ГУМРОҲОНУ НОТАВОБИНОН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

Мо тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем,ки иддае аз фарзандони хиёнатпешаву гумроҳону нотавонбинони – Кабирию Муҳаммадиқболи бешараф тибқи роҳнамоии хоҷагонашон дар ҳар гӯшаву канори дунётариқи шабакаҳои ичтимоӣ бо мақсади сиёҳ намудани Ватани аҷдодии худ ва барои амалӣ намудани мақсадҳои муғризонашон аз ҳар гуна разилиҳо рӯ намегардонанд, чоҳ ба зери пои худ мекананд. Ба ҳукумати қонунии Тоҷикистон бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд, аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Ин ашхос яке ба мардуми тоҷик бисёр хиёнат кардаасту дигаре бошад бешараф аст. Нафаре, ки обрӯи миллати тоҷикро дар саҳнаи дунё ҳамчун як шахсияти террориства аз бешарафи резонид. Дини мубини Исломро ба як бозичаи дасти хориҷиён табдил дод. Мардумро ба роҳи фиреб андохт ва дар мамлакат бозори хиёнатро гарм кард. Метавон таъкид кард, ки М. Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш саркардагони хушунатҳои диниву ақидавӣ дар Тоҷикистон аст. Таърих гувоҳ аст,ки Кабирию Муҳаммадиқбол . имрӯз дар хориҷи кишвар дур аз Ватану миллат ба сари халқи худ, ҳукумати конститутсионии он борони тӯҳматро рехта, фикр намесозад, ки фарзандони шири софу поки модари тоҷикро чашида ба камол расидагонро роҳгум зада, бо ваъдаҳои хушку холии худ он бегуноҳонро боз ба вартаи ҳалокат равона сохтан мақсад дорад
Бинобар ин ҷавонони имрӯза бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба қадри неъматҳои даврони истиқлол бирасанд ва барои расидан ба зиндагии аз ин ҳам шоистатар кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди шуъбаи табъу нашри
ДИС ДДТТ

КӮРНАМАКОНИ МИЛЛАТ

Имрӯзхо хиёнаткор, хоинони миллат, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Сддриддин ва думравони ТТЭ ҲНИ Беҳрузи Тагойзода, ки яке аз ҳаракати ифротӣ бо номи Гурӯҳи 24 мебошад, тариқи шабакаҳои ичтимоӣ дар барномаҳои ифротиашон дастовардҳои беназири Тоҷикистони азизро нодида гирифта, беасос нисбати роҳбарити Ҳукумати кишвар туҳмату ғайбат мекунанд. Хол он, ки ин кӯрнамакони миллат оид ба масоили сиёсӣ хеле дуранд ва умуман сарфаҳм намераванду, аз ҳарчи ба даҳонаш оянд бе мантиқу сафсата сухан мегӯянд.
Воқеан вақт довар аст, ки кӯрнамакони миллат- Муҳаммадиқболу Беҳруз оқибат хоки ватан кӯр хоҳад кард. Ин кӯрнамакон набояд фаромӯш кунанд, ки ин тaзоҳуроту ҳамоишҳояшон дигар рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд.
Таъкидан хотирррасон менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талкин мекунад.
Имрӯз бояд ҳар кадоме аз шаҳрванони боору номуси кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, амалҳои номатлуби нафароне хиёнаткору бадрафторон ва кӯрнамаконро маҳкум намоем.
Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем ва нагузорем, ки хоинони миллату давлат бо ҳар гуна роҳҳо тинҷиву оромии ватани азизи моро халалдор намоянд .

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати фаро расидани Соли нави милодии 2022

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ, саломатию тандурустӣ ва дар ҷодаи фаъолияти пурмасъулият барору комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.
Баъди чанде соли 2021 бо ҳама файзу нусрат, барору муваффақиятҳои беназираш ба китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид мегардад. Соли сипаришуда дар партави ғамхории доимӣ ва татбиқи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои азим, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ривоҷи дӯстию робитаҳои ҳамкории судманд ба вуқӯъ пайвастанд. Фараҳбахштарин воқеаи соли 2021 он буд, ки мардуми сарбаланди кишвар бо шодию фараҳ якдилона ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор таҷлил намуданд.
Бо ҳама нияту орзуҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодии 2022-ро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракоти зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву шукуфоӣ орзумандам.
Соли нави мелодӣ мубораку хуҷаста бод!

НОСИПОСОНИ МИЛЛАТ

Мушоҳидаҳо собит менамояд ва борҳо мо оид ба фаъолияти бадхоҳони миллт – Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонаш андешаи хешро иброз дошта будем. Такрор ба такрор қайд менамоем,ки ин ашхоси дурӯя пас аз носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат доранду ором надорад. Бо ҳар васила фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор сохтан ва пешрафти Тоҷикистони азизро нодида мегирад ва дигар кору илоҷе надорад.Кораш кофтукоби айби касон аст! Чунин ашхос ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ва яке аз аъзои ҳаракати ифротӣ –Гуруҳи 24 Бехрузи Тагойзода мебошад, ки ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Ин афрод мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян ба хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии онҳо имрӯз барои амалӣ намудани мақсади ғаразнокашон кӯшиши беҳуда доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари кишварамон аз гуноҳи бештари собиқ аъзои ҲНИ гузашт карданд.Аз соли 1997 то сентябри соли 2015 фоизи муайяни ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин шуда буданд.ВАле мутаассифона, ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда, роҳбарону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ то ҳол хулосабарорӣ накардаанд ва аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллати мо санги маломат мерезанд.
Кӯшишҳои навбатии носипосони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Биноабар ин, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.
Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки имрӯз мамлакатамон бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, бо дастовардҳои назаррас ва шукуҳу шаҳомати хоса истиқболи таҷлили ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест.

Д. ШАРИПОВ,
сармуаллими кафедраи ҳуқуқшиносӣ

Тақдими дипломҳои дараҷаи илмии доктори илм ва номзади илм

Санаи 29 декабр дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба устодон, ки соҳиби дипломҳои дараҷаи доктори илм ва номзади илм гардиданд, тақдим карда шуд.
Аз ҷумла, ба дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Алиева Рафоатхон Рашидовна дипломи дараҷаи доктори илмҳои таърих, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия, ба ассистенти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Бобоҷонова Муаттар Муротҷоновна ва ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ Шарипова Шаҳноза Абдуразоқовна дипломи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ, ки аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст, супорида шуд.

IMG_2803
previous arrow
next arrow

ПАЁМ – РАҲНАМОИ РУШДИ ҶОМЕА

Мо устодони донишкада, тариқи барномаҳои телевизиони чумҳуриявӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тамошо намуда, ба худ маълумоти зарурӣ гирифтем ва дар иртибот ба ин андешаҳои хешро иброз медорем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни ироаи Паёми навбатиашон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2021 баён намуданд, ки барои мо сармашқи кор дар соли 2022 мебошад.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои асосии давлат дар соли оянда муайян гардид ва онҳо барои ҳалли масъалаҳои аввалидараҷаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ гузошта шуд, ки танҳо бо такя ба нерӯи мардуми Тоҷикистон ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи халқамон амалӣ хоҳад шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дастовардҳои дар сӣ соли даврони истиқлолият, мушаххасан маълумот додаанд, ки воқеан Тоҷикистони биҳиштосои бе мислу монанд, гул гул шукуфта, ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад. Пешвои маҳбуби миллат бо ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Баробари ин зикр шуд, ки кишвари мо барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Инчунин дар Паёми навбатӣ доир ба самтҳои асосии маорифи имрӯза аз назари нав дида шуд ва он бо чунин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат оғоз ёфт: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Баробари ин дар Паём ба масъалаи таҳсилоти олии касбӣ эътибори махсус дода шуд. Аслан дар зери мафҳуми «таҳсилоти олӣ» ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт, илм, техника ва маданият фаҳмида шуда, он аз навовариҳои илм, маданият ва техника истифода бурда, мушкилоти назариявию амалиро бартараф кардан аст. Мақсади асосии таҳсилоти олӣ ҷавобгӯ будани ба талаботи замон, соҳибихтисос, рақобатпазир, маълумоти олӣ доштан, мусоидат намудан ба рушди илм, фарҳанг, иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, тафаккури мустақилона, маънавиёти баланд тайёр кардани мутахассисони баландихтисос мебошад. Доир ба ин масъала мулоҳизаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аст: “Раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Баробари ин яке аз нуктаи муҳимро бояд зикр намуд, ки Сарвари кишвар, аз ҷумла, қайд намуданд: Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад ва зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Баробари ин зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ, дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
Мо устодони ДИС ДДТТ Паёми имсола, ки раҳнамои ҷомеа аст, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй тарбия намудан тадбирҳои муассир андешида, бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ѓайрати хешро сафарбар хоҳем намуд.

ШАРИПОВ А.Қ.,
устоди ДИС ДДДТ

Баландбардории рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси принсипҳои раванди Болонӣ (ICEG)

Санаи 29 декабр дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” зерлоиҳаи “Баландбардории рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси принсипҳои раванди Болонӣ (ICEG)” бо мақсади мусоидат ва ҳалли масъалаҳои бо кор таъмин намудани хатмкунандагон-иқтисодчиён, мутахассисони соҳибкасби ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат мизи мудаввар бо иштроки корфармоёни маҳаллӣ оид ба баррасии барномаҳои таҳсилот дар доираи лоиҳа коркард шуда, баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар муовини раиси Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи ҶТ, роҳбари ҶДММ “Равзана” Сангин Илҳом, сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодии Сарраёсати агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Алибоева Хосиятҷон, мутахассис оид ба интихоби кормандони “Бонки Эсхата” Бобоҷонова Нигора, IT – мутахассис дар шуъбаи кадрҳои ҶДММ “Фаровон-1” Хуршед Бобоев, менеҷери калони шуъбаи робитаҳои шарикии “Алиф Бонк” Бахтиёр Мирзосодиқов, менеҷери лоиҳаи ICEG Иномҷон Аминов, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Далерҷон Мирпочоев, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Саидқосим Мухторов, коршиноси пешбари лоиҳа Анастасия Комарова, сармутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Содирхон Умаров, муаллими калон кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шӯҳрат Қобилов, иштирок намуданд.
Аз ин ҷиҳат сифати таҳсилот ва касбомӯзиро боз ҳам беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани хатмкунандагон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.
Сараввал менеҷери лоиҳа, профессор Иномҷон Аминов меҳмононро хайрамақдам гуфта, мақсад ва моҳияти ташкили мизи мудавварро зикр намуда, дар навбати худ қайд кард, ки: “Мо бояд салоҳиятнокии мутахассисонро тарбия кунем, ки вай бояд кадом корҳоро карда тавонад ва барои ба талаботи корхонаҳо омода бошанд”. Дар рафти семинар намояндагони ҳар ташкилот атрофи масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон фикру ақида ва пешниҳодҳои худро изҳор намуданд. Масъалаҳои муҳим оид ба маҳдудихтисос (узкая специализация), дарсҳои амалӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи макети корхона дар дарс, истифода бурдани донишҳои назариявӣ дар амал, донишҷӯёнро аз курсҳои аввал омода намудан барои мантиқан беҳтар фикр намудан ва ба талаботҳои корфармо ҷавобгӯ шудан ва дигар ғайра пешниҳод шуданд. Роҳбари ҶДММ “Равзана” Илҳом Сангин дар баромади худ қайд карданд, ки: “Дар кишвари мо фаҳмиши “кор нест ва коргар нест” бисёр паҳн шудааст ва мо бояд дуруст омода намудани коршиносонро ба пеш монем, то ки ҳар дуи инҳо бо якдигар пайваст бошанд”. Мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Саидқосим Мухторов низ баромад намуда, гуфт, ки “Яке аз дигаргуние, ки низоми маорифи мо талаб мекунад ин муносибати донишгоҳ ва бахши хусусӣ аст. Яъне, ки донишгоҳҳо бояд ба корфармоён ба нигоҳи мизоҷ нигоҳ кунанд.” IT – мутахассис дар шуъбаи кадрҳои ҶДММ “Фаровон-1” Хуршед Бобоев фикрҳои муҳимро оид ба интихоби ҷойи кор ва кор дар корхонаву муносибат бо ҳамкасбонро зикр намуда, “Дар давоми дарс бояд фикри донишҷӯён низ гирифта шавад, ки чӣ гуна дишаргуниҳо бояд илова кунем, барои чӣ, то ки дар оянда аз рӯйи маълумоти ҷамъшуда нақшаи дарсии мукаммалтар омода шавад. Аз даврони курси аввал буданашон донишҷӯёнро бояд ба мантиқан фикр кардан омода кунем, то ки дар оянда дар ҷойи корашон бо масъалаҳое, ки рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ба осони аз ӯҳдааш бароянд”. Коршиноси пешбари лоиҳа Анастасия Комарова дар бораи на фақат дониши назарияви гирифтани донишҷӯён балки дар амалия, дар сохтани ягон лоиҳа донишҳояшонро низ истифода баранд баромад намуд. То солҳои то 2025-2030 яке аз талаботҳое, ки дар бозори ҷаҳонии меҳнат талаб хоҳад шуд, ин қобилияти таҳлилӣ мебошад, ки мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем. Дар баромади муаллими калон кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шӯҳрат Қобилов масъалаҳои донишҷӯ баъд аз хондани фанни таълимӣ чиро омӯхт? Оё чизе, ки ӯ омӯхт дар бозори меҳнат лозим аст ё не? дида шуд. Далерҷон Мирпочоев муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ қайд намуд, ки “Самти баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишкада, таҷдиди назар кардан ба нақшаи таълимӣ самти асосиаш ин наздик кардани таҳсил бо амалия мебошад”.
Дар ҷамъбаст профессор Иномҷон Аминов ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда ба ҳар як меҳмон тӯҳфаи хотиравӣ супорид.

?? ??
previous arrow
next arrow

Барномаҳои солинавӣ дар назди Арчаи солинавии ш.Хуҷанд

Санаи 28-уми декабри соли 2021 дар назди Арчаи солинавӣ, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар доираи Фестивал-озмуни шаҳрии «Беҳтарин барномаи фарҳангии солинавӣ» донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо беҳтарин барномаҳои солинавӣ баромад намуданд.

IMG_2574
previous arrow
next arrow

Ҷумаев Аскар Қаюмович

Ҷумаев Аскар Қаюмович 16 ноябри соли 1980 дар деҳаи Қаълаи Эшони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1987 ба мактаби миёнаи №14-и деҳаи Қаълаи Эшони ноҳияи Деваштич таҳсил намуда соли 1998 бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1998 ба курси якуми ихтисоси «Фаъолияти гумрук»-и факултети хуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дохил шуда, соли 2003 ихтисоси номбурдаро хатм намудааст. Соли 2007 ба маълумоти олии дуввум аз рӯи ихтисоси «Молия ва қарз» -и ДДҲБСТ дохил шуда, соли 2011 ихтисоси номбурдаро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 2003 бо пешниҳоди комиссияи аттестатсионии давлатии хатмкунандагон дар кафедраи коргузории гумруки факултети ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров шурӯъ кард. Солҳои 2008-2009 дар кафедраи менеҷмент ва соҳибкории факултети молия ва иқтисодиёти бозори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба ҳайси муаллими калони фаъолият намудааст. Соли 2010 ҳамчун муаллими калони кафедраи Тиҷорат ва ҳуқуқ-и ДИС ДДТТ қабул гардида, то имруз фаъолият мебарад. Соли 2019 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Рушди устувори иҷтимои иқтисодии минтақа: ҳолат ва дурнамо ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ дар Шӯрои диссертатсионии 6D-023 дар назди ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд дифоъ намуд. Солҳои 2011-2020 дар вазифаи муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд. Аз соли 2021 дар вазифаи мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дорад. Номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.