ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМДИҲАНДАИ АМНУ АМОНӢ.

Яке аз зуҳуроте, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст, ин терроризм ва экстремизми байналмилалӣ мебошад. Воқеан, ҳам ин вожаҳои даҳшатнок, ноором сохтани ҷомеа, дар дили мардум тарсу ҳарос, куштору қатл ва дигар нобасомиҳоро пеши назар меорад. Нафаре шомили ин гуруҳ мешавад, аллакай аз муҳити инсонгари баромада, танҳо мақсаду ҳадафаш ноором сохтани ватан мебошад. Ин падидаи номатлуб дар замони муосир ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ дониста мешавад ва танҳо бо муттаҳидии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ин падидаи манфур мубориза бурдан имкон дорад. Хушунатҳои экстремизм ва терроризм сол то сол боз ҳам васеътар гардида, дар аксар мавридҳо инкишофи ин зуҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз эътиқоди динии аҳолӣ ва номукаммал будани дониши динии ҷавонон ба амал бароварда мешавад.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода мебаранд. Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Бо ибораи дигар барњамдињандаи амну амонӣ аст! Пурра собит шудааст, ки ҳадафи аслии ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистону Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, даъватҳои зиддидавлатию зиддиинсонии ташкилотҳои террористию экстремистӣ буда, суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари давлатҳои абарқудрати ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва умуман решакан кардани терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосирро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ва сиёсати дохиливу хориҷии худ медонад. Таърих гувоҳ аст,ки имруз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар иртибот ба ин, бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Чунончи, 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расидуи ин ду қонун мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.Хулоса,Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Кишвари соҳибистиқлоламон, имруз зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористӣ ва экстремистиро маҳкум мекунад.Чи хеле ки дар боло зикр намудем, Тоҷикистон имруз яке аз давлатҳое мебошад, ки дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир пешсаф мебошад. Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми мушкилнописади кишвар, аз ҷумла ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ муборизаи беамон хоҳанд бурд. Ба маврид қайд кардан зарур аст, ки ҷавонони ҳозира аз ин падидаҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, нангу номуси миллии худро баланд бардошта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории Ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш менамоянд. Хулоса, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу Ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Моро лозим аст, то ин ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд. Мо бояд имрӯз шукрона аз он кунем, ки дар фазои сулҳу ороми Тоҷикистони азизамон зиндагӣ дорем. Мо ҷавонони кишвар, насли ояндаи миллат, пешбарандаи ҷомеаро зарур аст, ки сулҳу субот, ваҳдату ягонагии кишварамонро монанди гавҳараки чашм аз ҳама таҳдидҳо эҳтиёт намоем.

ФАЁЗОВА М.А.,
муаллими калони кафедраи
назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *