Мо омӯзгорои кафедра шоҳиди он гардидем, ки яке аз хиёнаткори фирорӣ -роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ, санаи 25 майи соли ҷорӣ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи “Паймони миллӣ…” баромад намуда, чун солу рӯзҳои қаблӣ боз худро “сиёсатшиносу адолатпарвари доно” нишон дода, нисбати шахсиятҳои сатҳи байналмилалӣ лофу газоф зад. Чунончӣ, дар рафти баромадаш нисбати Иосиф Сталин мавқеи манфии худро нишон дод. Набояд фаромӯш кард, ки нақши ин чеҳраи машҳури сиёсӣ дар ғалабаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Германияи фашистӣ хеле бузург аст. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Белоруссия Александр Лукашенкаро эери танқид қарор дода, роҷеъ ба масъалаи сиёсати пешгирифта ва фурудгоҳ суханҳои иғвоангез баён дошт, ки воқеан ин гуна баромаду лофзаниҳо дар сатҳи байналмилалӣ ҷоиз нест! Алалхусус бо забони тоҷикӣ ва ҳатто дизар забон бошад ҳам.
Бо баробари ин зимни баромадаш доир ба бегуноҳӣ ва озод намудани Иззат Амон ҳарф зад. Ҳол он ки Иззат Амон ба гуноҳҳояш иқрор шудааст. Воқеан офтобро бо доман пӯшида намешавад. Хотиррасон бояд кард, ки дар назди қонун гунаҳкор будан ва набудани ӯро танҳо Суд муайян мекунад.Инчунин оид ба Гурӯҳи 24 сухан карда, ба мазмун фаъолияташро мусбӣ арзёбӣ намуд. Хулоса имрӯз дар давараи пандемияи бемории сироятии короновирус “COVID19″ ба хабарҳои бардурӯғ ва суханҳои фитнаангези М.Кабирӣ ба касе лозим нест!
Дар интиҳои изҳороти хеш иборз медорем, ки мардуми тоҷик хуб огоҳанд, ки собиқ аъзоёни ҲНИ, бахусус Муҳиддин Кабирӣ, Муҳамадиқболи Садриддин тайи чанд соли охир лиқои қалбакии худро пӯшида, мардумфиребиро шуғл карда буданд. Рукнҳои дини мубини исломро дар шакли ғалат тарғиб карда, ба чашми одамон хок мепӯшиданд. Вале имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи ТТЭ ҲНИ-ро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда, мардумро огоҳ мекунанд, ки дигарбора ба доми фиреби ин нохалафони миллаткуш наафтанд.