БАДХОҲОН БА ҶУЗ ТЎҲМАТУ ҒАЙБАТ ДИГАР КОРЕ НАДОРАНД!

      Мо тавассути расонаҳои хабарӣ, амиқтараш тариқи шакбакаҳои иҷтимоӣ огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ камин гирифта, дар барномаи ифротиашон баромад намудаашон ба назар мерасад. Сараввал мо суханҳои сафсатаи бадхоҳони миллатро шадидан махкум намуда, пиромуни ин масоил ибрози андеша менамоем.
Бояд қайд кард, ки бадхоҳон, аз ҷумла яке аз пайравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, лақабаш “Иқболбӣ” аст, дар давоми соли равон ҳафтае ду маротиба бо ҷалби шогирдону думравонаш дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет”, барномаи “Минбари муҳоҷир ”баромад намуда, кӯшиш карда истодааст, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки М.Садриддину шогирду думраваш, бахусус Абдухалил Восиев ва Муҳаммад Тағоев яке аз гуруҳи бадхоҳони миллатанд, ки имрӯз аз шукуфоии Тоҷикистони дар таҳлука афтодаанд. Бо ибораи дигар ба либоси М.Садриддин ва шогирдону думраваш кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ҷуз тўҳмату ғайбат дигар коре надоранд. Ин гуруҳаки бадхоҳони миллат ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд ва барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мақсади дигари ин гуруҳаки хиёнаткор дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.
Дар урфият мегӯянд, офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ҳамагон медонанд, ки М.Садриддин ва умуман, пайравону аъзоёни паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли”,дар асл ТТЭ ҲНИ аст,
зери роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд. Хулоса, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои хоинони зикршуда комилан бовар намекунанд. Таъкидан боз такрор ба такрор гуфтанием, ки ин гуруҳи бадхоҳони миллат ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад! Зеро таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Ба М.Садриддину шогирдону думравонаш ва умуман бадҳоҳони миллат таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли М.Садриддини бешараф дар зеҳни мардум ва хотираи ватан ҳамчун хоину душман ва лагандбардори хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост.

       Дар интиҳои андешаи хеш гуфтанием, ки мардуми сарбалани кишвар кайҳост, ки найрангҳои М.Садриддин ва шогирдону думраван,аз ҷумла паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”-ро дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Р.Анварӣ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *