Санаи 25-майи соли 2021 дар МДТ-и «Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд» бо ташаббуси Раёсат, шуъбаи илм ва инноватсия, факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқ ва кафедраи ҷомеашиносӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Сифати обҳои нӯшокии шаҳри Хуҷанд: муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо» гузаронида шуд.
Директори Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба кори мизи мудаввар ифтитоҳ бахшида, оид ба аҳамияти об дар ҳаёт, фаъолият ва рушди устувори ҷомеа далелҳо оварда, гуфтанд, ки ҳастии наботот, ҳайвонот, инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Сипас суханро ба ташкилкунандагон дода, ба кори мизи мудаввар комёбиҳо орзу намуданд.
Мудири кафедраи ҷомеашиносӣ, дотсент Ҷонназарова Д.Х. дар гузориши худ дар бораи таърихи эълон кардани Даҳсолаи «Об барои рушди устувор» ва аҳамияти он дар ҳалли масъалаҳои оби тоза сухан карданд.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Мирпочоев Д.А. дар бораи аҳамияти сиёсӣ ва иқтисодии сарватҳои об маълумот дода, гузаронида шудани мизи мудавварро бахшида ба чунин масъалаҳои мубрами рӯз саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Сардори ташхисгоҳи оби нӯшокии Хуҷанд – обуканал Рустамова М. бо маърӯза дар мавзӯи «Сифати оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд» баромад намуданд. Мавсуф дар бораи фаъолияти ин ташхисгоҳ дар муайян кардани таркиби оби нӯшокии минтақаҳои гуногуни шаҳр ва беҳтар кардани сифати он маълумотҳои дақиқ ва навтарин пешниҳод намуданд. Ғайр аз ин, оид ба аҳамияти ташкилоти Хуҷанд – обуканал дар беҳтару хубтар кардани таркиби оби нӯшокӣ бо мисолҳои сершумор ба ҳозирин иттилоъ доданд.
Пас аз маърӯза Рустамова М. ба саволҳои иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба сифати оби микроноҳияи 18, сабабҳои дурушт ё мулоим будани оби нӯшокӣ, қоидаҳои истеъмоли он ҷавобҳои далелнок ва маслиҳатҳои муфид доданд.
Мудири бахши илмӣ-тадқиқотии филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобоев Б.Д. дар мавзӯи «Рекомендации по уменьшению концентрации радона в воде» баромад намуданд. Бобоев Б.Д. дар бораи миқдори моддаи радиоактивии радон дар оби нӯшокӣ, хатари он барои саломатии одам, роҳҳои безарар намудани ин гуна оби нӯшокӣ маълумот доданд. Ҳамаи ин маълумотҳо натиҷаи кори илмӣ-тадқиқотии олим буда, бениҳоят дақиқ ва далелнок пешниҳод гардиданд.
Иштирокчиён ба маърӯзачии мазкур бо суолҳои марбут ба обҳои шифобахши радондори осоишгоҳи «Хоҷаобигарм», таъсири мусбӣ ва манфии ин чашмаҳо ба саломатӣ, усулҳои кам кардани миқдори радон дар обҳои нӯшокӣ дар шароити хона ва ғайра муроҷиат намуда, посухҳои илман асоснок гирифтанд.
Дар мавзӯи «Усулҳои безараргардонии обҳои партовии ҶДММ «Элегант» муаллимаи калони кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Саксанова Н. баромад намуданд. Муаллима оид ба фаъолият ва истифодабарии об дар раванди истеҳсолоти ин коргоҳ рақамҳои аниқ пешниҳод карданд. Дар корхонаи «Элегант» обҳои партовӣ бо усулҳои гуногун, ки аз тарафи олимон ихтироъ шудаанд, тоза шуда, боз якчанд бор истифода бурда мешаванд. Яъне фаъолияти ин корхона ба меъёр ва қонунҳои экология пурра ҷавобгӯ ба роҳ монда шудааст.
Ассистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Комилова Ф. дар мавзӯи «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои оби тоза» бо забони англисӣ баромад карда, оид ба таърихи эълон намудани «Соли байналхалқии оби тоза» (2003), Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015) , Даҳсолаи амалҳои «Об барои рушди устувор» (2018-2028) маълумот пешкаш намуда, оид ба натиҷаҳои ин ташаббусҳои муҳими Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд. Масъалаҳои беҳдошти сарватҳои об ва оби тоза, гармшавии сар то сари иқлим, беист баланд шудани ҳарорати миёнаи сайёра ва дигар масъалаҳои глобалии экологӣ, ки таъсири манфии худро расонида истодаанд аз ҷониби маърӯзачӣ махсус таъкид карда шуданд.
Дар музокирот устодони фанни экология, аз ҷумла, Дониёрова М. сухан карда, оид ба усули биологии тоза кардани обҳои партовӣ ва сифати оби тозашуда дар корхона саволу ҷавоб доир намуданд.
Дар охир донишҷӯи курси I, ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ Исмоилова М. дар мавзӯи «Ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат дар масъалаи оби тоза» баромад карда, ба иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба масъалаҳои сарватҳои об дар Паёмҳои сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул шудани Қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ 21 декабри соли 2016 – Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки бо ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида, аз тарафи 177 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, маърӯза намуд.
Мудири шуъбаи илм ва инноватсия, дотсент Камолов Ф.А. роҷеъ ба аҳамияти об дар ҳаёти инсон ва усулҳои муосири инноватсионӣ, ки дар давлатҳои мутараққии ҷаҳон ихтироъ гардидаанд, ибрози ақида намуданд.
Дар фарҷоми кори мизи мудаввар дотсент Ҷонназарова Д.Х. ба ҳамаи иштирокчиён, хусусан маърӯзачиҳо ва меҳмонон миннатдории ҳудро баён карда, ба онҳо саломатӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуданд.