СУХАНХОИ ИҒВОАНГЕЗОНАИ  НАҲЗАТИЁНРО  ШАДИДАН МАҲКУМ МЕНАМОЕМ!

 

Дар тӯли солҳои охир барои расидан ба ҳадафи худ Муҳиддин Кабирӣ собиқ роҳбари ҲНИ, ки алҳол пӯсташро иваз карда “Паймони миллӣ…” ном гузоштааст ва  бо пайравонаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам маводҳои характери зиддидавлатӣ доштаро паҳн намуда истодааст, шадидан маҳкум намуда, фикру ақидаи хешро иброз медорем.

Воқеан дасисакорию фитнабозиҳо пеш аз ҳама кори Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ мебошад.  Аз иғвоангезиҳо ва ба шӯр овардани мардуми оддӣ ва давлати тинҷу ором ин тоифа инсонҳо манфиатдор ҳастанд. Саркардагони ТТЭ ҲНИ аз аввал медонанд, ки пайравони онҳо дар тамоми гӯшаи дунё барои террорист шудан таълим мегиранд. Агар ба мазмуну мӯҳтавои суханрониҳои матбуотию расонавии роҳбари ташкилоти террористии “Паймони миллӣ”- ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз назари таҳқиқ нигарем, аз оғоз ва решаю бунёдаш коштани тухми иғвою тӯҳмат, дурӯғу бӯҳтон, салтанатхоҳӣ ва гумроҳ кардани мардум мебошад. Лозим ба ёдоварист,ки санаҳои 21 апрел ва 25 майи соли ҷорӣ  М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ,” баромад намуда, дар оғози суханронии худ аз “таърих”-и луч, ифтихори пуч, таърихбофию таърихфиребии наҳзатиҳо ва ҳатто шахсиятҳои сатҳи байналмилалиро, аз ҷумла яке аз чумхуриҳо ба мо дӯст Президенти Ҷумҳурии Белоруссия, Лукашенка А. –ро беасос зери эрод гирифт. Инчунин сафсаттаҳои пештарааш баён намуда, ба номи писари худ Руҳулло ишора карда, қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон ба ин номҳо эътиқод доранд, ба пешвоён бузурги исломӣ мансуб аст. Ин боз як далели раднашавандаи наҳзатиҳои мазҳабфурӯш ва бегонапараст мебошад. Роҳбарони  наҳзатиён мазҳаби ҳанафиро фурӯхта,  баробари қабули мазҳаби шиъа номҳои роҳбарони инқилоби исломии Эрон-Меҳдӣ, Ҷавод, Боқир, Муртазо, Ҳумайнӣ, Биҳиштӣ, Муттаҳаррӣ, Руҳулло, Ҳусайнӣ ва ғайраро ба фарзандони худ гузоштаанд. Масалан писарони раиси собиқи ҲНИ Абдуллои Нурӣ – Биҳиштӣ ва Ҳусайнӣ, писарони раиси ҳозираи ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ – Руҳулло, Муртазо, Биҳиштӣ, Меҳдӣ, писарони муовини аввали раиси собиқ ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ – Саидмеҳдӣ, Саидҷавод, Биҳиштӣ, писари узви раёсати ТТЭ ҲНИ Шамсиддин Саидов – Руҳулло, Биҳиштӣ, Боҳунар ва ғайра ном доранд. Ин хоинони миллат, Ватан, дину мазҳаб намедонанд, ки чи тавр садоқат, ғуломи ҳалқабаргӯш буданашонро ба хоҷагони хориҷиашон нишон диҳанд, бо кадом шеваи ҷилваю рақс, мисли раққосони дарбори амирони манғитӣ ба онҳо хизмат кунанд ва мақбул шаванд. Ба пиндори онҳо ин номҳои “ифтихорӣ” гӯё ақлу дониш ва фаросати онҳоро афзун месозад.

Вазъияти имрӯзаи баамаломада, аз ҳар як сокини бо нангу номуси кишвар тақозо мекунад, ки фирефтаи ҳар гуна ашхоси нопок нагарданд ва нагузоранд, ки сулҳу суботи сарзамини аҷдодӣ халалдор шавад. Бинобар ин дар ин замина ҳар як фарди Ватандӯст, соҳибвиҷдон вазифадор аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ҳар субҳи сафо шукронаи оромиву ободии Ватан кунад.  Дар робита ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти  навбатии хеш бо ҷавонони мамлакат, ки он  23 майи соли равон баргузор гардид, қайд карданд: Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мардуми кишвари озоду ободи мо имрӯз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рӯ, давру замон дар назди мо- аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 30-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.

 

                                    Манонова Р., дотсенти кафедраи

                                    забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *