолатпарвар” вонамуд карда, сиёсатӣ пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллат барангезанд. Умуман, рафтору гуфтори ин гумроҳон бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи имруза аст. Бинобар ин, мубориза бо ин гуруҳаки бадхоҳ тайёрии ҳамаҷонибаи зеҳниву техникиро таќозо мекунад ва ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту ва хоҷагони хориҷиашон фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, таъкидан гуфтанием, ки осоиштагии мардумро халалдор намуда, мардумро гумроҳ намудан хиёнат ба Ватан аст. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорї намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамон Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд.
