Таърих гувоҳ аст,ки раҳбарияту ҳамаслакон ва пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, баъд аз исбот шудани амалҳои номатлуби содирнамудаашон, оқибат лаънатӣ шуда, бештарашон дар кишварҳои Аврупо ватангадою талбанда шуда, зиндагии нобасомон доранд.То ҳол ба худ хулосаи инсонӣ набароварда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротиашон баромадҳои носолими бадахлоқона менамоянд, ки аз беимонию бевиҷдонӣ ва пастфитрату пасттинати онҳо гувоҳӣ медиҳад. Равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳ гардидааст. Чунончи, яке аз паравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин, дар давоми соли ҷорӣ ҳафтае ду маротиба тариқи сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромад менамояд. Умуман, рафтору гуфтори афроди роҳгумзадагон бо даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояааш дар бораи масъулият, одоб, аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатҳои аҳмақона бори дигар ба мардум, бахусус ҷавонон собит намудааст. Бештари ҳаммаслакону ва пайравони наҳзат аз таълимоти дини мубини Ислом дур буда, муқобили он амал менамоянд ва корашон кофтукоби айби касон, ғайбат ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ мебошад. Дар иртибот ба ин, дар Қуръони карим таъкид шудааст: Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед! Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст! (сураи Ҳуҷурот, ояти 12). Вале, бадхоҳони миллат баръакс кинаю адоват ва ғайбат эҷод мекунад ва мехоҳад авзои кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созад.
Хулоса, хоинону бадхоҳони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои 90-уми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намоянд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.Дар интиҳои андешаи хеш гуфтанием, ки мо баромадҳои пайравони наҳзат,алалхусус Маммадиқболи Садриддин ва шогирдону думравашро инкору шадидан маҳкум намуда, таъкидан хотиррасон менамоем, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш мароми халқи тоҷик тоҷик аст! Имрӯз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Дар кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад.
Ҳадафи андешаронии мо дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тољикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз љавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Р.АНВАРӢ ,
устоди ДИС ДДТТ
