
Мусаллам аст, ки имруз ҷаҳони муосир пур аз ихтилофоти гурӯҳӣ буда, рақобат, хусумат ва кинаангезӣ миёни ақидаҳо инсониятро торафт бештар ба мушкилот мувоҷеҳ сохта истодааст. Дар миёни ин ҳама хушунатҳои қавмӣ амалҳои террористӣ, иғвоангезӣ ва ифротгароӣ бештар мавқеъ пайдо намуда, ба як мушкилоти глобалӣ табдил гаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки хушунату ифрот ҳамчун зуҳуроти зишт бештар ба ҷавонону наврасон таъсир расонида, тавассути онҳо амалҳои харобкунанда ба роҳ монда мешавад. Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд ва намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд. Чунончи, ташкилоти паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли”, ки дар асл ҳамон душмани давлату миллат- ТТЭ ҲНИ аст ва дигар равияҳои ифротӣ мисол шуда метавонад, ки мақсадашон ноором кардани ватани азизамон мебошад.

Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар давоми соли ҷорӣ то имруз як зумра пайравони наҳзат ва “Гуруҳи 24” тавассути шабакаҳои интернетӣ бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон ташвиқу тарғиботашонро ба роҳ монда, ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи динию дуняви ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои ифротию террористӣ сафарбар намудан кўшиш доранд. Дар иртибот ба ин, мисол меорем, яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир” ва дигаре гуруҳаки ифротӣ Ашуров Ҳусейн дар барномаи “Ҳақ ва ботил”, Беҳруз Тағойзода дар барномаи “Садои мардум”, узви фаъоли “Гуруҳи 24” мебошанд, бо навбат тавассути шабкаҳои интернет баромадҳои ифротӣ менамоянд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои ташаккул ёфтани ин гурӯҳҳо гардидааст. Камбудию норасоиҳои ҷузъие, ки дар зиндагии аҳли ҷомеа ҷой доранд, байрақи дасти онҳост. Шахси ноогоҳ дар ибтидо гумон мекунад, ки мақсад аз даъвату муроҷиатҳои ин тоифа бартараф намудани мушкилоту муаммоҳои рӯзгори халқ ва ислоҳи вазъияти ҷойдошта аст. Аммо, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки чунин худнамоишӣ танҳо обро лой кардану моҳӣ доштан мебошад. Агар зиндагиномаи афроди зикршударо таҳлил намоед, ба хубӣ аён мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки Муҳаммадиқболу Хусейн ва Беҳруз дар асл барои ободии диёр ва ба зиндагии шоиста расидани мардум коре накардаанд. То имрӯз касе аз онҳо манфиате надидааст. Мардуми боору номуси кишвар аз гузашти ваќт симои разилонаи М.Садриддин, Ашуров Ҳ. ва Б.Тағойзодаро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд.
Хулоса, ҳар як ҷавони солимфикр вобаста ба масоили матраҳгардида, бори дигар хулосабарорӣ намояд ва аз дируза дида имруз бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали бадхоҳони миллатро холисона баркашад. Умуман, авзои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгаро ва доми найрангу фиреби хоҷагони ин равияҳоро гирем.
Дар интиҳои андешаи хеш мо омўзгорон доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб мегузорем ва тамоми кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона менамоем.
Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ.
