Изҳороти шуъбаи магистратура ва докторантураи ДИС  ДДТТ нисбати мусоҳибаи М. Кабирӣ дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА

 

Мо, кормандони шуъба бо мӯҳтавои мусоҳибаи М.Кабирӣ, ки дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА баромад намудааст, шинос гардида, доир ба он фикру мулоҳизаҳои хешро баён менамоем. Қабл аз ҳама бояд қайд кард, ки имрӯз М. Кабирӣ дар киштии ғарқшаванда қарор дораду, чун калламуш барои наҷот ёфтан худро ба ҳар кӯ зада истодааст. Яъне барои кӯмаку пуштибонӣ аз ташкилоту давлатҳои абардқудрат мадад пурсад. Бояд ёдовар шуд, ки қаблан наҳзатиён бо САҲА ҳамкорӣ дошта, оқибат ба мақсад нарасиданд. Инчунин бо донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо-и Эрон барои сафед кардани гуноҳояш вохурӣ доир намуд. Дар иртибот ба ин ёдовар шудан бамаврид аст, ки қаблан Вазорати корҳои хориҷии ИМА эълон карда буд, ки донишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи «Ҷомеату-л-Мустафо ал-ъоламия»-ро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Ин таҳрим аз тарафи Раёсати назорати дороиҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА бо қарори махсус анҷом шудааст. Имрӯз бошад М.Кабирӣ дар маркази “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА мусоҳиба гузаронида, барои манфиати сиёсии худ нисбати кишвари мо иғвою тӯҳматҳои беасос карда, бо баробари ин собиқ аъзоёни ҲНИ ва Гурӯҳи-24-ро ҳамчун қадами асосӣ дар ростои демократиясозии кишвар мешуморад, ки ягон мантиқе надорад. Чӣ хеле ки дар урфият мегӯянд, боқӣ қазоват ба хонандаи закӣ ва ҳушёру бедори ин сатрҳост…

Ба наҳзатиёни хиёнаткор бори дигар таъкид намуда, хотиррасон мекунем!!!  Гузашти замон ва таҷрибаи таърихи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар собит кард, ки роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нуқтаи назари ҳам стратегӣ ва ҳам сиёсӣ дуруст аст. Ин сиёсат ба раванди аз бӯҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд. Дар ин бора роҳбари собиқи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Кротов Михаил Иосифич зимни яке аз баромадҳояш, ки дар шаҳри Душанбе соли 2000 ба вуқӯъ пайваста буд, бамаврид қайд кардааст: Сулҳи ба даст овардаи тоҷикон дар тамоми ҷаҳон чун таҷрибаи нодир эътироф шудааст, дар тӯли 50 соли охир назири худро надорад. Инчунин собиқ Президенти Ҳиндустон марҳум Кочерил Раман Нараянан соли 2001 чунин иброз дошта буд: Моро кӯшишҳои хастагинопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад, ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳанд овард.

Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Бо азму талоши фузун, пайкорҳои созандагиву бунёди пешвои маҳбуби мамалакат  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо ва мардуми сарбаланди он ба марҳилаи нави рушду тараққиёт вуруд гардида, дар арсаи байналмилал мақому манзалати баландро сазовор мегардад.

Мо итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда  сокинони овозадори вилояти Суғд ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти иқтидори  давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона иҷро намуда, ҳамаи саъю талош ва ҳиммату ғайрати худро барои ободии Тоҷикистони азизамон сафарбар намуда, 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатиамонро бо дастоварди назаррас пешвоз мегиранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *