АЛАЙҲИ АҚИДАҲОИ И ИФРОТИИ ИҒВОАНГЕЗ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

     Имрўзҳо ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро, бахусус ҳаммаслаку думравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли.”, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, яке аз пайрави фаъол бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, лақабаш “Иқболбӣ”аст, дар давоми соли равон тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ровигӣ менамояд ва дигар ашхоси дурӯя Беҳруз Тағоев, лақабаш “Салмон”, аъзои фаъоли “Гуруҳи 24”мебошад, дар барномаи “Садои мардум” баромади ифротӣ намуда, аз нооромиву ҳодисаҳои хатари кишвари мо ҳарф мезананд. Ин сиёҳкорон, ватанфурӯшон, бадхоҳони миллат аз рӯи ҳамон сенарияи солҳои 90-уми асри гузаштаи наҳзатиро каме тағйир дода, барои амали намудани супоришу мақсади роҳабру хоҷагони хориҷиашон бо найрангбозиҳову дассисаҳо ва роҳандозии маълумотҳои бардурӯғ имруз мехоҳанд вазъи кишвари моро ноором кунанд. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост ва бо андешахои бад нисбат ба давлат ва миллат доранд, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд. Баҳсу мунозираҳо намуда, амалҳои бемазмуну бемавридро баён менамоянд. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа афрод бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин «ташаббусҳо» танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаашонро таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад, ки худи ин нафарон дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд ва то имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст. М.Садриддин дар ҳар баромадаш

барои фаъолияти сомонаи “Ислоҳ.нет.”талбандагӣ менамояд. Умуман, аксари чунин гуруҳи одамон то дараҷае беору номусанд, намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст, аммо баръакси ҳол, яъне шахси фитнаангез доғи дили падару модар, дарди ҷомеа ва омили низоъ мебошанд. Ба андешаи мо хуб мешуд, ки ба ҷойи ин амалҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда, барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд. Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки шахси солимақл, ки барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале бадхоҳони миллат баръаксии ин хислатҳо мебошанд. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату халқ ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Хулоса, имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт симои разилонаи ҳаммаслаку пайравони ТТЭ ҲНИ-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд. хиёнати аъзоёну думраваш ва роҳбарияти паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони милли” бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, алайҳи ақидаҳои ифротии иғвоангез муборизаи беамон мебарем.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ ГЛОБАЛИИ ҶАҲОНИ МУОСИР

        Пӯшида нест, ки имрўз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти ба ном Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, ки тамоми Ховари Миёнаро бахусус: Ироқ, Сурия, Либия, Яман, Афғонистон ва давлатҳои ҳамсарҳади Осиёи Миёна низ дида мешавад, метавон хотиррасон кард. Бояд ёдовар шуд, ки солҳои қаблӣ амиқтараш аз замони зуҳури ДИИШ дар соли 2014 зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданд ва ё дар он ҷо оила сохта, ба ҷангҷӯёни террористӣ ҳамроҳ шуда буданд. Оқибат аксари мардон дар ҷангҳо кушта шуда, занону кӯдаконашон сарсон мондаанд. Баробари ин, бояд қайд кард,ки бо ибтикороти роҳбарияти олии кишвар дар панҷ соли гузашта, зиёда аз 300 зану кӯдаки ҷангҷӯёнро аз Ироқу Сурия баргардонида шуданд. Аз ҷумла дар моҳи июли соли 2022 146 зану кӯдаки тоҷик аз Сурия оварда шуд, аз ин миқдор 42 зан ва 104 кӯдак мебошад. Инчунин 25 апрели соли равон 47 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла 15 зан, 17 духтар ва 15 писарро, ки аъзои 13 оила буданд,тавассути ҳавопаймоии махсус аз Ҷумҳурии Арабии Сурия ба Ватан баргардонида шуд.

    Баробари ин,бояд қайд кард,ки то имруз дар ин самт корҳо идома дошта, барои ба Ватан баргардонидани боқимонда шаҳрвандони кишвар, аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Хулоса, терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Мо дар андешаҳои қаблиамон иброз дошта будем, боз такроран иброз медорем,ки ҳар як фарди солимфикри ҷомеа ва ватандӯсту меҳанпараст лозим аст, ки дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накарда, баҳри пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳмгузор бошанд. Пеш аз ҳама, дар ин кор саҳми волидайн бояд назаррас бошад. Агар падару модар доимо аз аҳволи фарзанди хеш бохабар бошаду ӯро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоянд, чунин фарзанд ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравад. Баробари ин, аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд. Мо кулли омӯзгорон ва падару модарон дар њамкорї бояд ҳамарӯза ва ҳамавақта ба ҷавонону наврасон таълим диҳем, ки аз касофатбори ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ САРТОСАРӢ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ!

          Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Мутаассифона, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки созмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили “Ал-Қоида”, “Ташкилоти Лашкар Тайба”, “Боко-Ҳарам”, Давлати исломӣ, “Ихвону-л-муслимин”(Братья- мусульмане) ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Дар натиҷаи фаъолияти муғризонаи ташилоту созмонҳои зикршуда, алалхусус “Давлати исломӣ” тули даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ ва дар Афғонистон мебинем.

Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Мутаассифона, дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиён шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.
То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.
Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.
Чуноне ки сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, “терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (соли 2020), фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

М.ФАЁЗОВА,
муаллими калони
кафедраи назарияи иқтисод

ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд оид ба иғвои навбатии М.Садриддин дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” (07.12.2024)

      Мо кормандони шуъбаи илм ва иннноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаблан зимни изҳоротҳои хеш нисбати баромадҳои ифротии Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“паймони миллӣ” мебошад, андешаҳои хешро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста ба баромади навбатии М.Садриддин, ки санаи 7 декабри соли равон тавассути сомонаи ифротии -“Ислоҳ.нет”, дар барномаи

“Минбари муҳоҷир” таҳти унвони “Зулм, таҳқир, зиндонкунонии тоҷик аз ҳад гузашт чи кор бояд кард” ибрози ақида намуда, сараввал онро шадидан маҳкум менамоем. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки М.Садриддин ин навбат низ бо ҷалби думравонаш, аз ҷумла Муҳаммад Тағоев баромади беасоси иғвогариро пеша намуда, нисбат ба давлату миллати мо суханони таҳқиромез гуфта, норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуданд. Инчунин шахсони баландпояи яке аз роҳбари кишвари абарқудрат- Федератсияи Русия ва нисбати миллати рус сухани қабеҳи ноҷоя гуфта, зери суол гузоштанд. Баробари ин, бо баёнияи тазоҳургаронаашон вобаста ба баромади Рамазон Қодиров-роҳбари Чеченистон оид ба қазияи муҳоҷирон ва нисбат ва сохторҳои мақомоти қудратии Русия, андешаи носолимашонро баён дошта, онро нодуруст шарҳ доданд, ки он аз воқеият хело дур аст! Ба андешаи мо аз сиёсати дохилию берунаи кишвари болозикр сухан кардан нашояд, барои ин сиёсатшиноси асилу варзида будан лозим аст!
Хулоса, дар фарҷоми изҳороти хеш гуфтанием, ки мардуми сарбаланди кишвар найрангҳои ҳаммаслакону думравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, кайҳост дарк карда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараќќиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ҒАЙР АЗ ТЎҲМАТУ ИҒВОГАРӢ ДИГАР КОРЕ НАДОРАНД!

      Мо тавассути расонаҳои хабарӣ, алалхусус тариқи сомонаҳои интернет огаҳ ҳастем, ки вақтҳои охир бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо навбат баромад намуда истодаанд, сараввал суханҳои сафсатаашонро маҳкум намуда, зимни андешаи хеш вобаста ин масъала, ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард,ки бадхоҳони миллат, дар давоми соли ҷорӣ то имруз,

бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайрави фаъоли наҳзатиҳо, дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ.нет, барномаи “Минбари муҳоҷир”, дигар афрод бо номи Беҳрӯз Тағойзода, аъзои “Гуруҳи 24” мебошад, дар барномаи “Садои мардум” бо ҷалби шогирдону думравонашон баромад намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором ссозанд. Мо борҳо зимни изҳороту мақолаҳоямон қайд карда будем, боз гуфтанием, ки М.Садриддин ва Т.Тағойзода, умуман бадхоҳони миллат нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони соҳистиқлол дар таҳлука афтодаанд. Имрўз ба либоси М.Садриддин ва Б.Тағойзода кайк даромадаасту онҳоро ором гузошта наметавонад. Ба ғайр аз тўҳмату иғвогарӣ дигар коре надоранд. Ин бадхоҳони миллат аз аввали фаъолияташон ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанду надоранд ва барои дарёфти пулу сарватҳои муфт дар кишварҳои Аврупо гадоӣ мекунанд. Қоил мешавад, ки ҳокимияти қонунии кишвар мавқеи тавоною устувори ҳамбастагӣ бо халқ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ дорад. Хулоса, дар ҳамаи баромадҳои М.Садридддин ва Б.Тағойзода ва наворҳои дурӯғине, ки дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Баробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90 уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд.
Дар фарҷоми андешаҳои хеш ба бадхоҳону душманони миллат хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рўҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

А.ВАЛИЕВ, ассистенти

кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАВФУ ХАТАРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

 

         Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегарданд. Дар атрофи ин масоил-хафи ҷомеаи ҷаҳонӣ андеша намуда, қайд менамоем, ки  ин ҳолат ба хавфи умумӣ оварданаш ба мушоҳида мерасад. Имрузҳо гуруҳҳу созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразнокашон, бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи ифротиаашонро ба роҳ мондаанд, ки яке аз роҳҳову усулҳои таблиғотии онҳо мебошад.

 Тариқи ин навъи технологияи сиёсӣ, мехоҳанд мисли пештара дар муҳити иҷтимоӣ таъсири манфӣ гузоранд. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар мушкилоти мавҷударо аз ҳуҷумҳои иттилооотӣ ва мафкуравӣ мепардозад ва риёкорию чарбзабониро ба ҳадди ифроту тафрит мерасонад. Ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ВАО-и хориҷӣ имрӯз дар тамоми гӯшаву канори олам фаъол буда, он мутааллиқ ба кишварҳои муайян ва дар ҷанги иттилоотии давр шинохташуда мебошанд. Пушида нест, ки насли имрӯз дар ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонишуда зиндагӣ мекунанд ва ҳар лаҳза метавонад хатари ҷиддиро ба бор меоварад. Ин дар ҳолест, ки бархе  ҷавонони кишвар, бештар дар муҳоҷирати меҳнатӣ рӯҳияи ифротӣ гирифтор шуданашон ба назар мерасад. Муҳоҷирати меҳнатӣ танҳо хоси як кишвари алоҳида набуда, балки хусусияти глобалӣ дорад. Бинобар ин, на танҳо як халқи тоҷик бо муҳоҷирати меҳнати машғул аст, балки ҷаҳони имрӯзаро бе муҳоҷирати меҳнатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин масъала дар тамоми кишварҳои дуньё, аз ҷумла ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон ва Русияро фаро гирифтааст. Аз ин ҳолат гуруҳҳу созмонҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ ҷиҳати амалӣ намудани мақсади нопокашон он ҷавонҳое, ки ба ҳудуди кишварҳои номбаршуда, алалхусус ба Федератсияи Русия барои меҳнати ҳалол рафтаанд, ихтисоси касбӣ ва забонро намедонанд,онҳоро дарёфта ба доми худ медароранд. Ваъдаҳои калоне медиҳанд, ки гӯё дар кишварҳои Шарқи Наздик кори муносиб ҳаст ва маблағҳои калон мегиранд, аввал маблағи нахустинро дода, онҳоро ба боварии худ дароварда гумроҳ менамоянд.Таърих гувоҳ аст,ки оқибат бо роҳи фиреб ба давлатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия ҷалб намуданд. Як қатор ҷавонони тоҷик ,ки онҳоро бо роҳи фиреб ба онҷо бурда шуда буданд, бо як азобу уқубат аз он ҷо гурехта баргашта омадаанд. Ба ғайр аз ҷавонон, занҳо ва фарзадони онҳо дар он ҷой қарор доранд, ки нияти баргаштан доранд, лекин шиноснома надоранд, зеро ҳуҷҷатҳои онҳоро террористон нобуд кардаанд. Имруз низ ин ҳолат дар кишварҳои осебпазир, аз ҷумла дар Афғонистон

 ва ҳатто дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ба назар мерасад. Хулоса, муҳити ҷавонон бо хусусиятҳои иҷтимоии худ ва дарки муҳити атроф яке аз қисми ҳассоси ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки дар он иқтидори манфӣ барои эътироз босуръат ба амал меояд. Зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра дар муҳити ҷавонон онҳое, ки бештар ба ин таассурот гирифтор дучор мешаванд, ташаккули ақидаҳои радикалиро ба вуҷуд меорад. Умуман, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аксарияти ин ҷавонон сатҳи донишашон паст буда, аз оилаҳои носолим, ноустувор ва ё нашъаманданд, ҳангоми таҳсил дар мактабҳои ҳамагонӣ аз таълиму тарбияи дуруст дур монда, дар бораи муқаддасот ва арзишҳои миллии кишварамон умуман тасаввурот надоранд. Дур будан аз таъриху тамаддуни халқи худ, инчунин дур будан аз арзишҳои дини мубини ислом онҳоро камақлу пастбин кардааст ва дар орзуи ба ибораи худашон «дуруст», тоат ибодат ва хизмати шоиста кардан дар роҳи Худову расул онҳоро аз мақомотҳои ҷосусии хориҷӣ шахсони алоҳида бо роҳи фиреб ва ваъдаҳои бардурғ ба ҷаҳони дигар мебарад, ки оқибаташро ҳар рӯз тавассути воситаҳои ахбори омма дида истодаем. Рехтани хуни ноҳақ, талаву тороҷ гардидани молу амволи халқи оддӣ, ба марг расонидани садҳо кӯдакони бегуноҳ оварда мерасонад. Аз гуфтаҳо бармеояд, ки терроризм ва экстремизм дар замони муосир, яке аз ҷиноятҳои хавфнок буда, ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф гардидааст. Ҳоло гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд,аз ҷумла ДИИШ ( “Давлати исломӣ”), «Ал-Қоида»,  «Шамшери Ислом», «Таблиғ», «Салафия» ва ғайраҳо мебошанд.

          Зимни натиљагирӣ, метавон қайд кард, ки ин хавфи ҷомеаи ҷаҳониро на бо воситаи силоҳи пуриқтидори ҳарбӣ, балки тавассути илму маърифат ва фарҳанги баланд метавон пешгирӣ кард. Мубориза бурдан бар зидди чунин зуҳурот, бе заминаи ҳуқуқи ғайриимкон аст.Чунки санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи мисоли кишвари соҳибистиқлоламон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16 ноябри соли 1999; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», аз 2 январи соли 2020, № 1655 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷиноятҳои муташаккилона», аз 28 декабри соли 2013, барои иҷро намудани вазифаҳои хеш барои мақомотхои ҳифзи ҳуқуқ зарур ва муфид мебошад. Лекин мо бояд фаҳмем, ки ин хавфу хатар ва умуман пешгирӣ намудан аз ҳадисаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, бояд дар имрӯза шароити ташаккули ҷомеаи Тоҷикистон ва таъсири ҷаҳонишавӣ ба фарҳанги таърихии миллӣ, масъалаи муомилаи насли наврас дар оила, муассисаи то мактабӣ , мактабу муҳити беруна ва фазои иттилоотӣ дар таълиму тарбия ва солим ба воя расонидани онҳо аҳамияти хоса пайдо кунанд. Маҳз воситаи ахбори омма дар шароити ҳозира қувваю тавонои кофии муқовимат дошта бошанд, чун, ки дохилшавии ҷанбаҳои номатлуби фарҳанги манфии бегонаро пешгирӣ карда, намонанд, ки онҳо дар ҷамъиятӣ мо байни ҷавонон паҳн гарданд ва фикру ақидаҳо онҳоро заҳролуд намоянд. Бояд қайд намуд, ки дар шахс аз давраи кӯдаки ва наврасиаш заминаи бунёди шахсияти ӯ шакл гирифта, ин қолаб дар замони томактаби ва таҳсилоти ибтидоӣ инкишоф меёбад ва асосан чунин сифатҳо мавқеъ ва таҳкурсӣ шахсро дар ҷамъият муайян менамояд. Зеро, Ватанро аз сидқи дил дӯст доштан ва ватандорӣ аз донистани таърихи аҷдодӣ, забон ва фарҳангу суннатҳо сарчашма мегирад. Бинобар ин, мо бояд фарзандонро тарзе тарбия намоем, ки онҳо бо тамоми ҳастии худ таърих, забон ва фарҳангу суннатҳои хешро донанд ва ватани худро аз урфу одатҳои бегона ҳифозат намоянд.

   Ф.МАМАДҶОНОВ,

устоди ДИС ДДТТ

САҲМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР (Бахшида ба истиқболи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ)

САҲМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР
(Бахшида ба истиқболи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ)

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон фаъолияти худро на танҳо дар арсаи сиёсӣ, балки дар ҳамаи бахшҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеа густариш додааст. Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) яке аз муҳимтарин нерӯҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Аз замони таъсис то имрӯз, ин ҳизб дар таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва пешбурди арзишҳои Ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштааст.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар даврае таъсис ёфт, ки кишвар бо буҳронҳои шадиди сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ буд. Ҳолати ҷангӣ ва кашмакашҳои дохилӣ аз як тараф, ва мушкилоти иқтисодӣ аз тарафи дигар, ба фаъолияти сиёсӣ ва ҷомеа таъсири манфӣ мерасонд. Дар чунин шароит ҲХДТ ҳамчун як нерӯи сиёсии ваҳдатсозу муттаҳидкунанда таъсис дода шуд.
Раиси ҳизб аз рӯзи аввали таъсис Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҲХДТ тавонист худро ҳамчун нерӯи эътимодбахш ва пешбарандаи манфиатҳои миллӣ нишон диҳад.
ҲХДТ дар фаъолияти худ як қатор принсипҳои бунёдиро пеш мебарад, ки ҳадафи онҳо муттаҳидсозии миллат ва рушди устувори Тоҷикистон аст. Аз ҷумла:
1. Таҳкими Истиқлоли давлатӣ:
Ҳизб ба ҳифз ва густариши истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар афзалият медиҳад.
2. Ваҳдат ва ризоияти миллӣ:
Дар шароити пасҷангӣ ҲХДТ нақши калидӣ дар ташаккули ваҳдати миллӣ ва сулҳи пойдор бозид.
3. Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ:
ҲХДТ барои рушди иқтисод, таъмини иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои ниёзманд барномаҳои мухталиф пешниҳод мекунад.
4. Тарбияи ҷавонон:
Таваҷҷуҳи хос ба ҷалби ҷавонон ба сиёсат ва рушди қобилиятҳои онҳо дода мешавад, то насли ҷавон ҳамчун нерӯи ояндасоз омода гардад.
5. Пойдории адолати иҷтимоӣ:
Баробарӣ, шаффофият ва ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди кишвар мавқеи калидӣ дар фаъолияти ҳизб мебошад.
Тавре ба ҳама маълум аст, шиори Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» мебошад. Зиндагии шоистаи мардумро танҳо дар асоси пешбурди сиёсати самараноки иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои кору фаъолияти аҳли ҷомеа таъмин намудан мумкин аст. Аз ин рӯ, бо роҳбарӣ ва роҳнамоии Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди рушди бонизоми иқтисоди миллӣ, таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ, муътадилии нархҳо ва мувозинати савдои хориҷиро ҷонибдорӣ менамоем.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ эълон шудааст, ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, бо роҳи суръат бахшидан ба ислоҳоти иқтисодӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушд барои 5 соли оянда — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тамоми қудрату неруи худро равона месозад.
Ҳизби мо пешбурди ёздаҳ самти афзалиятнокро дар бахши иқтисодиёт ҳадафи асосии худ қарор дода, барои амалӣ намудани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад:
Пешбурди сиёсати мукаммали иқтисодӣ маънои мутобиқ гардонидани он ба шароити нави муносибатҳои иқтисодиро дорад. Вобаста ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҷаҳон, таҳияи қонунҳои нав ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», инчунин, таҳия ва татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025», ҳамзамон, зарурати баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ ва истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо дар бозори дохилӣ ва кишварҳои ҳамсоя талабот зиёд аст, ба миён омадааст.
Моро зарур аст, ки рушди устувори иқтисодиётро аз ҳисоби тараққии соҳаи саноат, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротшаванда ва воридотивазкунанда таъмин намоем. Дар шароити нав ин роҳи боэътимоди зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғанигардонии буҷет, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таҳкими раванди ҷорӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир ва инноватсионӣ, аз ҷумла, аз тариқи ташкили технопаркҳо ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳои нав ва истеҳсоли молу маҳсулоти ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошад.
1. Саҳми ҲХДТ дар рушди иқтисодӣ:
ҲХДТ нақшаҳои миллии рушди иқтисодӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро фаъолона дастгирӣ мекунад. Ҳизб барои ҷалби сармоягузориҳо, рушди инфрасохтор ва ҳавасманд кардани бахши хусусӣ замина фароҳам овардааст.
2. Дастгирии иҷтимоӣ:
Ҳизб барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа тадбирҳои зиёдеро амалӣ мекунад, аз ҷумла:
Барномаҳои дастгирии оилаҳои камбизоат.
Ташаббусҳои беҳбуди шароити таълим, тандурустӣ ва манзил.
3. Таҳкими Ваҳдати миллӣ
ҲХДТ ҳамчун ҳизби ҳоким бо дигар нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомеа барои нигоҳ доштани сулҳу субот ҳамкорӣ мекунад. Ҳизб дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ барои таҳкими ваҳдат саҳми фаъол мегузорад.
4. Саҳми ҳизб дар сиёсати хориҷӣ
Дар сатҳи байналмилалӣ, ҲХДТ сиёсати сулҳомез ва ҳамкориро дастгирӣ мекунад. Бо шарофати сиёсати оқилонаи ҳизб, нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ рӯз ба рӯз меафзояд.
Хулоса, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон на танҳо як ҳизби сиёсӣ, балки як сутуни устувори давлатдорӣ ва муттаҳидсозандаи ҷомеа мебошад. Бо фаъолияту талошҳои худ, ҲХДТ тавонист дар рушди Тоҷикистон саҳми назаррас гузорад. Ояндаи Тоҷикистон ва нақши ҲХДТ дар он ба ҳамкории самаранок бо ҷомеа, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва ваҳдати миллӣ асос меёбад.
Ҳизб бо эътимоди қавӣ барои идомаи таҳкими истиқлолият, рушди устувор ва пешрафти Тоҷикистон кӯшишҳои худро идома медиҳад.

Ш. МУХАМЕДОВА ,

донишҷӯи курси 1-уми

ихтисоси 250103,гуруҳи

таҳсилоти  англисӣ, ДИСДДТТ

ГУРУҲИ ФИНТААНГЕЗИ ХИЁНАТКОР!

Мо солҳои қаблӣ ва имрузҳо низ зимни андешаҳои хеш доир ба фаъолияти зиддидавлатии хоинону душманони миллат, бо санаду далел ва мисолҳои зиёдро навишта шадидан маҳкум кардааем ва менамоем. Ин навбат вобаста ба баромадҳои яке аз узви фаъоли ҳаракати ифротӣ- “Гурўҳи 24”, афроде бо номи Ҳусейн Ашуров, ки дар давоми моҳҳои соли ҷорӣ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан дар барномаи ифротӣ бо номи “Ҳақ ва ботил“ ровигӣ менамояд, андешаи хешро иброз менамоем. Ин афроди финтнаангез зимни баромадҳояш бо ғарази ирсӣ ва фармоиши хоҷагони аҷнабӣ хабарҳои бофтаю сохтаи бархе нафарони худозадаро чун ҳақиқати воқеӣ нишон дода, ба миллату давлат хиёнатро пеша намудааст. Ин ровии финтнаангези хиёнатпеша, барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар, кўшиш дорад. Хушбахтона, ин гуна ровиёни финтаангези хиёнаткор ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хулоса, стратегияи асосии “Гуруҳи 24” ин касби қудрат, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандозӣ менамояд. Пӯшида нест, ки дар кишварҳои Аврупо дар мадди аввал иқомат доштан, душвориҳо ба миён меояд ва он гаронбаҳо аст, агар пули бедарди миён ва ё пуштибонӣ дошта бошад. Маблағгузориву пуштибонии хоҷагони хориҷӣ аст, ки роҳбарияту аъзоёни “Гурӯҳи 24” кӯшиш доранд

ба майдони сиёсӣ ворид шавад. Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест роҳбарияту аъзоёни имрузаи “Гуруҳи 24” фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон ба макру фиреби ин гуруҳаки финтаангез, бо ибораи дигар ровиёни финтаангези хиёнатпеша намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд. Баробари ин, ба ҳар шаҳрванди кишвар таъкид карда мешавад, ки пайваста ҳушёрию зираки сиёсииро аз даст надода, бар зидди ин гуруҳи финтаангези хиёнаткор, ки мехоҳад бо ҳилаву фириефта намуда, ҷомеаи моро ноором кардани ҳастанд, муборизаи беамон бояд бурд. Илова бар ин, моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин гуруҳи фитнаангези хиёнаткорро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои хоинони миллат огоҳ созем. Хулоса, дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, мо ҳама муттаҳид бошем. Умуман, мо имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем ва барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор ҳастем!

М.АХМЕДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ТУҲМАТУ ИҒВОГАРИРО ПЕША НАМУДААНД!

      Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳву ҷонибҳои манфиатхоҳ, барои амалӣ намудани аҳдофи худ,асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода намуда, баромадҳои ифротиро роҳандозӣ менамоянд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем,ки пайравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” ва роҳбарияту аъзоёни “Гуруҳи -24”, ки айни ҳол дар яке аз кишварҳои Аврупо фирорӣ шуда, маҳз бо дастгирии молиявии хоҷагони худ, чун наҳзатиёни хиёнаткор боз мехоҳанд табадуллотро роҳандозӣ намуда, сохти конститутсионии кишвари азизамонро фалаҷ

гардонанд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем,ки Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-Паймони милли…“, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”, Ашўров Ҳусейн, узви фаъоли “Гуруҳи – 24” дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ва Беҳрўз Тағойзода, аъзои ҳаракати ифротии гуруҳи зикршуда,ки лақабаш “Салмон аст”, дар барномаи “Садои мардум” бо навбат баромад намуда, туҳмату иғвогариро пеша намудаанд. Ин тӯдаи хоинони миллат асосан вобаста ба сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Тоҷикистони азизи моро зери суоли танқид қарор дода, наворҳои дурӯғинро омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд.Ин амли хоинони милллат аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Хулоса, ин тудаи хоинони миллат пешрафту тараққиёти кишвари моро дида мегиранд ва имрўз аз дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишварамон ба таҳлука афтодаанд. Хоинони миллат медонанд, ки рушди иқтисодиёти Тоҷикистон иҷрои нақшаҳои таъминоти иҷтимоию давлатро вусъат бахшида, зиндагию рӯзгори мардумро боз ҳам гуворову шоиста месозад. Мо чунин мешуморем, ки иддаои роҳбарияту пайравони худсохти наҳзат-“Паймони милли” ва “Гурӯҳи-24”– хоини миллати беватанро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунанд. Зеро,хоинони миллат – М.Садриддин, Ҳ.Ашуров ва Б.Тағойзода

доимо ба иғвогарию тўҳмат овора буда, амалҳои ғайриинсониро нисбати ҳамватану ҳаммиллати худ содир намуда истоданд. Барояшон хостаҳои хоҷагони хориҷиашон болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Ҳадафҳои хиёнаткоронаи ин хоинони миллат бори дигар собит месозад, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез мо набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани ақидаҳои ифротии хонинну бадхоҳони миллат бояд муборизаи беамон барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!
Хулоса, имрӯз мардуми боору номуси кишвар аз гузашти вақт, симои разилонаи роҳбарияту пайравони сиёҳкорони наҳзат ва “Гурӯҳи 24”, амиқтараш ванфурӯшон ва душманони сулҳу ваҳдати кишварро ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро додаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст, фақат корашон гумроҳ кардани ҷавонону кофтукоби айби касон аст!
Дар интиҳои андешаи хеш, таъкидан қайд менамоем, ки мо омўзгорони ҷавонидаврони соҳибистиқлол доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.

А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсия ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади навбатии дасисаю иғвогарии хоини миллат- Ҳ.Ашуров дар шабакаҳои иҷтимоӣ (29.11.2024с.)

    Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанҳд борҳо бо мушоҳидаву таҳлилҳои хеш, зимни иҳҳорот вобаста ба баромадҳои хоинони миллат ибрози андеша намуда,баромадҳояшонро шадидан маҳкум намудааем. Ин навбат дар атрофи дасисаю иғвогарии навбатии Ҳусейн Ашуров, ки яке аз узви фаъоли “Гурнуҳи 24” мебошад, андешаронӣ менамоем. Бояд қайд кард,ки афроди роҳгумзада- Ашуров Ҳ, барои амали намудани супориши роҳбарияту хоҷагони хориҷиаш ба ҳар роҳу восита, бахусус аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар барномаи “Ҳақ ва ботил”ровигӣ намуда, зимни баромадҳо таблиғи андешаҳои ботил, пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвар, барҳам задани умеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрўзаи мо кўшиш дорад. Чунончи санаи 29 ноябри соли равон Ашуров Ҳ. дар барномаи ифротии дар болозикршуд таҳти унвони “Мушкилоти зимистонӣ такрор мешавад.” баромад намуда, дар бораи мушкилоти давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2024 андешаи носолими беасоси худро иброз намуд. Дар рафти ҷараёни барнома бо ҷалби пайравашон бо номи Хайриддин Зафар, Алихон Кабиров ва як қатор тарафдоронаш, ки лақаби гайриоддӣ доранд, аз ҷумла “Мубориз” ,”Чарли Чаплин”чун Муҳаммадиқболи Садриддин, ки пайрави фаъоли наҳзат аст, нисбати миллати тоҷик дасисаю иғвогариро пеша намуданд. Ба хоинони миллат таъкидан гуфтанием, ки шумоён гумроҳшудагон дур аз кишварамон бехабаред, ки бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025″ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2024, № 192 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарбахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024 – 2025» ба тавсиб расидааст. Алҳол, барои бе мушкилот сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистон, масъулини соҳа, аз ҷумла ҶСК “Барқи Тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ ва дигар сохторҳо дар натиҷаи тадбирҳои андешидашудаи ситоди корӣ чорабиниҳои мақсаднок дар мўҳлатҳои муқарраргардида амалӣ шуданд, ки он самараи дилхоҳро ба бор оварда истодааст. Хулоса, бо инобати сард пешгўӣ гардидани зимистони имсола, тамоми сохторҳо, аз ҷумла боргоҳи илму маърифтамон ҷиҳати бемушкилӣ паси сар намудани он ҳамаҷониба омодагии ҷиддӣ дидаанд ва дар тамоми масъулият метавон гуфт, ки кишвари соҳибистиқлоламон имрўз барои гузаронидани сармои зимистони 2024-2025 бо пуррагӣ омода буда, он бо маром ҷараён дорад.
Баромади навбатии бадхоҳони миллат, умуман мавқеъҳои интиқодии Ҳ.Ашуров ва пайравонаш нисбат ба ҳукумату давлат ва ҳадафҳои муғризонаи ҳамон раёсати фирории “Гуруҳи 24” мебошад, ки чи тавре дар боло зикр шуд, бо номи “Ҳақ ва ботил”намоён шуда, суханҳои сафсатаи ифротӣ менамоянд, ки мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад. Хулоса, ҳадафи бадхоҳони миллат аён аст, ки бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт вазъияти кишварро бад карда, мардумро мехоҳанд гумроҳ намоянд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш бояд қайд кард, ки раванди афзоиши паҳншавии ақидаҳои ифротӣ, моро водор месозад, ки бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барем. Амиқтараш бар муқобили инсонҳои тангназарону хиёнаткори Аврупоӣ – Ашуров Ҳусейну пайравонаш ва умуман хоинону душманони миллат муборизаи беамон бояд бурд. Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз он минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳанд кард.