
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ баробари дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди фарҳанг, болоравии нақши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ба назар мерасанд ва баробари ин аз тарафи дигар ба амнияти миллӣ ва байналхалқӣ, хавфу хатарҳои навро эҷод кардаанд. Бояд тазаккур дод, ки дар баробари дигар намудҳои амният, амнияти иттилоотӣ низ ба системаи коммуникатсияи сиёсӣ дохил шуда, дар муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Дар чунин шароит фазои иттилоотии кишварҳо зери хатар қарор мегиранд. Афзоиши паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин вусъат ёфтани ҷанги иттилоотӣ байни кишварҳои абарқудрат дар ин раванд аз эҳтимол дур нест.Ташвишовар ин аст, ки гурӯҳҳои экстремистӣ на танҳо бо минтақа, давлат, гурӯҳҳои иҷтимоии алоҳида шеваҳои хоси муносибатро ба роҳ мемонанд, балки иқтидори технологӣ имкон додааст, ки бо ҳар фард бо усулҳои хос кор баранд. Масалан, яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки дар сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва дигар узви фаъоли “Гуруҳи 24”, Ҳусейн Ашуров дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, Тағойзода Беҳрӯз дар барномаи ифротии “Садои мардум” дар шабакаи интернетӣ бо навбат баромад намуда, танҳо ақидаҳои ифротӣ тарғибу ташвиқ менамоянд. Бо ин василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Тавассути ин навъи технологияи сиёсӣ, афроди роҳгумзади ифротӣ мехоҳад мисли пештара дар муҳити иҷтимоии тоҷикон таъсири манфӣ гузоранд. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад. Баробари ин, гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ низ сурат мегиранд, яъне дар онҳо гурӯҳҳо ташкил гардида, афроди алоҳида ба омӯзондани адабиётҳои динӣ ва ҷалби ҷавонон машғуланд. Чунончи дар барномаи интернетии «Имо» шакли нави таълимоти ғайриқонунии динӣ ошкор шудаст, ки дар он 20 гурӯҳ бо номҳои «Саволу ҷавоби исломӣ», «Ислом дини ҳақ» ва монанди инҳо фаъол гардидаанд. Аз ин лиҳоз, тамоюли ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шудани насли наврас то ҳол ҳамчун ангезаи таҳрикдиҳандаи болоравии сатҳи таассубу хурофот, радикализми динӣ ва моилсозии ҷавонон ба сафи гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ боқӣ мемонад. Илова бар масоили зикршуда бояд қайд кард, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ, бархе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконияти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Ин гуна руйкардҳо, ба андешаи мо, ғайрисозандагӣ буда, гуруҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.Бинобар ин, дар вазъияти мураккабу зудтағирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ҳушёриву зиракиро аз даст надода, баҳри муборизаи беамон бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа дар сафи аввал қарор дошта бошанд. Хулоса, бо дарназардошти масоили матраҳгардида, бояд қайд кард, ки авзои имрўзаи љомеаи љаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳои ифротиро гирем. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ монда, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёна ва дурӯғбофии бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ҳамеша саҳмгузор бошем!
М.АХМЕДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ
