Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…”мебошад, бо далелҳои раднашаванда вобаста ба баромадҳои ифротиаш бо мисолҳои амиқ андешаронӣ намуда, онро шадидан махкум намуда будем.
Дар изҳороти навбатиамон тасмим гирифтем, ки оид ба баромади навбатии М.Садриддин, ки ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо ватангадо шуда, умр ба сар мебарад, ибрози андеша менамоем. Афроди зикршуда ин навбат, санаи 22 декабри соли равон, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” боз ҷилвасозӣ намуда, мисли баромадҳои қаблиаш бо ҷалби шогирдаш Абдухалил Восиев ва думравонаш, аз ҷумла Тағоев Муҳаммад ва афроде бо номи Муҳаммадамину Нурмуҳаммад (лақабаш Нурик, Алмаз), ки дар Амрико иқомат дорад, ба суханпардозиву найрангбозӣ, дурӯғпаҳнкунӣ, иғвоангезиро пеша намуд. Мавсуф дар барномаи ифротии зикршуда, дар бораи гирдиҳамоии Гурҷистон, интихоботи президентии Молдова, муносибати байни Русияву Арманистон ва қазияҳои Тунис, Сурия ғайривоқеӣ ба таври худ маънидод намуд. Баробари ин, оид ба фаъолияти мақомоти қудратии кишварамон ва нисбати роҳбарияти олии Федератсияи Русия ва Президенти тозаинтихоби Амрико Д.Трамп андешаи носолимашро баён дошт, ки он ба ягон қолиб, аз ҷиҳати сиёсӣ рост намеояд! Аввалаш, ки нисбат ба давлатҳои зикршуда набояд сухан кард! Чунки он сиёсати дохилии ҳар як кишвар аст, набояд дахолат кард! Ба андешаи мо нисбати президентҳо, умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалї, ҳар афрод бояд бо эҳтиёт сухан гўяд!
Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад, вобаста ба баромадҳои иғвоангезонаи М.Садриддин ва шогирдону думравонаш, умуман баромадҳои хоину бадхоҳони миллат, ки бештарашон дар хориҷи кишвар қарор доранд, маҳкум намуда, аз мардуми сарбаланди кишвар, бахусус ба мӯҳоҷирони меҳнатӣ, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи душманони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Боварӣ дорем, ки мардуми тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон ва бадхоҳони миллат нахоҳанд шуд. Намегузорем, ки пои нохалафи ифротӣ марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд!
