Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД

Модарам тибқи ҳуҷҷатҳо ҳамсинни падарам буд. Аммо падарам мегуфт:
– Модарат аз ман тахминан панҷ сол хурд аст.
Ҳар касеро, ки тақдир хушбахтии доштани модар насиб кардааст, беҳтарин суханҳоро дар бораи ӯ мегӯяд. Аммо ин калимот наметавонанд, он бузургиеро, ки мансуби сифат ва манзалати модар аст, пурра ифода кунанд.
Модари ман Зебуннисо ном дошт. Дар ҷамоати деҳоти Қафлондара ба дунё омада, дар он ҷо синфи ҳафтро хатм карда буд. Хатту саводи хуб дошт. Вақте дар аскарӣ будам, ба ман нома менавишт. Ҳусни хаташ хеле зебо буд. Шоирона менавишт ва бештар алами худ, азоби дурӣ аз фарзандашро модарона изҳор медошт ва Худоро дуо мекард, ки дар зиндагиаш бори дигар ӯро соқу саломат бубинад.
Модарам аз падару модар се фарзанд будаанд. Бародари калонӣ ва ду хоҳар. Падараш Раҳмоналӣ ном доштааст. Ӯро Раҳмоналии паҳлавон мегуфтаанд. Гӯштингир ва човандози номӣ будааст.
Баъд аз шикасти амири Бухоро ҳаракати босмачигарӣ ташкил шуд. Мақсад аз он бори дигар ба тахт нишондани «амир-ул-муъминин»-и Бухоро буд. Бо ҳамин баҳона, дар тумани Балҷувон бисёре аз дузду роҳзанҳо ҳам ба ҳамин ҳаракати ба ном «ҷиҳодӣ» ҳамроҳ шуда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ин бенизомӣ ба деҳаҳои Қафлондара, Дасторқозӣ, Мирак, Бузвалӣ ва Гулдара ҳам расида омадааст.
Аз самти Балҷувон дастаҳои ғоратгари мусаллаҳ ба Қафлондара ва деҳаҳои атрофи он ҳуҷум оварда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ҳукумати Олимхон шикаст хӯрда ва аз ҳам рехта бошад ҳам, Ҳукумати Шуроҳо ҳанӯз ташкил нашуда будааст. Ҷавонмардони гирду атроф, бисту панҷ – сӣ нафар, ки мисли Раҳмоналӣ тануманд, гӯштингиру човандоз буданд, наздаш меоянд. Даъват мекунанд, ки дастаи худихтиёрӣ ташкил карда, Қафлондара ва атрофи онро аз босмачиҳо ҳифз намоянд. Раҳмоналӣ розӣ мешавад. Ва наздик ба як сол, мардум ва ҷону моли онҳоро аз босмачиҳои роҳзан ҳимоя мекунанд. Бобоям хатту савод надоштааст. Чун болшевикҳо наздик меоянд, Раҳмоналӣ, ки аз пешдастони ҳифозати мардум буд, гумон мекунад, ки ба ӯ низ зарар мерасад. Назди зану се бачааш меояд. Ба ҳамсараш:
– Бибифотима, акнун мо дигар инҷо зиндагӣ карда наметавонем. Бачаҳоро бигир, меравем, – мегӯяд.
– Ба куҷо? – мепурсад Бибифотима.
– Ба Афғонистон, – мегӯяд Раҳмоналӣ.
– Аз кӣ мегурезем, – боз мепурсад Бибифотима.
– Аз «болшавой», – мегӯяд бо қаҳр Раҳмоналӣ.
– Аз «болшавой» босмачиву мулло мегурезанд, ману ту на босмачиему на мулло. Барои чӣ гурезем?!!!
– «Болшавой» мусулмони дар пояш рост меистода, зану бача ва хешу таборашро мекушад. Ба онҳо фарқ надорад, кӣ мусулмону кӣ кофир? – бо исрор таъкид мекунад Раҳмоналӣ.
– Мардак, мо як оилаи камбағал ҳастем. Нони худро базӯр меёбем. Рӯзгорамонро бо азоб мебарем. Агар ту ҷанг карда бошӣ, муқобили ҳамин босмачиҳои душмани «болшавой» ҷанг кардӣ. Ин ҷо чӣ гуноҳ аст, – истодагарӣ мекунад дар суханаш Бибифотима.
– Агар наравӣ, бачаи яккаву ягонаамро деҳ, ман рафтам, Бибифотима! – мегӯяд Раҳмоналӣ бо қаҳр.
– Маро куш, баъд бачаатро бигир! – мегӯяд Бибифотима.
Раҳмоналӣ мебинад, ки илоҷи дигар нест, фарзандонашро як-як ба оғӯш мекашад. Ба завҷааш:
– Хайр Фотима, худат медонӣ. Таваккалатон ба Худо! Хатое дар ин умри кӯтоҳ карда бошам, бубахш. Фарзандҳоро ба туву туро ба Худо супоридам. Дидорҳо ба қиёмат! – гуфта, мулкро тарк мекунад.
Он вақт Зебуннисо чорсола будааст, акааш Бобоназар нуҳсола.
Бобоназар дар мактаб бо баҳои аъло мехондааст. Баъди хатми мактаб ӯро барои хондан ба Самарқанд фиристоданӣ мешаванд. Аммо модараш бо зориву тавалло пеши роҳи Бобоназарро мегирад. Охир, ӯ ягона соҳиби хона, саробони модару хоҳаронаш аст! Чӣ тавр онҳоро партофта меравад?!!!
Бобоназарро баъди як соли кор дар созмони ҷавонони ноҳияи Темурмалик, котиби ин ташкилот интихоб мекунанд. Ҷанг сар мешавад.
Бобоназар маслиҳати модарро напурсида, аз рӯзҳои аввал ихтиёрӣ ба ҷанг меравад. Тибқи имкон, аз ҷабҳа ба модараш нома менависад: «Очаҷон, андаки дигар монд. Ҷанг ба қарибӣ тамом мешавад. Бо пирӯзӣ ба Ватан бармегардам. Боз зиндагиро аз нав оғоз мекунем!».
Моҳи апрели соли 1945, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз Ғалабаи бузург, дар яке аз муҳорибаҳо дар наздикии Берлин Бобоназар ба ҳалокат мерасад.
Кампири Бибифотима то охири умр бо мо зиндагӣ мекард. Ба мо ҳукми модарӣ дошт.
Ӯ пиразани ниҳоят хоксор, ҷиддӣ, камгап, қавиирода, поксиришт, ростқавл ва меҳнатӣ буд.
Падарам яке аз хонаҳои моро маҳз барои ӯ ҷудо карда буд. Онро мо «хонаи момаам» ном мебурдем. Апаам доимо бо ӯ зиндагӣ мекард. Албатта, ҳамаи хонаҳои мо бари дар бар буданд. Рӯзгору дастурхони мо якҷо буд.
Бибифотима ҳаштоду шаш сол умр дид. Солҳои мактабхонии мо қувват дошт. Ба неву нестони модарам нигоҳ накарда, дар ҳама кору бори хона худро андармон мекард. Нон мепухт. Хӯрок тайёр мекард. Аз ҳамаи ғизоҳои тайёркардаи ӯ чортои он дар хотири ман мондааст: нашоиста, атолаи қандӣ, оши ришта ва шакароб. Падарам ғизоҳои пухтаи кампирро хеле дӯст медошт. Онҳоро доимо таъриф мекард. Ба кампир ниҳоят боэҳтиром, мисли модари худаш муносибат менамуд.
Бибифотима рӯзгори вазнин дида, бештар хислатҳои мардона пайдо карда буд. Ба мо бо самимият, мулоим ва навозишкорона муносибат мекарда бошад ҳам, ба ҳеҷ кас дӯстдории зиёдатӣ намекард. Суханҳояш чида – чида, гӯё ба ҳисоб буданд. Меҳмондӯстдор буд. Аммо меҳмонӣ рафтанро дӯст намедошт.
Ҳамагӣ як дугона дошт, ки ҳамсинну сол ва хешаш буд. Номаш Бибидастагул. Кампир дар деҳаи Ҳисор бо бачааш зиндагӣ мекард. Бибифотима дар шаш – ҳафт моҳ як бор хонаи дугонааш мерафт ва дафъаи навбатӣ ӯро ҳатман ба хонааш даъват мекард.
Агар кампир меҳмонӣ мерафт, хона холӣ мешуд. Мо ӯро тез пазмон мешудем. Аммо Бибифотима ҳаргиз аз ду рӯз зиёд меҳмониро намепазируфт. Раҳ нигоҳ мекард, ки омада, ӯро биёрем. Мабодо, агар рӯзи сеюм субҳ не, бегоҳӣ барои овардани кампир мерафтем, ноаён як навъ изҳори эътирозу норизоӣ мекард.
Баъди бозгашт хеле хурсанд мешуд. Ҳамаи моро як-як ба оғӯш мегирифт. Гӯё ки чанд моҳ наберагонашро надида бошад.
Ман ҳаргиз шодии аз таҳти дили кампирро надидаам.
Дар оила ё ҳини вохӯрӣ бо дугонаи худ ва дигар кампирҳои ҳамсоя, ки гоҳ – гоҳе ба ягон муносибат дар хонаи мо ҷамъ мешуданд, суҳбат меоростанд, боре ҳам аз тақдири худ шикоят намекард. Оби чашми ӯро дар пеши худиву бегона ҳеҷ вақт намедидем. Ҳамаро бо таҳаммул, бо диққату эҳтиром гӯш мекард. Аммо ба гапи онҳо қӯш намешуд. Аз нигоҳи кампир ва симои ӯ маълум набуд, ки кампири Фотима ба фикри ҳамсуҳбатони худ розӣ ҳаст ё не. Амале ҳам аз худ нишон намедод, ки ҳамсуҳбат дар вохӯрӣ бо кампир эҳсоси нороҳатӣ кунад. Бо нигоҳу гӯшу ҳуш онҳоро мешунид. Суол диҳанд, посух медод. Вассалом. Аммо доимо андешаманди ботини худ буданаш мушоҳида мешуд.
Кампир ҳаргиз бекор наменишаст. Ҳар замоне кори ба худаш маъқулро анҷом медод. Ба шуғли дӯстдоштааш, ба чархаву реса даст мезад. Ӯ ин корро аз сифр оғоз намуда, то бофтани ҷуволу хӯрҷин бурда мерасонд. Дар коре, ки мекард, ҳаргиз касеро ёрдамчӣ намегирифт. Онро оромона оғозу анҷом мебахшид. Вақте кораш тамом мешуд, ба касе намегуфт. Ҳамчун моли рӯзгори хона бурда, дар ҷойи маъмулӣ таҳ карда мемонд. Вақте он чиз мавриди истифода қарор мешуд, падарам ба момаам миннатдорӣ баён мекард. Ӯ аз ин қадршиносӣ фақат як табассуми номаълум мекарду халос.
Ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки дар оилаи мо ягон кас барои насиҳат кардани хурдон чандон заҳмат намекашид. Кампири Фотима яке аз саромадони ҳамин ойин буд. Саропои рафтори ӯ панд буд. Лекин мабодо дар хона ягонтои мо рафтори ноҷо мекардем, кампир оҳиста дасти моро кашида:
– Бачам, аввал андеша, баъд рафтор. Сухан ҳам намунаи рафтор аст. Дониста бош, ки ҳама ба ту нигоҳ мекунанд. Баҳо медиҳанд, – мегуфт ӯ дилсӯзона.
Аз рӯйи эҳтироме, ки кампир дар хонадон дошт, ин сухан мисли танбеҳи сахт қабул мешуд. Ва амали ноҷо ҳамоно ислоҳ мегардид.
Кампир дилашро ба касе намекушод. Ғами чун кӯҳ дар дил доштаашро ба касе намегуфт. Вақтҳои танҳоияш, ҳангоми машғули ягон кор буданаш – чархаресӣ, дӯхту дӯз, ногаҳ хаёлаш ба куҷое мерафт. Дар ҷояш шах шуда мемонд. Ба як нуқтаи номаълуме бо гардани каҷ нигоҳ карда меистод. Ин ҳолат ду-се дақиқа давом мекард. Гоҳо чашмонаш пурнам мешуд. Беихтиёр ашк мерехт. Саросемавор бо нӯги остин ашкҳояшро, ки аз рӯйи пурожангаш мешориданд, тез пок мекард. Ба ин сӯву он сӯ саросемавор менигарист, ки мабодо ин ҳолати ӯро касе надида бошад. Мекӯшид, то корашро идома диҳад. Худро андармон кунад.
Боре, вақте ки ман тақрибан синфи ду ё се мехондам, назди момаам нишаста, аз тахтапораҳои тозакардаи хурд-хурд барои худам кӯшиши хоначасозӣ мекардам. Ҳамзамон, ба кори момаам диққат медодам. Модарам ба чӣ коре машғул буд. Хоҳаронам бо апаам дуртар дар ҳавлӣ саргарми кадом бозии бачагонаи худ буданд.
Ман эҳсос кардам, ки кори чархаресии кампир ба оҳистагӣ майл дорад ва оқибат дастони ӯ аз кор боз монданд. Кампир, гӯё ин ҷаҳон дигар вуҷуд надошта бошад, ба фикр фурӯ рафт. Вориди ҷаҳони худ шуд. Ба як нуқтаи номаълум менигарист. Ва шах шуда монд. Гӯё ҷон бадани хаставу ларзони кампирро тарк карда бошад, аз худ амале нишон намедод. Мисле ки – лашкари ғаму андуҳ руҳи ӯро мисли абрҳои ногаҳони баҳорӣ фаро гирифта бошанд. Аз чашмони замоне бодомшакли кампир чун сели навбаҳорон ашк равон шуд. Кампир мижа намезад. Дигар дар атроф касеро, чизеро намедид. Як лаҳза ин манзара идома ёфт. Гумон кардам сели марҷони ашки кампир домони ӯро пур кард. Бибифотима чашмони худро пӯшид. Бо ин ҳолат рӯй сӯйи осмон кард. Даме истод. Чашмони пурашки худро бо хастагӣ кушод. Гӯё аз осмон ба суоли худ ҷавоб меҷуст. Аз ӯ имдод металабид. Дар ҳамин ҳолат аз ҷойи худ бархост. Чашмони худро бо нӯги остин пок кард. Ва мисли он ки оҳанрабое ӯро кашида бошад, нимбеҳуш сӯйи хонаи худ равон шуд. Дарро кушод. Ва бастани онро ҳам фаромӯш кард. Рафт ва болои сандуқи хурд – ягона бойигарии худаш рост истод. Ду – се таксариеро, ки болои он сандуқ чида шуда буд, гирифта, рӯ ба рӯйи ҳам ниҳод. Сандуқро кушод. Акси ягонаи писараш – Бобоназарро болои дастони ларзонаш гирифт. Акс гӯё чанг гирифта бошад, рӯйи онро бо дастони пажмурдаи хушки ларзонаш пок кард. Бӯсид. Ба дидаҳояш молид. Сахт ба қафаси синааш зер кард. Беовоз ашки шашқатор рехт. Дар рӯ ба рӯйи худ гузошт. Бо ӯ муколама оғоз кард:
– Бобоназар, Бобоназари ҷигарбандам! Ту ҳоло дар куҷоӣ? Аз раҳпоият мурдам. Ҷӯраҳоят Наврӯз омад, Абдулло омад, Сафар омад. Охир дар як рӯз ба ҷанг рафта будед. Онҳо ҳама омаданд. Ту барои чӣ дер кардӣ? Моҳҳо гузашт. Солҳо гузашт. Ду чашми ман ҳоло ҳам ба роҳи ту аст, ки ногаҳон, очаҷон гуфта, аз дар медароӣ. Ба ҷони мани нотавон тавон мебахшӣ, ба дарди бедавои ман дармон мешавӣ. Маро саробонӣ мекунӣ. Бо дастони худ ба макони ахират бурда мегузорӣ.
Кампир бо овози паст, зор-зор нолаву гиря карда, акси писарашро бо эҳтиёт дар ҷояш монд.
Баъдан, аз даруни сандуқ як даста сони печонидаро гирифта кушод. Онро бо ниҳояти меҳрубонӣ ба дидаҳои ашколудаш молид. Бӯсид. Бӯй кашид. Чанд лаҳза шах шуда монд. Баъд онро бо эҳтиёти хосса бо қабат таҳ карда, дар ҷояш гузошт. Дари сандуқро пӯшид. Зулфаки беқулфи онро ҷо ба ҷо кард. Таксариҳои поки обшустаро болои он гузошт. Як лаҳза сари худро бо мӯйҳои жӯлидааш болои таксарӣ гузошт. Гӯё ҳеҷ майли ҷудоӣ аз он ҷоро надошт. Базӯр, бо чашмони пурнам ва дили пурғам аз ҷо бархост. Бидуни оина сару рӯйи худро батартиб даровард. Рӯймолашро дуруст кард. Ба берун баромад. Ба ҳеҷ касе нигоҳ накарда, ба пушти хона, ба самти саҳро қадам ниҳод. Ман давида ба момаи ғамзадаам наздик шудам. Аз лаби доманаш қапидам:
– Момаҷон, ман бо Шумо биёям? – гуфта, пурсидам.
– Эҳ, ту аз куҷо пайдо шудӣ? – гуфта, гӯё касе ӯро аз хоб бедор карда бошад, тааҷҷуб кард.
– Рав, бачам, ман як холаатро хабар гирифта бармегардам, – гуфт, ҳол он ки ӯ аз хонаи духтари калониаш чанд қадам гузашта буд.
Ман фаҳмидам, ки кампир ҳоло ҳам ба худ наомадааст. Мехоҳад танҳо бошад, бо фикру хаёли худ бошад, ғами худро аз тангнои хона ба домани саҳро кашад. Дили ман ҳам аз ин манзарае, ки гоҳо дар филмҳои он замон тамошо мекардам ва акнун бо чашми худам дидам, хеле маъюс шуда буд. Дар ҷоям истодам. Модаркалони бечораи ман бо куртаи ҳалили сафед, ки гулҳои баргаки майда – майда дошт, рӯймоли сафед ва кафшҳои бепошнаи нӯгипойии худ дар он тобистони гарми рӯ ба моҳи тира, ба дуриҳои дур нигоҳ карда мерафт ва оҳиста-оҳиста аз назарҳо ғоиб мешуд. Аммо ман ба ҷойе нарафтам. Дар ҷоям нишастам. Ду даст таги манаҳ, омадани момаамро интизор шудам.
– Бачам, аз қафои момаат рав, – гуфтани модарам маро ба ҳуш овард. Ва ӯ суханашро идома дод, – агар ман равам, аламаш боз зиёдтар мешавад. Имрӯз наздик ба бист сол мешавад, ки хатти сиёҳи тағоият омада буд. Кампир ба ҳалок шудани бачааш ҳеҷ бовараш намеояд. То ҳанӯз роҳи ӯро интизор аст.
Ман бо шаст давида, момаамро пайдо кардам. Дасти ӯро гирифтам. Ӯ хам шуда, маро ба оғӯш гирифт. Хомӯш ҳарду то лаби ҷӯйбори калоне, ки аз он оби соф ба оҳистагӣ, мавҷзанон ҷорӣ мешуд, расидем. Кампир дуру дароз дар сабзаҳои лаби он ҷӯй ду оринҷ такя ба зону, ду кафи даст дар ду бари рӯ, ба ин оби равон нигоҳ карда, андешамандона нишаст.
Баъд ба оҳистагӣ, базӯр аз ҷо бархостанӣ шуд. Ман дасти момаамро гирифтам ва ба хона баргаштем.
То ин замон модарам дар болои кати чӯбин дастурхон партофта, нону ширинӣ монда, кампири Шаҳрияро, ки момаам ӯро нағз медид, даъват карда оварда будааст.
Ба ҳавлӣ даромадан баробар, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, момаам бо изҳори қаноатмандӣ кампири дугонаашро «хуш омадед», – гуфт.
Модарам дасти ӯро гирифт. Ёрдам кард, то болои кат барояд. Чой дам карда, оварда ба ҳар кадомашон як пиёлаӣ чой кашида дод. Ва суҳбат дар мавзуъҳои зиндагӣ оғоз шуд.
Дар хислату рафтор модарам намунаи поки модараш буд. Агар падарам бо коре дар хона набошад, қариб тамоми кори хонаро худаш анҷом медод.
Ёд дорам, солҳои 1963 – 1968 падарам дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб таҳсил мекард.
Ҳар тобистон чилу панҷ то панҷоҳ рӯз, ки давраи аслии кишту кор, захира кардани хӯроки чорво барои зимистон мешуд, падарам дар дарс буд.
Сағираҳои калонкардаи модарам «паррончак» шуда, ҳама ба зиндагии мустақилонаи худ саргардон. Дар хона модарам, апаам ва ман мемондем. Додару хоҳаронам ҳанӯз хурдсол буданд. Онҳоро момаам саришта мекард. Ману модарам саҳро барои ҷамъ кардани коҳ мерафтем. Навбати молу подаро мегузаронидем. Барои зимистон аз Осмонтеппа ҳезуму кунда ҷамъ мекардем.
Модарам аз ҳавои борон, гармову сармо ибо намекард. Рӯзе бо модарам алафдаравӣ ба саҳрои Осмонтеппа рафтем. Ҳаво хунук буд. Алаф даравида, дарза баста, барои овардани онҳо тайёрӣ медидем, ки борони сахти хунук сар шуд. Ҳардуямон таги курта будем. Шип-шилта тар шудем. Шамол барқасдона мевазид. Мехост тобу тавони моро санҷад. Аммо модарам дар бораи тар шудан ва хунук хӯрдан ҳарфе намезад. Бо шавқу завқ бо суръати баланд кор мекард. Алафҳоро фақат ӯ дарза баста метавонист. Ман бандҳоро тунук, алафҳои даравида ва сатрикардагиро ҷамъ мекардам.
Як замон дид, ки ман хунук хӯрда, дастону бадани худро мисли кенгуру кардаам. Наздик буд гиря ҳам кунам. Модарам бо ханда ба ман як нигоҳ карда, дарзаи навбатиро баста истода, мардонавор шиор партофт:
– Мо мард ҳастем! Мо аз гармӣ наметарсем! Мо аз сардӣ наметарсем!
Чун борон боз ҳам сахттар шуд ва хунукӣ зиёдтар, модарам боз бо виқори махсус илова кард:
– Мо аз барфи саргардону борони новардон намеҳаросем! Кулӯх нестем об шавем! Об нестем ях бандем! Меҷунбем, ки нарм шавем! Медавем, ки гарм шавем! – гуфта, тез ҳаракат мекард, ки зудтар дарзаҳои алафро бор кунему роҳи хонаро пеш гирем.
Ниҳоят шукргузор, аз зиндагӣ қонеъ ва хоксор буд.
Чун баъди солҳои дарози оиладорӣ соҳиби фарзанд шуда буд, ба мо нигариста мегуфт:
– Чун ман чор сағераи бепадару модарро дар солҳои қаҳтиву гуруснагӣ калон кардам, онҳоро ҳамчу модар парасторӣ намудам, инро дида, Худованд ба мани беакаву додар шумоҳоро дод. Дар дунё ягон некӣ беҷавоб намемонад.
Он чизе, ки якумр дар ёди ман аз модарам монд, ростқавлӣ, росткорӣ, хоксорӣ, мушкилнописандӣ, меҳнатдӯстӣ, шукргузорӣ ва миннатпазирӣ буд.
(Порча аз китоби «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимов,
Қисми 1, – Душанбе: «Эко Принт», 2024, – c. 112-124)Возможно, это изображение один или несколько человек

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ПАДИДАИ ХАТАРЗОИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ .

Зимни андешаи хеш дар атрофи масоили умдатарини манотиқи кишварҳои олам, бахусус, яке аз падидаи хатарзои ҷомеаи башарӣ – терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ибрози ақида намуда, қайд менамоем, ки имрӯз мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ дар асри навин ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба миён гузошт. Аз воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар хоки давлатҳои гуногуни дунё сар зада истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – Ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надоранд. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз зӯроварию ваҳшоният даст намекашанд.

Дар шароити имрӯза тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амният боқӣ монда, аксари кишварҳои мусулмоннишин, хусусан кишварҳои Осиёи Маркази-ро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо вазъияти ноҳанҷори сиёсиву иҷтимоӣ, таркишҳою кушторҳо дар Афғонистон ба вуқуъ пайвастанд, маҳсуб меёбанд. Вобаста аз вазъи кунуни ҳамсоя кишвар, бахусус ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ё бо номи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом», дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДИИШ, ДОИШ ва шохаи “Хуросон ”зикр мегардад, ошкору пинҳонӣ фаъолият доранд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти ДИИШ солҳои охир шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо роҳу усулҳои нав мақсадҳои худро пайгирӣ намуда, дар қаламрави Афғонистон амалҳои амалҳои террористӣ содир намуданаш ба назар мерасад.Чунончи 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Кобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд.  

Бе бозгашти сулҳу осоишта дар Афғонистон дар бораи бунёди амнияти комил дар Осиеи Марказӣ ҳарф задан хело мушкил аст. Дар ин раванд, маҳз кишварҳои ин минтақа метавонанд дар таҳкими субот ва рушди устувори Афғонистон нақши муҳим бозанд. Хуллас, имрӯз ҳар гуна созмони ифротгаро метавонад ба рушди равандҳои ҳамгироӣ ва ҳамкории миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ гузорад ва боиси боз ҳам таҳвият ёфтани андешаҳои ифротӣ гардад. Аз ин рӯ, дар шароити имрӯза зарур медонем, ки роҳҳои самараноки ҳалли ин мушкилот ва механизмҳои таъмини ҳамоҳангӣ дар муқовимат бо рушди ифротгароӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба роҳ монда шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба Осиёи Марказӣ қайд карданд зарур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа мавқеи муҳими ҷуғрофиро ишғол намуда, дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, ки аз қаламравӣ Афғонистон бармеояд, нақши муҳимро мебозад. Тоҷикистон дар хатти аввали мубориза бо хатари терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қарор дошта, на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа ва қаламравҳои фаротар аз онро аз оқибатҳои фалокатбори ин зуҳуротҳо ҳимоя ва таъмин менамояд. Аз ин ҷост, ки масоили таъмини сулҳу субот ва амнияти давлат доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Вобаста ба ин, Тоҷикистон ташаббуси таъсиси «камарбанди амниятӣ» дар атрофи Афғонистон барои пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо пешниҳод намудааст. Тоҷикистон ҳамеша аз ташаббусҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки ба рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, ҷонибдорӣ менамояд ва дар ин замина, тамоми кушишу талошҳои худро баҳри рушду тараққиёт, таҳкими субот ва тинҷиву оромӣ дар минтақа равона месозад. Кишвари мо, ҷонибдори тавсеаи минбаъдаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи амнияти ҷаҳонӣ дар заминаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” мебошад. Тоҷикистон, дар доираи ин раванд ва ҳамроҳ бо ниҳодҳои байналмилалӣ ва давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ саҳми худро мегузорад.Ташаббуси навбатии кишвари мо доир ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии талошҳои сулҳхоҳонаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Хулоса, ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба хотири сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид гашта, ба фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ дар мубориза алайҳи ин падидаи хатарзои ҷомеаи башарӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

                                      М.МАМАДҶ ОНОВА,

устоди ДИС ДДТТ

 дар ш.Хуҷанд

 

 

ИЗҲОРОТИ ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш. Хуҷанд вобаста ба баромади иғвогаронаи созмони “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-и ифротӣ дар канали YouTube -“Ислоҳ.нет “Ислоҳ. нет” (аз 04. 02.2026сол)

Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол борҳо зимни изҳоротҳои хеш нисбат ба яке аз пайрави фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, амиқтараш созмодиҳандаи “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-и ифротӣ, ки тариқи канали YouTube-“Ислоҳ.нет.”-Ислоҳ.тv, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромади ифротӣ менамояд, назарсанҷӣ карда, андешаҳоямонро иброз дошта будем.
Дар иртибот ба баромади навбатии М.Садриддин, ки 04 феврали соли равон дар барномаи зикршуда, баромадҳои ифротӣ намуд, андешаронӣ менамоем ва сараввал онро шадидан маҳкум менамоем. Бояд қайд кард, ки М. Садриддин зимни баромади навбатиаш боз бо ҷалби думрави фаъолаш,аз ҷумла Муҳаммад Тағоев, афроде бо номи Абдулло

ва як қатор роҳгумзадагон бо номҳои сохтаю бофта, аз қабили “7+70”, “Ватан 665”, “Ватсап” мисли пештара ба суханпардозиву дурӯғпаҳнкунӣ машғул шуда, пайи дигаргунсозии мафкураи миллат ва парокандасозии он, таҳқиру тӯҳмати роҳбарияти олии давлату Ҳукумати кишвар ҷаҳду талош дошта, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ иғво меангезанд. Баробари ин, бо истифода аз қишри ҷавонони камсаводу бекор, дорои маърифати пасти динию дуняви дошта, муҳоҷирони меҳнатӣ қарор доштаро бо роҳи фиреб ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҳиёнаткорӣ пеша намудан кӯшиш доранд.
Зимни андешаҳои хеш борҳо зикр карда будем, боз қайд менамоем,ки имрӯз мардуми борору номуси кишвар бохабаранд, ки М.Садриддину думравонаш, бо ибораи дигар наҳзату навнаҳзатиҳо кистанд ва чӣ ният доранд. Умуман, рафтору гуфтори ин тоифа ифротгарони иғвогар аз он далолат менамояд, ки нисбат ба ҳар воқеияти ҳаёти ҷомеаи орому осудаи кишвари соҳибистиқлоламон наметавонанд ҳарфе бидуни ғараз гӯянд. Чунки ақлу тамиз, адлу инсоф, фаҳму фаросот онҳоро тарк кардаасту бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ ба хотири кас гуфтаҳои бемореро ба хотир меорад, ки аз таъсири тасбу таб ба ҳарзагўӣ медарояд ва шояд ба гуфтаҳои худ бовар кунад. Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест!
Дар интиҳои изҳороти навбатии хеш қайд менамоем, ки М.Садридин ва думравонаш, умуман иблисони малъун фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд.
Мо, ҷавонони насли Истиқлол, тамоми неру ва талоши худро баҳри рушду ободии имрӯзу фардои давлат равона намуда, дар оянда низ бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

Elementor #41219

Рушди соҳаи хизматрасонӣ дар шароити рақамикунонӣ.// Маҷмӯаи  мақолаҳои илмии иштирокчиёни  конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ  (31 октябри соли 2025).- Хуҷанд,  Матбаии Парки технологии ДИС ДДТТ, 2025.-266с.

 Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи “Рушди соҳаи хизматрасонӣ дар шароити рақамикунонӣ” ба рушди соҳаи хизматрасонӣ дар шароити рақамикунонӣ бахшида шудааст. Рақамикунонӣ равандҳои хизматрасониро самаранок мекунад, дастрасиро осон мегардонад ва сифати хизматрасониро баланд мебардорад. Конфронсӣ байналмилалӣ, таҷриба ва навовариҳои соҳаи хизматрасониро баррасӣ намуда, технологияҳои онлайн ва барномаҳои мобилӣ, таҳлилҳои иттилоотӣ ва раванди рақамиро меомӯзад.  Иштирокчиён, аз ҷумла роҳбарон ва соҳибкорон, дар бораи имкониятҳои рақамӣ ва таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ маълумот хоҳанд гирифт. Ҳадаф афзоиши фарогирӣ, самаранокӣ ва ҳамкорӣ дар байни бахшҳо бо истифода аз технологияҳои муосир мебошад.

Таваҷҷуҳ!

    Ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расонида мешавад, ки бо қарори Шӯрои олимони Донишкада рамз (логотип)-и расмии нави муассиса қабул карда шуд.

1. Намуди асосӣ

2.Намуди иловагӣ

    Рамзи мазкур бо дигар рамзҳои МТОК муқоиса карда шуда, ба ягон аз рамзҳои мавҷудбуда монандӣ надорад. Доштани рамз ба намуди уқоб барои дар оянда сохтани брэнд ва зуд шинохтану дар хотир мондан таъсир мерасонад.

    Ба таври фишурда, маънои рамзи донишкадаро чунин шарҳ додан мумкин аст:

    1. «Рамзи ДИС ДДТТ» – рамзи маърифат, дониш ва хирадмандиро ифода мекунад.
    2. Уқоб – нишони боистеъдод, лаёқатманд ва қобилияти зиёди донишомӯзӣ доштанро ифода менамояд. Мазмуни дигараш тезҳӯш, чаққон, дурандеш ва ояндабин мебошад. Уқоб сарпӯши академикӣ дорад, ки даврони таҳсил ва донишҷӯиро инъикос менамояд.
    3. Китоб – рамзи илму дониш ва маърифатнокиро ифода менамояд. Ҳамчунин нишони хирадмандӣ, донишмандӣ, ихтироъкорӣ ва дорои фарҳанги воло буданро инъикос менамояд.
    4. Нури офтоб ва кӯҳ ҳам рамзҳои вобаста ба Тоҷикистон буда, аз дигар тараф мазмуни равшанӣ, маърифат ва ба қуллаҳои баланд расиданро ифода менамоянд.
    5. 1933 – таърихи таъсисёбии ДИС ДДТТ-ро мефаҳмонад.

    Дар солҳои охир Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба бисёр муваффақиятҳои шоиста ноил гашта, тағйиротҳои зиёд барои беҳбудии сифати таълим, зиёдшавии шумораи донишҷӯён, густариши робитаҳои байналмилалӣ, амалисозии лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ ба мушоҳида мерасад. Илова бар ин Донишкада соҳиби як мақом ва ҷойгоҳии муайянро дар сатҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол намуда, дар байни шаҳрвандон дорои рейтинги баланд мебошад.

    Таҷрибаҳои донишгоҳҳои хориҷа нишон медиҳанд, ки барои дар хотир сабт кардани нишону рамзи Донишкада, ки ҳадафҳои муассисаро дарҷ мекунанд, аз тасвири хотирмон, ки дорои мазмуни баланд мебошад, истифода мебаранд.

    Рамзи Донишкада метавонад муаррифгари муассисаи таълимии мо гардад ва мо бо доштани он ифтихор намуда, аз он ба тариқи васеъ истифода барем, дастоварду комёбиҳои хешро маҳз бо сабти рамзи Донишкада инъикос намоем.

    Рамзи мазкур дар ду намуд омода шудааст.

    1. Намуди асосӣ: https://iet.tj/…/uploads/2025/10/newlogo_IET_2025.png

2.Намуди иловагӣ: https://iet.tj/…/806b9c85-c95a-452e-b0b2-2a1add2e3e28.png

    Аз ҳамаи устодон, кормандон ва донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки минбаъд аз дар ҳамаи намуди корҳо аз ин рамз (логотип) истифода баранд!

Раёсати ДИС ДДТТ

ИҒВОГАРИ ИФРОТГАРО

Мо борҳо нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаи яке аз пайравони фаъоли наҳзат-Муҳаммадиқболи Садриддин андешаҳои хешро баён намуда, онро шадидан маҳкум карда будем. Ин навбат низ вобаста ба афроди гумроҳшудаи иғвоангези фирорӣ, ки имрўзҳо бо пуштибонии хоҷагони хориҷиаш дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта,солҳои қаблӣ ва дар давоми соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, амиқтараш дар канали YouTube- “Ислоҳ.тv.”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”бо ҷалби шогирду пайравонаш, аз ҷумла Абухалил Восиев ва Муҳаммад Тағоев

                                                                           

баромад намуда, бештар интишори матлаби иғвоангез паҳн карда истодааст. Баромаду сабтҳои видеоӣ ва аудиоии М.Садриддину думравонаш танҳо суханони беасосу бедалел, туҳматангез ва иғвогарона инъикос ёфтаасту халос. Умуман, аз суханрониҳои М.Садридин возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки ҳадаф аз роҳандозӣ намудан ва таблиғи андешаҳои ботил ин пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу субот, барҳам задани уммеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрўзаи кишвар мебошад.Роҳгумзади ифротии зикршуда зимни ҷустуҷӯи сарчашмаи моҷаро як ҳодисаи тасодуфиро гирифта, дар барномаҳои ифротиаш «аз пашша фил месозад», дар атрофи он ҳар гуна ҳиллаҳо бофта, мардумро бе асоси воқеӣ ба иғво меандозад. Маълумоте, ки М. Садриддин паҳн мекунад, пур аз тӯҳмат ва таблиғи хушунат алайҳи мардуми тоҷик аст.Умуман, гуфтору рафтори М.Садриддин бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои иғвогари ифротгаро, аъмоли он гувоҳ аст, ки ин гуна афрод ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Такрор ба такрор қайд менамоем, ки М. Садриддин, яке аз афроде мебошад, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодааст. Ба М.Садриддину шогирдону думравонаш гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиашон номи Тоҷикистонро ба забон наоранд!Чунки ин тӯдаи роҳгумзадаи ифротӣ иғвогар дар асл ватанфурўши бешараф ҳаст, ки таърих гувоҳ аст. Ба далелҳои раднопазир, ки дар филми хуҷҷатии кисми 7-уми “Хиёнат” бо номи “Бешарафӣ” ёдовар гашта, андеша намояд. М.Садриддинро хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде новобаста берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу субот камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанду обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Дар фароварди андешаи хеш иброз медорем,ки мо ҷавонони боору номуси кишвар тӯҳмату ғайбат ва бадгумонии М.Садриддинро-ро шадидан маҳкум карда, намегузорем, ки нохалаф бар зидди кишвари соҳибистиқлоламон сухан гўяд!

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

НАҚШ ВА МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони Истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон

      Дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик иззату эҳтироми зан – модар ҳамеша ҷойгоҳи махсусро дорад. Зеро, зан- модар аввалин мураббии инсон аст ва тарбияи ҳар як шахс аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад ва ҳар рафтору ахлоқи модар ба ақлу хислати фарзанд таъсири бевосита мегузорад. Аз ин ҷост, ки агар зан – модар бомаърифату босавод гардад, давлату миллат ҳам ботаълиму ботарбия мегардад. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтиром нисбати модарону занон ва бонувону духтарон, вазифаи мардону писарон ба шумор меравад.
Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми занону бонувон дар ҷомеа баланд гашта, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб афзоиш ёфт.
Тибқи маълумоти оморӣ 49,3 фоизи аҳолии кишварро занон ташкил медиҳанд ва имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувон дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд .
Занону духтарони лаёқатманд ва кордону ташаббускор ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Инчунин,саҳми занону духтарон дар рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун шуда истодааст.
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани квотаи президентӣ, яъне дар 28 соли охир 11 ҳазору 600 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Илова бар ин, зиёда аз 35 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд. Ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди расидан ба Истиқлоли давлатӣ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтод. Дар он айёми бисёр мудҳишу вазнин, ки фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд, занону модарони тоҷик барои ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош варзида, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзандаи худро гузоштанд. Айни ҳол, ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери кишвари мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд.
Ҳукумати кишвар, барои дастгирӣ ва ҳалли мушкилоти занону бонувон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Ҳоло дар ин самт якчанд стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ қабул гаштаанд. Пеш аз ҳама, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994, ки баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занонро кафолат медиҳад ва баробари ин, як қатор барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо миллӣ ,аз ҷумла “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2017–2022” ва қабули барномаи нави мазкур барои солҳои 2023-2030, “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011–2020” ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2015–2020 ва қабули Стратегияи нави мазкур барои солҳои 2021 – 2030 ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва ба тасвиб расонида, давра ба давра амали шуда истодаанд.
Бо мақсади ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону оила ва барои кӯмаки ҳамаҷониба дар баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар баробари ин, дар кишвари мо, дигар санадҳои ҳуққуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул шуданд, ки барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа кафолат медиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Миллали Муттаҳид ҳамкории судманд менамояд ва Конвенсияи ин Созмонро дар бораи барњам додани тамоми шаклњои табъиз нисбати занон, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба муњофизати њуќуќи инсон, занон ва кӯдакон пурра дастгирӣ менамояд.
Кишвари мо, ҳамчунин бо Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва бо сохторҳои минтақавӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай нисбат ба масъалаҳои гендерӣ ва баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳамкорӣ менамояд.
Занону духтарони ҳунарманди тоҷик ғайр аз кору фаъолияти пурсамар дар соҳаҳои мухталифи кишвар дар озмунҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ иштирок карда, соҳиби ҷоизаву ҷойҳои ифтихорӣ гардида истодаанд. Дар ин росто, онҳо имрӯз эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи фарҳангу таърих ва анъанаҳои миллии халқи тоҷик мебошанд. Маҳсули эҷоди бонувони ҳунарманд ва чеварону заргарони тоҷик дар якчанд намоишгоҳҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ гузошта шуда, маҳорату истеъдоди занону бонувони моҳири тоҷик баҳои баланд гирифт.
Ҳамин тариқ, маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақоми занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа боз ҳам баланд гашт ва вазъи иҷтимоии онҳо беҳтар шуд. Кишвари мо, минбаъд ташаббусҳои занону бонувонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои баланд бардоштани мақом ва сатҳи маърифати онҳо, аз ҷумла омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешад. Вобаста ба ин, занону бонувон ҳунару истеъдод, кӯшишу ғайрат, қобилияти ташкилӣ ва маҳорату кордонии худ худро ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ ва пешрафту ободии ҷомеа равона намоянд. Зеро, саҳми онҳо дар рушду инкишофи давлат ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа бузург арзёбӣ мегардад.

Ҳошимов Фирӯз Ҷабборович,
муаллими калони кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд