МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ МАВҚЕИ ОШТИНОПАЗИРРО ТАҚОЗО ДОРАД!

 

Аъзоёни  ТТЭ ҲНИ ва роҳбари фирории  он М.Кабирӣ тайи даҳсоли охир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гилоя ва шикваю шикоятдомони интиқоди муғризона барзада,кӯшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷӯҳ ба ҳизби наҳзат ва таъсиси «хилофат» идома медиҳад. Таҳлилҳо собит менамояд, ки  фаъолияти ташкилоти террористӣ, иғвоангез ва хиёнаткор ҲНИ  бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, боз ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Чунончӣ дар асоси маълумоти расонаҳои хабарӣ танҳо дар соли 2020 аз ҷониби сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1091 ҷиноятҳои хусусиятҳои террористӣ-эксремистидошта ошкор ва беш аз 271 нафар аъзо ва тарафдорони равияву гурӯҳҳо дастгир шуданд. Аз ин шумора“Ҳизби наҳзати ислом”- 17 нафар ,”Бародарони мусулмон”-148, “Давлати исломӣ”-39,”Гуруҳи 24”-8, “Ал –Қоида”-3 нафар дастгир шуданд”.  Қайд кардан зарур аст,ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти  навбатии хеш бо ҷавонони мамлакат, ки он  23 майи соли ҷорӣ баргузор гардид,вобаста ба ин гуна ҳолат изҳори нигаронӣ намуда, зикр карданд: Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ баъзе аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳи мо ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат мекунанд, ба обрӯи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ иснод меоваранд, падару модарон ва наздиконашонро дар байни ҷомеа шармсор месозанд. Бахусус, дар шароити имрӯза, ки талоши тамоми қувваҳои иртиҷоиву ифротӣ барои таъсиррасонӣ ба мафкураи ҷавонон ва моил сохтану истифодаи қувваи бузурги онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ равона шудааст, ҷавонони мо бояд бисёр ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва манфиатҳои милливу давлатиро ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунанд.

Тибқи маълумот танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд. Вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Ҳамчунин, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад. Бо баробри ин Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон қайд карданд, ки дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст. Ҳарчанд ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.

Аз ин лиҳоз, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои навбатии Пешвои маҳбуби кишвар,  ҷавонони даврони соҳибистиқлол, ба худ хулосаи зарурӣ бароварда, бояд дар такя бо сиёсати созандаву маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар, ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм мавқеи оштинопазир доранд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунанд. Бо баробари ин дар интиҳои мақолаи хеш иброз медорем, ки дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста шуда, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, тахкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро зарур аст, ки ҷиҳати роҳ надодан ва бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез имрӯз саъю талош варзидан талаботи замон аст.

 

                                         Файзиева С.А.,мудири кафедраи

                                         забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

СУХАНХОИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ  НАҲЗАТИЁНРО  ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

 

Дар тӯли солҳои охир барои расидан ба ҳадафи худ Муҳиддин Кабирӣ собиқ роҳбари ҲНИ, ки алҳол пӯсташро иваз карда “Паймони миллӣ…” ном гузоштааст ва  бо пайравонаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам маводҳои характери зиддидавлатӣ доштаро паҳн намуда истодааст, шадидан маҳкум намуда, фикру ақидаи хешро иброз медорем.

Воқеан дасисакорию фитнабозиҳо пеш аз ҳама кори Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ мебошад.  Аз иғвоангезиҳо ва ба шӯр овардани мардуми оддӣ ва давлати тинҷу ором ин тоифа инсонҳо манфиатдор ҳастанд. Саркардагони ТТЭ ҲНИ аз аввал медонанд, ки пайравони онҳо дар тамоми гӯшаи дунё барои террорист шудан таълим мегиранд. Агар ба мазмуну мӯҳтавои суханрониҳои матбуотию расонавии роҳбари ташкилоти террористии “Паймони миллӣ”- ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз назари таҳқиқ нигарем, аз оғоз ва решаю бунёдаш коштани тухми иғвою тӯҳмат, дурӯғу бӯҳтон, салтанатхоҳӣ ва гумроҳ кардани мардум мебошад. Лозим ба ёдоварист,ки санаҳои 21 апрел ва 25 майи соли ҷорӣ  М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ,” баромад намуда, дар оғози суханронии худ аз “таърих”-и луч, ифтихори пуч, таърихбофию таърихфиребии наҳзатиҳо ва ҳатто шахсиятҳои сатҳи байналмилалиро, аз ҷумла яке аз чумхуриҳо ба мо дӯст Президенти Ҷумҳурии Белоруссия, Лукашенка А. –ро беасос зери эрод гирифт. Инчунин сафсаттаҳои пештарааш баён намуда, ба номи писари худ Руҳулло ишора карда, қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон ба ин номҳо эътиқод доранд, ба пешвоён бузурги исломӣ мансуб аст. Ин боз як далели раднашавандаи наҳзатиҳои мазҳабфурӯш ва бегонапараст мебошад. Роҳбарони  наҳзатиён мазҳаби ҳанафиро фурӯхта,  баробари қабули мазҳаби шиъа номҳои роҳбарони инқилоби исломии Эрон-Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Ҳумайнӣ, Биҳиштӣ, Муттаҳаррӣ, Руҳулло, Ҳусайнӣ ва ғайраро ба фарзандони худ гузоштаанд. Масалан писарони раиси собиқи ҲНИ Абдуллои Нурӣ – Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, писарони раиси ҳозираи ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ – Руҳулло, Муртазо, Биҳиштӣ, Меҳдӣ, писарони муовини аввали раиси собиқ ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ – Саидмеҳдӣ, Саидҷавод, Биҳиштӣ, писари узви раёсати ТТЭ ҲНИ Шамсиддин Саидов – Руҳулло, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Ин хоинони миллат, Ватан, дину мазҳаб намедонанд, ки чи тавр садоқат, ғуломи ҳалқабаргӯш буданашонро ба хоҷагони хориҷиашон нишон диҳанд, бо кадом шеваи ҷилваю рақс, мисли раққосони дарбори амирони манғитӣ ба онҳо хизмат кунанд ва мақбул шаванд. Ба пиндори онҳо ин номҳои “ифтихорӣ” гӯё ақлу дониш ва фаросати онҳоро афзун месозад.

Вазъияти имрӯзаи баамаломада, аз ҳар як сокини бо нангу номуси кишвар тақозо мекунад, ки фирефтаи ҳар гуна ашхоси нопок нагарданд ва нагузоранд, ки сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ халалдор шавад. Бинобар ин дар ин замина ҳар як фарди Ватандӯст, соҳибвиҷдон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ҳар субҳи сафо шукронаи оромиву ободии Ватан кунад.  Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти  навбатии хеш бо ҷавонони мамлакат, ки он  23 майи соли равон баргузор гардид, қайд карданд: Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мардуми кишвари озоду ободи мо имрӯз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рӯ, давру замон дар назди мо- аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 30-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.

 

                                    Манонова Р., дотсенти кафедраи

                                    забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

ДУРӮЯГӢ ВА ИФРОТГАРОИИ ҲАЙФУЛИҚБОЛ

Таърих собит менамояд, ки миллати тоҷик дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолаи хеш аз ҳуҷумҳои ногаҳонии “ҳамдиёрони худ”, мутаассифона, зулму ситами зиёде дидааст. Дар робита ба ин ба ёд меорем қаҳрамониву далерии Темурмаликро, вале кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои худ мулкро ба дасти чингизиён дода буданд. Ин ашхоси буздилу бегонапарасти хоин имрӯз низ, чун Муҳаммадиқболи Садриддин ҳастанд. Ин ҳайфулиқболи нотавон тавре худ дар мақолаву баромадҳои подарҳавояш менигорад, маъруфтарин лагандбардорон ва аз мунофиқтарин “сарбози фидои”-и ташкилоти террористию экстремисттии ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷӣ мебошад. Номбурда имрӯз бо таъсиси сомонаи ифротӣ бо номи “Пайванд” худро “донандаи асили ислом” муаррифӣ намуда, бо роҳи дурӯғбофию бӯҳтонзанӣ дастовардҳои давраи сохибистиқлоли кишварро нодида гирифта, нисбати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани иғвоангезона мегӯяд. Ин дурӯяи ватанфурӯши бешараф, дар баъзе ҳолатҳо Иқболбӣ ҳам мегӯянд, банди нафсу пулҳои ҳангуфти ҳоҷагони хориҷӣ шуда, вазифааш аз субҳ то шом тайёр кардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ва ё он нафар мебошад. Маҳз ҳасудхӯриаш, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба бешарафӣ ном баровардааст. Дар робита ба ин бояд ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар филми мустанади қисми 7-уми “Хиёнат“, бо номи “Бешарафӣ” бешарафии Муҳаммадиқбол Садриддин -ҳайфулиқбол бори дигар аёну тасдиқ шудааст.

Ҳаводиси охир, паҳншавии бемории сироятии коронвирус “COVID-19″ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ин ҳақиқатро собит сохт, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда аст ва шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст.Мубориза ба мӯкобили терроризиму экстремизм ва дар умумҳамаи падидаҳои номатлубва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар интиҳои андешаҳои хеш ба ин нафарон хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рӯҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

                    М МАҲМУДОВА,

                           ассистенти кафедраи назарияи иқтисод

Изҳороти шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ нисбати суханҳои иғвоангезонаи М.Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоӣ

 

Мо, кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада санаи 25  майи соли равон тариқи шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи “Паймони миллӣ..” собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ баромад намуда буд, назарсанҷӣ карда, хиёнаткори миллатро шадидан маҳкум намуда, нисбати лофзаниҳояш андешаронӣ менамоем. Кабирӣ рӯзҳои охир чун “тӯтии сухангӯ” такрор ба такрор ва беасос дастовардҳои давраи сохибистиқлоли кишварро нодида гирифта, бо баробари ин нисбати шахсиятхои сатҳи ҷаҳонӣ суханашро иғвоангезона баён дошт. Чунончӣ нисбати Иосиф Сталин мисолҳои бемавриду бемавқеъ андешаронӣ намуда, мавқеи манфии худро зикр намуд. Мо,ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол ҳастем фикру андешаи солим дорем ва аз таърихи ҶБВ бохабар ҳастем ва фаромӯш намекунем, ки дар рушду нумуъи давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як узви он маҳсуб меёфт, нақши И.В.Сталин ҷойгоҳи хоси худро дорад. Аз ин хотир мо ҷавонон ба ин  масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар намунаи равшани фаъолияти чеҳраҳои мондагор бо раҳнамоии устодон дар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ тарбия гирифта истодаем.

Инчунин М.Кабирӣ дар рафти баромадаш Президенти Ҷумҳурии Белоруссия, Александр Лукашенкаро эрод гирифта, вобаста ба масъалаи  фурудгоҳ ва  сиёсати пешгирифтаи он андешаи носолим баён кард. Ба андешаи мо ҷавонон чи нисбати Президенти Ҷумҳурии Белоруссия Лукашенко А. ва ё умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, ҳар афрод бояд бо эҳтиёт сухан  гӯяд! Бо баробари ин  зимни баромадаш М.Кабирӣ дар бораи роҳбарони фашистон, оид ба Гитлеру Гебелс ва китоби он, сухан кард. Ин чӣ маънӣ дорад?! Кабирӣ дигар коре надорад!

Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад  ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ ва дин баҳоигузории худро доранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 -юми моҳи майи соли равон зимни мулоқот бахшида дар яке аз ҷашнҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавонон ба мо ҷавонон дастуру супоришҳои навбатиашонро  дода, аз ҷумла таъкид карданд: Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мо, ҷавонон ҷиҳати амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омодаем ва дар ин самт фаъолияти хешро ба роҳ монда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир ҳастем, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ карда, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ мемонем, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст дошта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя мекунем, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намуда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо меоварем.

Хулоса мо, ҷавонон ба ғавғоҳои беасосу бемантиқи қувваҳои аҳриманӣ дода нашуда, бо дарки амиқи ҳадафҳои неки созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, қуввату ғайрати худро минбаъд низ ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона месозем.

СӮИҚАСД БА АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Сайф Раҳимзоди Афардӣ яке аз намояндагони барҷастаи адабу фарҳанги миллӣ буд, ки бадбахтона дар авҷи камолоти эҷодиаш аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуд. Ин адиби забардасти тоҷик 20 майи соли 2000-ум дар назди даромадгоҳи манзили истиқоматиаш аз тарафи яке аз қотилони ТТЭ ҲНИ – Раҳим Қаландаров бо шеваи бераҳмона ба қатл расонда шудааст. Маълум аст, ки ин амали нангин ва тарсуёнаро раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо мақсади тарсафканӣ ва зарба задан ба илму маърифат ва рушду тараққии миллат анҷом додаанд.

Изҳороти кафедраи математекаи олӣ ва технолоияҳои инноватсионӣ нисбати лофзанииҳои М.Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоӣ (аз 25 майи соли 2021)

 

Мо омӯзгорои кафедра шоҳиди он гардидем, ки яке аз хиёнаткори фирорӣ -роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ, санаи 25 майи соли ҷорӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи “Паймони миллӣ…” баромад намуда, чун солу рӯзҳои қаблӣ боз худро “сиёсатшиносу адолатпарвари доно” нишон дода, нисбати шахсиятҳои сатҳи байналмилалӣ лофу газоф зад. Чунончӣ, дар рафти баромадаш нисбати Иосиф Сталин мавқеи манфии худро нишон дод. Набояд фаромӯш кард, ки нақши ин чеҳраи машҳури сиёсӣ дар ғалабаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Германияи фашистӣ хеле бузург аст. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Белоруссия Александр Лукашенкаро эери танқид қарор дода, роҷеъ ба масъалаи сиёсати пешгирифта ва фурудгоҳ суханҳои иғвоангез баён дошт, ки воқеан ин гуна баромаду лофзаниҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҷоиз нест! Алалхусус бо забони тоҷикӣ ва ҳатто дизар забон бошад ҳам.

Бо баробари ин  зимни баромадаш доир ба бегуноҳӣ ва озод намудани  Иззат Амон  ҳарф зад. Ҳол он ки Иззат Амон ба гуноҳҳояш иқрор шудааст.  Воқеан офтобро бо доман пӯшида намешавад. Хотиррасон бояд кард, ки дар назди қонун гунаҳкор будан ва набудани ӯро танҳо Суд муайян мекунад.Инчунин оид ба Гурӯҳи 24 сухан карда, ба мазмун фаъолияташро мусбӣ арзёбӣ намуд. Хулоса имрӯз дар давараи пандемияи бемории сироятии короновирус “COVID19″  ба хабарҳои бардурӯғ ва суханҳои фитнаангези М.Кабирӣ ба касе лозим нест!

Дар интиҳои изҳороти хеш иборз медорем, ки мардуми тоҷик хуб огоҳанд, ки собиқ аъзоёни ҲНИ, бахусус Муҳиддин Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин тайи чанд соли охир лиқои қалбакии худро пӯшида, мардумфиребиро шуғл карда буданд. Рукнҳои дини мубини исломро дар шакли ғалат тарғиб карда, ба чашми одамон хок мепӯшиданд. Вале имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ТТЭ ҲНИ-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд.

ДУРӮҒГӮИИ НАВБАТИИ М.КАБИРӢ БОЗ АЁНТАР ШУД! 

 

Дар охири моҳи майи соли равон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ,  дар яке аз барномаи Паймони миллӣ хиёнаткори фирорӣ М.Кабирӣ дар муддати 1,5 соат баромад намуда, дастовардҳои давраи сохибистиқлоли кишварро нодида гирифта, оид ба масоили дурӯғ ҳарф зада, худ дурӯғгӯӣ намуд. Дурӯғгӯӣ ҳам ҳадду канор дорад. Доир ба ин дар урфият мегӯянд

Дуруғ одамиро кунад бевиқор,

Дуруғ одамиро кунад шармсор.

Бале дар ҳақаиқат дурӯғ одамро шармсор мекунад. Аммо дурӯғҳои навбатии М.Кабирӣ миллатро низ шармсор карданаш аз эҳтимол дур нест. Зеро зимни баромадаш дар бораи роҳбарони фашистон, оид ба Гитлеру Гебелс ва китоби он, сухан карда, бо барбари ин нисбати Иосиф Сталин мавқеи манфии худро нишон дод. Сухану мисолҳои бемавриду бемавқеъ ва дурӯғгӯӣ  ба кӣ лозим?!

Кабириро хотиррасон мекунем, ки ба фаъолияти чеҳраҳои машҳури сиёсӣ мавқеъи худ ва ё нисбаташ баҳо додан ҳуқуқ надорад. Таърихро инкор карда намешавад ва он гувоҳ аст!  Ёдовар шудан зарур ва бамаврид аст, ки аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ 76 сол сипарӣ мешавад, вале аҳамияти ғалаба бар фашизм сол ба сол бештар мегардад, чунки пирӯзӣ осон ба даст наомада, барои он даҳҳо миллион одам қурбон гаштаанд. Набояд фаромӯш кард, ки дар рушду нумуъи яке аз давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як узви он маҳсуб меёфт нақши И.В.Сталин ҷойгоҳи хоси худро дорад. Аз ин хотир бояд, ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар намунаи равшани фаъолияти чеҳраҳои мондагор шогирдонродар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ тарбия намудан ба манфиати давлат аст.

Инчунин дар ҷараёни баромадаш Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Белоруссияро эери эрод гирифта, оид ба масоили  сиёсати пешгирифтаи ҷумҳурии бо дӯст лофу газоф зад. Нисбати ин суханҳо сиёсатмадорони Ҷумҳурии Белоруссия чи хел қабул ва баҳо медиҳанд?!  Ба андешаи мо чи нисбати Президенти Ҷумҳурии Белоруссия  А. Лукашенко ва ё умуман нисбати шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, даҳҳо маротиба бо эҳтиёт санҷида бояд сухан гуфт.

Ҳамзамон яке аз ташкилоти ба ҳамагон маълум “ҲАМОС”- ро  тавсиф кард, ки гӯё он ба амалҳои содирнамудаш бе ягон тарсу ваҳм иқрор мешавад. Бо баробари ин дар бораи озод намудани  Иззат Амон  ҳарф зад. Ҳол он ки Иззат Амон оқибат БЕИЗЗАТ шуда, ба гуноҳҳояш иқрор шудааст. Ба ғайр аз ин оид ба Гурӯҳи 24 сухан карда, ба мазмун фаъолияти онро мусбӣ арзёбӣ намуд. Умуман доир ба масоили матраҳшуда шарҳу эзоҳ хеле зиёданд…

Дар интиҳои мақолаи хеш қайд менамоям, ки суханҳои М.Кабириро шадидан доимо маҳкум мекунем ва баромади навбатиаш нисбати шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ дар миқёси байналмилалӣ қобили қабул нест! Бо забони тоҷикӣ ва ҳатто дигар забон бошад ҳам! Умуман вобаста ба сиёсати дохилии ҳар кишвар ҳеч кас ҳаққи баҳо ва сухан карданро надорад! Алалхусус ватанфурӯшу иғвогари миллат!

                                        Қаюмов А.,устоди ДИС ДДТТ

БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ҒАРҚ ДАР КИШТИИ БАЛОАНД!

Имрӯз бадҳоҳони миллат дар киштии ғарқшаванда қарор доранду, чун калламушон барои наҷот ёфтан худро ба ҳар кӯ мезананд. Аниқтараш наҳзатиён барои пуштибонӣ аз ташкилоту давлатҳои абарқудрат кӯмаку мадад пурсида, боз барои пайдо кардани ҳоҷагони хориҷии навашон ният доранд. Воқеан оқибати ватанфурӯшони миллат ҳамин аст ва имрӯз бадхоҳони миллат ғарк дар киштии балоанд!

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои қаблӣ наҳзатиён бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба бадномкунии миллати соҳибистиқлоламон кӯшиш ба харҷ дода истоданаш ба мушоҳида мерасид. Соли равон бошад бо донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо-и Эрон барои сафед кардани гуноҳояш вохурӣ доир намуд. Дар робита ба қайд кардан зарур аст, ки Вазорати корҳои хориҷии ИМА донишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Имрӯз бошад роҳбари наҳзатиён М.Кабирӣ бо бозию найрангҳои навбатии сиёсиаш дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА мусоҳиба гузаронида, боз нисбати кишвари мо иғвою тӯҳматои беасос карда, бо баробари ин собиқ ҲНИ ва Гурӯҳи-24-ро ҳамчун қадами асосӣ дар раванди демократиясозии кишвар мешуморад, ки он ягон асосу мантиқе надорад. Амалу гуфторҳои навбатии наҳзатиён собит менамояд, ки ҷеҳраи манқурт ва дурӯягиашон бори дигар тасдиқу исбот шуд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки қаблан амалҳои наҳзатиёни хиёнаткор дар филмҳои мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”ва “Хиёнат” аёну исбот шуда буд.

Хулоса дар доираи ақидаи пучу бемаънӣ иродаи сиёсиро ба ҳар як хадамоту ташкилот марбут донистан аз заифи сиёсии наҳзатиён ва умуман аз ноустувории фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии террористии он дарак медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки хеҷ ҳизбу равияҳои ифротӣ ҳаргиз ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!

 

                                                 Ф.Мамадҷонов, устоди ДИС ДДТТ

Изҳороти шуъбаи магистратура ва докторантураи ДИС  ДДТТ нисбати мусоҳибаи М. Кабирӣ дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА

 

Мо, кормандони шуъба бо мӯҳтавои мусоҳибаи М.Кабирӣ, ки дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баромад намудааст, шинос гардида, доир ба он фикру мулоҳизаҳои хешро баён менамоем. Қабл аз ҳама бояд қайд кард, ки имрӯз М. Кабирӣ дар киштии ғарқшаванда қарор дораду, чун калламуш барои наҷот ёфтан худро ба ҳар кӯ зада истодааст. Яъне барои кӯмаку пуштибонӣ аз ташкилоту давлатҳои абардқудрат мадад пурсад. Бояд ёдовар шуд, ки қаблан наҳзатиён бо САҲА ҳамкорӣ дошта, оқибат ба мақсад нарасиданд. Инчунин бо донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо-и Эрон барои сафед кардани гуноҳояш вохурӣ доир намуд. Дар иртибот ба ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки қаблан Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон карда буд, ки донишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Ин таҳрим аз тарафи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА бо қарори махсус анҷом шудааст. Имрӯз бошад М.Кабирӣ дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА мусоҳиба гузаронида, барои манфиати сиёсии худ нисбати кишвари мо иғвою тӯҳматҳои беасос карда, бо баробари ин собиқ аъзоёни ҲНИ ва Гурӯҳи-24-ро ҳамчун қадами асосӣ дар ростои демократиясозии кишвар мешуморад, ки ягон мантиқе надорад. Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, боқӣ қазоват ба хонандаи закӣ ва ҳушёру бедори ин сатрҳост…

Ба наҳзатиёни хиёнаткор бори дигар таъкид намуда, хотиррасон мекунем!!!  Гузашти замон ва таҷрибаи таърихи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар собит кард, ки роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назари ҳам стратегӣ ва ҳам сиёсӣ дуруст аст. Ин сиёсат ба раванди аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд. Дар ин бора роҳбари собиқи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кротов Михаил Иосифич зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 ба вуқӯъ пайваста буд, бамаврид қайд кардааст: Сулҳи ба даст овардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст, дар тӯли 50 соли охир назири худро надорад. Инчунин собиқ Президенти Ҳиндустон марҳум Кочерил Раман Нараянан соли 2001 чунин иброз дошта буд: Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард.

Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Бо азму талоши фузун, пайкорҳои созандагиву бунёди пешвои маҳбуби мамалакат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад.

Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда  сокинони овозадори вилояти Суғд ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори  давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар намуда, 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатиамонро бо дастоварди назаррас пешвоз мегиранд.

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Сифати обҳои нӯшокии шаҳри Хуҷанд: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо»

Санаи 25-майи соли 2021 дар МДТ-и «Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд» бо ташаббуси Раёсат, шуъбаи илм ва инноватсия, факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ ва кафедраи ҷомеашиносӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Сифати обҳои нӯшокии шаҳри Хуҷанд: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» гузаронида шуд.

191213674_3128284707403290_7011844300368673141_n
previous arrow
next arrow
191213674_3128284707403290_7011844300368673141_n
190287298_3128284877403273_5399246745153788340_n
191165645_3128284984069929_2749290719091644470_n
191516035_3128284990736595_891339468270197581_n
190508571_3128284820736612_2567970016557500107_n
190397145_3128284774069950_1112045814189824036_n
190547215_3128284937403267_2283235991541784057_n
190472287_3128284847403276_2724013713833007415_n
190645743_3128284957403265_6937707106685049363_n
190921278_3128284760736618_3612317203915653954_n
191531345_3128284394069988_1177628129934223984_n
190389727_3128284674069960_8220909010756286422_n
189381465_3128284590736635_6539192626601782178_n
previous arrow
next arrow

Директори Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба кори мизи мудаввар ифтитоҳ бахшида, оид ба аҳамияти об дар ҳаёт, фаъолият ва рушди устувори ҷомеа далелҳо оварда, гуфтанд, ки ҳастии наботот, ҳайвонот, инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Сипас суханро ба ташкилкунандагон дода, ба кори мизи мудаввар комёбиҳо орзу намуданд.

 Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, дотсент Ҷонназарова Д.Х. дар гузориши худ  дар бораи таърихи эълон кардани Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ва аҳамияти он дар ҳалли масъалаҳои оби тоза сухан карданд.

Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Мирпочоев Д.А. дар бораи аҳамияти сиёсӣ ва иқтисодии сарватҳои об маълумот дода, гузаронида шудани мизи мудавварро бахшида ба чунин масъалаҳои мубрами рӯз саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Сардори ташхисгоҳи оби нӯшокии Хуҷанд – обуканал Рустамова М. бо маърӯза дар мавзӯи «Сифати оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд» баромад намуданд. Мавсуф дар бораи фаъолияти ин ташхисгоҳ дар муайян кардани таркиби оби нӯшокии минтақаҳои гуногуни шаҳр ва беҳтар кардани сифати он маълумотҳои дақиқ ва навтарин пешниҳод намуданд. Ғайр аз ин, оид ба аҳамияти ташкилоти Хуҷанд – обуканал дар беҳтару хубтар кардани таркиби оби нӯшокӣ бо мисолҳои сершумор ба ҳозирин иттилоъ доданд.

Пас аз маърӯза Рустамова М. ба саволҳои иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба сифати оби микроноҳияи 18, сабабҳои дурушт ё мулоим будани оби нӯшокӣ, қоидаҳои истеъмоли он ҷавобҳои далелнок ва маслиҳатҳои муфид доданд.

Мудири бахши илмӣ-тадқиқотии филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобоев Б.Д. дар мавзӯи «Рекомендации по уменьшению концентрации радона в воде» баромад намуданд. Бобоев Б.Д. дар бораи миқдори моддаи радиоактивии радон дар оби нӯшокӣ, хатари он барои саломатии одам, роҳҳои безарар намудани ин гуна оби нӯшокӣ маълумот доданд. Ҳамаи ин маълумотҳо натиҷаи кори илмӣ-тадқиқотии олим буда, бениҳоят дақиқ ва далелнок пешниҳод гардиданд.

Иштирокчиён ба маърӯзачии мазкур бо суолҳои марбут ба обҳои шифобахши радондори осоишгоҳи «Хоҷаобигарм», таъсири мусбӣ ва манфии ин чашмаҳо ба саломатӣ, усулҳои кам кардани миқдори радон дар обҳои нӯшокӣ дар шароити хона ва ғайра муроҷиат намуда, посухҳои илман асоснок гирифтанд.

Дар мавзӯи «Усулҳои безараргардонии обҳои партовии ҶДММ «Элегант» муаллимаи калони кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Саксанова Н. баромад намуданд. Муаллима оид ба фаъолият ва истифодабарии об дар раванди истеҳсолоти ин коргоҳ рақамҳои аниқ пешниҳод карданд. Дар корхонаи «Элегант» обҳои партовӣ бо усулҳои гуногун, ки аз тарафи олимон ихтироъ шудаанд, тоза шуда, боз якчанд бор истифода бурда мешаванд. Яъне фаъолияти ин корхона ба меъёр ва қонунҳои экология пурра ҷавобгӯ  ба роҳ монда шудааст.

Ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Комилова Ф. дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои оби тоза» бо забони англисӣ баромад карда, оид ба таърихи эълон намудани «Соли байналхалқии оби тоза» (2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015) , Даҳсолаи амалҳои «Об барои рушди устувор» (2018-2028) маълумот пешкаш намуда, оид ба натиҷаҳои ин ташаббусҳои муҳими Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Масъалаҳои беҳдошти сарватҳои об ва оби тоза,  гармшавии сар то сари иқлим, беист баланд шудани ҳарорати миёнаи сайёра ва дигар масъалаҳои глобалии экологӣ, ки таъсири манфии худро расонида истодаанд аз ҷониби маърӯзачӣ махсус таъкид карда шуданд.

Дар музокирот устодони фанни экология, аз ҷумла, Дониёрова М. сухан карда, оид ба усули биологии тоза кардани обҳои партовӣ ва сифати оби тозашуда дар корхона саволу ҷавоб доир намуданд.

Дар охир донишҷӯи курси I,  ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Исмоилова М. дар мавзӯи «Ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат дар масъалаи оби тоза» баромад карда, ба иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба масъалаҳои сарватҳои об дар Паёмҳои сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул шудани Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ 21 декабри соли 2016 – Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида, аз тарафи 177 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, маърӯза намуд.

Мудири шуъбаи илм ва инноватсия, дотсент Камолов Ф.А. роҷеъ ба аҳамияти об дар ҳаёти инсон ва усулҳои муосири инноватсионӣ, ки дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон ихтироъ гардидаанд, ибрози ақида намуданд.

Дар фарҷоми кори мизи мудаввар дотсент Ҷонназарова Д.Х. ба ҳамаи иштирокчиён, хусусан маърӯзачиҳо ва меҳмонон миннатдории ҳудро баён карда, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуданд.