Дар охири моҳи майи соли равон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар яке аз барномаи Паймони миллӣ хиёнаткори фирорӣ М.Кабирӣ дар муддати 1,5 соат баромад намуда, дастовардҳои давраи сохибистиқлоли кишварро нодида гирифта, оид ба масоили дурӯғ ҳарф зада, худ дурӯғгӯӣ намуд. Дурӯғгӯӣ ҳам ҳадду канор дорад. Доир ба ин дар урфият мегӯянд
Дуруғ одамиро кунад бевиқор,
Дуруғ одамиро кунад шармсор.
Бале дар ҳақаиқат дурӯғ одамро шармсор мекунад. Аммо дурӯғҳои навбатии М.Кабирӣ миллатро низ шармсор карданаш аз эҳтимол дур нест. Зеро зимни баромадаш дар бораи роҳбарони фашистон, оид ба Гитлеру Гебелс ва китоби он, сухан карда, бо барбари ин нисбати Иосиф Сталин мавқеи манфии худро нишон дод. Сухану мисолҳои бемавриду бемавқеъ ва дурӯғгӯӣ ба кӣ лозим?!
Кабириро хотиррасон мекунем, ки ба фаъолияти чеҳраҳои машҳури сиёсӣ мавқеъи худ ва ё нисбаташ баҳо додан ҳуқуқ надорад. Таърихро инкор карда намешавад ва он гувоҳ аст! Ёдовар шудан зарур ва бамаврид аст, ки аз хотима ёфтани Ҷанги Бузурги Ватанӣ 76 сол сипарӣ мешавад, вале аҳамияти ғалаба бар фашизм сол ба сол бештар мегардад, чунки пирӯзӣ осон ба даст наомада, барои он даҳҳо миллион одам қурбон гаштаанд. Набояд фаромӯш кард, ки дар рушду нумуъи яке аз давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як узви он маҳсуб меёфт нақши И.В.Сталин ҷойгоҳи хоси худро дорад. Аз ин хотир бояд, ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар намунаи равшани фаъолияти чеҳраҳои мондагор шогирдонродар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ тарбия намудан ба манфиати давлат аст.
Инчунин дар ҷараёни баромадаш Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Белоруссияро эери эрод гирифта, оид ба масоили сиёсати пешгирифтаи ҷумҳурии бо дӯст лофу газоф зад. Нисбати ин суханҳо сиёсатмадорони Ҷумҳурии Белоруссия чи хел қабул ва баҳо медиҳанд?! Ба андешаи мо чи нисбати Президенти Ҷумҳурии Белоруссия А. Лукашенко ва ё умуман нисбати шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, даҳҳо маротиба бо эҳтиёт санҷида бояд сухан гуфт.
Ҳамзамон яке аз ташкилоти ба ҳамагон маълум “ҲАМОС”- ро тавсиф кард, ки гӯё он ба амалҳои содирнамудаш бе ягон тарсу ваҳм иқрор мешавад. Бо баробари ин дар бораи озод намудани Иззат Амон ҳарф зад. Ҳол он ки Иззат Амон оқибат БЕИЗЗАТ шуда, ба гуноҳҳояш иқрор шудааст. Ба ғайр аз ин оид ба Гурӯҳи 24 сухан карда, ба мазмун фаъолияти онро мусбӣ арзёбӣ намуд. Умуман доир ба масоили матраҳшуда шарҳу эзоҳ хеле зиёданд…
Дар интиҳои мақолаи хеш қайд менамоям, ки суханҳои М.Кабириро шадидан доимо маҳкум мекунем ва баромади навбатиаш нисбати шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ дар миқёси байналмилалӣ қобили қабул нест! Бо забони тоҷикӣ ва ҳатто дигар забон бошад ҳам! Умуман вобаста ба сиёсати дохилии ҳар кишвар ҳеч кас ҳаққи баҳо ва сухан карданро надорад! Алалхусус ватанфурӯшу иғвогари миллат!
Қаюмов А.,устоди ДИС ДДТТ