ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – МУШКИЛОТИ АСР ВА ТАҲДИДҲОИ НАВ

Имрӯз яке аз амалҳои номатлуби бениҳоят хатарнок ин терроризм ва экстремизм, мебошад, ки ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф шудааст. Бе ягон шубҳа бояд қайд кард, ки манфиатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат аксаран зери шиори ҳифзу эҳёи дин тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъ дар кишварҳои гуногун гаштаанд. Пушида нест, ки дар ҷаҳони муосир доираҳои муайяне мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ҳизбу ҳаракатҳои динӣ – экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ амал мекунанд, ки дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Имрӯзҳо вобаста аз вазъи кунуни Сурия ва Афғонистон, алалхусус аъзоёни ташкилоти терористӣ бо ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ ва ё “Давлати исломӣ”), Ал-Қоида ва дигар равияњои ифротї дар кишварҳои зикршуда маскан гирифта, ошкорро фаъолият доранд. Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои террористии зикршуда ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Баробари ин, созмон бо номи “Таҳрир аш-Шом” (аз соли 2018 дар феҳристи созмонҳои террористӣ дар Амрико аст) босуръат шаҳрҳои Сурияро яке паси дигар ишғол менамоянд.Ҷанги дохилӣ дар Сурия нисбатан ба эътидол омада бошад ҳам, ҳоло суриҳо ба хотири ба қудрат расидани як гурӯҳи шибҳинизомӣ, ки решаҳояш ба “Ал-Қоида” ва “Давлати исломӣ” рабт дорад,ки ба ҳолати ногувор оварданаш аз эҳтимол дур нест. Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо аз он таъкид менамояд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Бинобар ин нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди гуруњњои террористиву экстремистї, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад.
Дар интиҳои андешаи худ бояд қайд кард, ки дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар фарди ватанпарвару миллатдӯст, алалхусус, ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст,ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу Ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Сулҳ, озодӣ, ваҳдат, якдилӣ, ободие, ки имрӯз Тоҷикистони маҳбуб дорад, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, арзишҳои беҳтаринеро, ки сабабгори ҳаёти хурраму осуда ва саодатмандона аст, ҳамвора идома бахшанд.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *