ДУРӮЯГӢ ВА ИФРОТГАРОИИ ҲАЙФУЛИҚБОЛ

Таърих собит менамояд, ки миллати тоҷик дар фосилаи таърихи чандинҳазорсолаи хеш аз ҳуҷумҳои ногаҳонии “ҳамдиёрони худ”, мутаассифона, зулму ситами зиёде дидааст. Дар робита ба ин ба ёд меорем қаҳрамониву далерии Темурмаликро, вале кӯрдилону носипосон дар ҳамон давра низ ба хотири манфиатҳои худ мулкро ба дасти чингизиён дода буданд. Ин ашхоси буздилу бегонапарасти хоин имрӯз низ, чун Муҳаммадиқболи Садриддин ҳастанд. Ин ҳайфулиқболи нотавон тавре худ дар мақолаву баромадҳои подарҳавояш менигорад, маъруфтарин лагандбардорон ва аз мунофиқтарин “сарбози фидои”-и ташкилоти террористию экстремисттии ҳизби наҳзати ислом ва хоҷагони хориҷӣ мебошад. Номбурда имрӯз бо таъсиси сомонаи ифротӣ бо номи “Пайванд” худро “донандаи асили ислом” муаррифӣ намуда, бо роҳи дурӯғбофию бӯҳтонзанӣ дастовардҳои давраи сохибистиқлоли кишварро нодида гирифта, нисбати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани иғвоангезона мегӯяд. Ин дурӯяи ватанфурӯши бешараф, дар баъзе ҳолатҳо Иқболбӣ ҳам мегӯянд, банди нафсу пулҳои ҳангуфти ҳоҷагони хориҷӣ шуда, вазифааш аз субҳ то шом тайёр кардани ахбори бардурӯғ ва санги маломат задан ба сари ин ва ё он нафар мебошад. Маҳз ҳасудхӯриаш, нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аст, ки имрӯз ба бешарафӣ ном баровардааст. Дар робита ба ин бояд ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар филми мустанади қисми 7-уми “Хиёнат“, бо номи “Бешарафӣ” бешарафии Муҳаммадиқбол Садриддин -ҳайфулиқбол бори дигар аёну тасдиқ шудааст.

Ҳаводиси охир, паҳншавии бемории сироятии коронвирус “COVID-19″ва таъсири он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ин ҳақиқатро собит сохт, ки ҷаҳони муосир ниҳоят тағйирёбанда аст ва шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ имрӯз ҳам паст нашудааст.Мубориза ба мӯкобили терроризиму экстремизм ва дар умумҳамаи падидаҳои номатлубва хатарҳои ҷаҳони муосир дастҷамъӣ ва муттаҳидии тамоми аъзои ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар интиҳои андешаҳои хеш ба ин нафарон хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, рӯҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

                    М МАҲМУДОВА,

                           ассистенти кафедраи назарияи иқтисод

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *