Изҳороти шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ нисбати суханҳои иғвоангезонаи М.Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоӣ

 

Мо, кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада санаи 25  майи соли равон тариқи шабакаи иҷтимоӣ, дар барномаи “Паймони миллӣ..” собиқ роҳбари ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ баромад намуда буд, назарсанҷӣ карда, хиёнаткори миллатро шадидан маҳкум намуда, нисбати лофзаниҳояш андешаронӣ менамоем. Кабирӣ рӯзҳои охир чун “тӯтии сухангӯ” такрор ба такрор ва беасос дастовардҳои давраи сохибистиқлоли кишварро нодида гирифта, бо баробари ин нисбати шахсиятхои сатҳи ҷаҳонӣ суханашро иғвоангезона баён дошт. Чунончӣ нисбати Иосиф Сталин мисолҳои бемавриду бемавқеъ андешаронӣ намуда, мавқеи манфии худро зикр намуд. Мо,ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлол ҳастем фикру андешаи солим дорем ва аз таърихи ҶБВ бохабар ҳастем ва фаромӯш намекунем, ки дар рушду нумуъи давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як узви он маҳсуб меёфт, нақши И.В.Сталин ҷойгоҳи хоси худро дорад. Аз ин хотир мо ҷавонон ба ин  масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар намунаи равшани фаъолияти чеҳраҳои мондагор бо раҳнамоии устодон дар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ тарбия гирифта истодаем.

Инчунин М.Кабирӣ дар рафти баромадаш Президенти Ҷумҳурии Белоруссия, Александр Лукашенкаро эрод гирифта, вобаста ба масъалаи  фурудгоҳ ва  сиёсати пешгирифтаи он андешаи носолим баён кард. Ба андешаи мо ҷавонон чи нисбати Президенти Ҷумҳурии Белоруссия Лукашенко А. ва ё умуман шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, ҳар афрод бояд бо эҳтиёт сухан  гӯяд! Бо баробари ин  зимни баромадаш М.Кабирӣ дар бораи роҳбарони фашистон, оид ба Гитлеру Гебелс ва китоби он, сухан кард. Ин чӣ маънӣ дорад?! Кабирӣ дигар коре надорад!

Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад  ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ ва дин баҳоигузории худро доранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23 -юми моҳи майи соли равон зимни мулоқот бахшида дар яке аз ҷашнҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавонон ба мо ҷавонон дастуру супоришҳои навбатиашонро  дода, аз ҷумла таъкид карданд: Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

Мо, ҷавонон ҷиҳати амали намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  омодаем ва дар ин самт фаъолияти хешро ба роҳ монда, ҳамеша дар ҷустуҷӯи илму донишҳои муосир ҳастем, касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ карда, ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли хеш содиқ мемонем, сарзамини аҷдодиро самимона дӯст дошта, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳимоя мекунем, нангу номус ва ҳисси баланди миллии худро ҳифз намуда, эҳтироми падару модар ва пирону калонсолонро ба ҷо меоварем.

Хулоса мо, ҷавонон ба ғавғоҳои беасосу бемантиқи қувваҳои аҳриманӣ дода нашуда, бо дарки амиқи ҳадафҳои неки созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, қуввату ғайрати худро минбаъд низ ба манфиати Ватан, таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ равона месозем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *