БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ ҒАРҚ ДАР КИШТИИ БАЛОАНД!

Имрӯз бадҳоҳони миллат дар киштии ғарқшаванда қарор доранду, чун калламушон барои наҷот ёфтан худро ба ҳар кӯ мезананд. Аниқтараш наҳзатиён барои пуштибонӣ аз ташкилоту давлатҳои абарқудрат кӯмаку мадад пурсида, боз барои пайдо кардани ҳоҷагони хориҷии навашон ният доранд. Воқеан оқибати ватанфурӯшони миллат ҳамин аст ва имрӯз бадхоҳони миллат ғарк дар киштии балоанд!

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои қаблӣ наҳзатиён бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сӯҳбату вохӯриҳо доир намуда, ба бадномкунии миллати соҳибистиқлоламон кӯшиш ба харҷ дода истоданаш ба мушоҳида мерасид. Соли равон бошад бо донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо-и Эрон барои сафед кардани гуноҳояш вохурӣ доир намуд. Дар робита ба қайд кардан зарур аст, ки Вазорати корҳои хориҷии ИМА донишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Имрӯз бошад роҳбари наҳзатиён М.Кабирӣ бо бозию найрангҳои навбатии сиёсиаш дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА мусоҳиба гузаронида, боз нисбати кишвари мо иғвою тӯҳматои беасос карда, бо баробари ин собиқ ҲНИ ва Гурӯҳи-24-ро ҳамчун қадами асосӣ дар раванди демократиясозии кишвар мешуморад, ки он ягон асосу мантиқе надорад. Амалу гуфторҳои навбатии наҳзатиён собит менамояд, ки ҷеҳраи манқурт ва дурӯягиашон бори дигар тасдиқу исбот шуд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки қаблан амалҳои наҳзатиёни хиёнаткор дар филмҳои мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам”ва “Хиёнат” аёну исбот шуда буд.

Хулоса дар доираи ақидаи пучу бемаънӣ иродаи сиёсиро ба ҳар як хадамоту ташкилот марбут донистан аз заифи сиёсии наҳзатиён ва умуман аз ноустувории фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии террористии он дарак медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки хеҷ ҳизбу равияҳои ифротӣ ҳаргиз ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!

 

                                                 Ф.Мамадҷонов, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *