Шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгороди Федератсияи Россия

Санаи 27-уми феврали соли 2024 намояндагони Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгороди Федератсияи Россия ба Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, шартномаи ҳамкориро барои пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мубодилаи устодону донишҷӯён ба имзо расониданд.
Ба шартномаи ҳамкорӣ, и.в. директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Машокиров Ш. У. ва директори Маркази барномаҳои таҳсилоти муштараки Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Белгороди Федератсияи Россия, номзади илмҳои география Шевченко Валентина Николаевна имзо гузоштанд.
Мавриди зикр аст, ки зимни гуфтушунид масъалаҳои ташкили барномаҳои таҳсилотии ду-диплома ва муштарак муҳокима гардиданд. Тарафайн қарор қабул карданд, ки то моҳи апрели соли ҷорӣ механизми татбиқи барномаҳои таҳсилотии ду-диплома ва муштарак коркард шуда, он баъди мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли таҳсили оянда дар амал татбиқ карда мешавад.

 

Манижа Машокирова сазовори Шоҳҷоизаи озмуни “Аллаи Модар” гардид!

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Аллаи Модар” бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар ва 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар байни бонувони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардида, беҳтаринҳо муайян ва қадршиносӣ карда шуданд. Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯи соли сеюм, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон, гурӯҳи таҳсил бо забони англисӣ Манижа Машокирова бо ҳунару истеъдоди баланди хеш сазовори Шоҳҷоизаи озмуни “Аллаи Модар “ гардид. Мо ба ин дастоварди арзанда Манижа Машокироваро табрик гуфта, барояш комёбиҳои нав ба нав таманно менамоем.

Натиҷаи фаъолияти Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар соли 2023

Санаи 15 феврали соли 2024 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки доираи васеи рўзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ иштирок намуд.
Бо сухани ифтитоҳӣ и. в. директори Донишкада, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Машокиров Ш.У. баромад намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти ДИС ДДТТ дар соли 2023 маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки Донишкада фаъолияти худро ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу роҳнамоии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ва Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, дар асоси ҳадафҳои дар сатҳи баланд омўзонидани донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ, сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ, технологияҳои инноватсионии муосир ва иқтисодиёти рақамӣ, омўзонидани на кам аз 3-4 забони хориҷӣ фаъолият менамояд.
Донишкада дорои се факултет ва 12 кафедра буда, ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар зинаҳои бакалавриат аз рўи 28 ихтисос, магистратура аз рўи 8 ихтисос, докторантура PhD аз рўи 4 ихтисос ва дар зинаи таҳсилоти олии дуюм аз рўи 5 ихтисос мутахассисонро омода менамояд.
Мавриди зикр аст, ки заминаи моддию техникии Донишкада ҷавобгўи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад. Дар Донишкада 802 адад компютери замонавӣ, 70 адад ноутбук, 107 адад принтер, 37 адад тахтаи электронӣ, 18 адад экран барои проектор, 107 адад проектор, 178 адад камераи мушоҳидавӣ мавҷуд буда, биноҳои таълимӣ бо шабакаи Wi-Fi таъмин карда шудаанд.
Ҷараёни таълим дар чор бинои таълимӣ, ки аз 115 синфхонаи алоҳида иборатанд, аз ҷумла, аз рўи ду ихтисос гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ташкил карда шудааст.
Инчунин дар Донишкада се китобхона: анъанавӣ ва электронӣ, толори Интернет, ду бонки таълимӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва муоинаи молҳои истеъмолӣ, криминалистика, синфхонаи компютерии тиҷорати электронӣ, синфхонаи компютерии инноватсионӣ барои омўзиши барномаи 1С – корхонаҳо, синфхонаи компютерии таълимии омор, панҷ утоқи лингофонӣ, Маркази акселератсияи соҳибкории рақамӣ дорои лабораторияҳои барномасозӣ, инженерияи рақамӣ ва WEB – дизайн, студияи сабти машғулиятҳои аудио-видеоӣ, ду маҷлисгоҳ бо 250 ва 90 ҷойи нишаст, се толори конференсия, ду майдончаи варзишии замонавӣ ва ду адад толори фитнес, се адад Парки технологӣ, се адад ошхона, хобгоҳи донишҷўён ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд аст.
Ҳамаи биноҳои Донишкада дар давраи сармо тариқи шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ то ҳарорати муқарраршуда гарм карда мешаванд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои грантӣ студияи сабти машғулиятҳои аудио-видеоӣ бо таҷҳизотҳои инноватсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Теъдоди профессорону омўзгорон 210 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии устодону омўзгорони муқимӣ 100 нафар дорои дараҷа ва унвони илмӣ (9 нафар докторону профессорон, 2 нафар доктор PhD ва 93 нафар номзадони илму дотсентон) мебошанд.
Теъдоди умумии муҳассилин 3573 нафарро ташкил менамояд, ки аз онҳо 2112 нафар дар шуъбаи рўзонаи зинаи бакалавр, 1382 нафар дар низоми таҳсилоти фосилавӣ, 73 нафар дар зинаи магистратура, дар зинаи докторантура аз рўи ихтисос PhD 6 нафар таҳсил намуда истодаанд.
Натиҷаи сессияи тобистонаи шуъбаи рўзона нишон дод, ки пешрафт дар Донишкада ба 96, 31% ва сифат ба 40,4% баробар гардида, нисбат ба давраи гузашта 7,98% азхудкунӣ ва 5,4% сифат баланд гардидааст.
Соли 2023 Донишкадаро 656 нафар, дар шуъбаи рўзона – 344 нафар; дар шуъбаи омўзиши фосилавӣ – 260 нафар; дар зинаи магистратура – 52 нафар; бо дипломи аъло – 41 нафар хатм намуданд
Донишкада бо зиёда аз 290 корхона, ширкат, бонк, муассисаю ташкилот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти идоракунии маҳаллию давлатӣ шартномаҳои тарафайн дорад.
Корҳои илмӣ-тадқиқотии Донишкада дар асоси мавзуи илмии 5 – сола “Дурнамои рушди босуботи иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2021-2025 ба роҳ монда шудааст.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омўзгорони ДИС ДДТТ барои соли тақвимии 2023 дар мавзўи “Иқтисодиёти сабз – муҳаррики рушди устувори иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои истифодабарии самараноки захираҳо” ба роҳ монда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 8 нафар омўзгорон рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докториро сарбаландона ҳимоя намуданд. Рисолаи илмии 21 нафар унвонҷўёну аспирантон таҳия гардида, барои ҳимоя омода карда шудааст.
Донишҷўёни Донишкада дар озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷў ва пешрафти илмию техникӣ” фаъолона ширкат варзида, як нафар сазовори дипломи дараҷаи 2 ва 3 нафар сазовори дипломи дараҷаи 3, як нафар барои иштироки фаъолона сазовори Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Пояи давлат намонад бе маориф устувор”, ки санаҳои 16-17 майи соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, 14 нафар донишҷўёни Донишкада аз рўи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ ширкат варзиданд. Донишҷўи курси 1, ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит Раҳимова Нигина Азимҷоновна аз фанни фалсафа сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурўғи маърифат” донишҷўи курси 3, ихтисоси идораи давлатӣ Сулаймонов Хуршед аз рўи номинатсияи “Биология” дар сатҳи шаҳрӣ сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Донишҷўи курси 1, ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Қаҳҳорова Фариза аз рўи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” фаъолона ширкат варзида, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ соҳиби сипоснома барои иштироки фаъолона гардид.
Ҳамчунин донишҷў Муъминзода Меҳрангез ғолиби озмуни Донишҷўи сол -2023 гардида, аз тарафи Раиси вилояти Суғд бо сипоснома ва маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Мақсади асосии робитаҳои байналмилалии Донишкада таъмини байналмилалигардонии раванди таълим, омўзиш ва илм дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳои гуногуни соҳавӣ ба шумор меравад.
Донишкада бо зиёда аз 90 донишгоҳҳои бонуфузи олам ҳамкории тарафайн барпо намуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолияти пурсамар дорад.
Соли 2023 ҷиҳати таҷрибаомўзӣ ва табодули академӣ 28 нафар омўзгорон ва 23 нафар донишҷўён ба хориҷи кишвар сафарбар карда шуда, мутаносибан 16580€ барои омўзгорон ва 64040€ барои донишҷўён стипендияҳои грантӣ пардохт карда шудааст.
Соли 2023 бахшида ба даҳсолаи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” Донишкада ба: Алянси байналмилалии донишгоҳҳои Авруосиё – Чин оид ба маориф, фарҳанг ва санъат; Субалянс оид ба ҳуқуқи байналмилалӣ; Алянси донишгоҳҳои аграрии Роҳи Абрешим шомил гардид.
Донишкада бо Донишгоҳи омўзгории Шэняни Чин барномаи муштараки 2+2 аз рўи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон (бизнеси байналмиллалӣ) ва барномаи муштараки 3+1 бо Донишгоҳи давлатии Белгороди Федератсияи Россия аз рўи ихтисоси менеҷмент ба роҳ монд.
Дар доираи лоиҳаи байналмиллалӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Шэняни Чин амалӣ шуда истодааст, факултети муштарак ва се ихтисоси нав – экологияи аграрӣ, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ ва сайёҳии аграрӣ ташкил карда шуда, 60 фисад ҳайати омўзгорону профессорони ин ихтисосҳо аз Чин даъват карда мешаванд. Инчунин дар доираи лоиҳа озмоишгоҳҳои замонавии марбут ба ихтисосҳои нав ташкил карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ ба Донишкада 29 нафар коршиносони хориҷӣ ташриф оварданд.
Дар доираи татбиқи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Донишкада 145 чорабинии сатҳи гуногун гузаронида шуданд.
Сипас рўзноманигорон саволҳои хешро перомуни гузаштан ба иқтисодиёти рақамӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, робитаҳои байналмилалӣ, гурўҳҳои таълим бо забони англисӣ ва русӣ, ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон, робитаҳо бо донишгоҳҳои Чин ва самаранокии иҷроиши лоиҳаи “Як камарбанд – як роҳ”, таъмини нақшаи қабул, ҳолати ҷинояткорӣ ва пешгирии терроризму экстремизм дар байни донишҷўён, рақобатпазирӣ байни муассисаҳои олии кишвар, омўзиши забонҳо, таҳсили донишҷўён аз хориҷи кишвар, теъдоди хориҷшудагон, гусели хатмкунандагони донишкада ба сафи Артиши миллӣ, дастгирии донишҷўёни болаёқат, ятим ва бепарастор, мушкилоти мавҷуда дар донишкада ва роҳҳои ҳалли он баён дошта, посухҳои муфассал гирифтанд.

 

Муъминзода Меҳрангез – “Донишҷӯи сол – 2023”

Муъминзода Меҳрангез – донишҷӯи курси дуюми ихтисоси молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна (25010407), таҳсил бо забони англисӣ дар озмуни “Донишҷӯи сол – 2023” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи равияи фанҳои гуманитарӣ ба гирифтани ҷойи аввал ва Дипломи дараҷаи як мушарраф гардид.

Дар вазъияти тантанавӣ Диплом ва маблағи се ҳазор сомониро ба Муъминзода Меҳрангез Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тақдим намуданд. Мо бо ин дастоварди арзанда Муъминзода Меҳрангезро самимона табрику муборакбод гуфта, барояш комёбиҳо ва фатҳи баланди қуллаҳои илму донишро таманно менамоем.

Намоишгоҳи Таҳсилоти олии вилояти Шааншии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ш. Душанбе

Дар доираи намоишгоҳи мазкур бо якчанд донишгоҳҳои вилояти Шаанши барои робитаҳои нави ҳамкорӣ асос гузашта шуд. Аз ҷумла, бо ректори Донишгоҳи Шимолу ғарбии илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқ профессор Фан Ҷиули, бо декани факултаи Таҳсилоти байналмиллалии Донишгоҳи Чанган, профессор Жан Вей, бо муовини декани факултаи Таҳсилоти байналмиллалии Донишгоҳи шимолу ғарбии аграрӣ ва ҷангал, хонум Ванг Юхуан, бо директори шуъбаи қабули Донишгоҳи шимолу ғарбии Политехникӣ, хонум Жай Вен, ва дигарҳо вохуриҳои мутақобилан судманд баргузор карда шуд.
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дастгирӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳҳои вилояти Шаанши ва вусъат додани муносибатҳои дӯстиву шарикӣ байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи махсус мукофотонида шуд. Шарикии ДИС ДДТТ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин рушди босуръатро касб намуда, нақшаи иҷрои лоиҳаи калони дуҷониба омода карда шуда истодааст.

ИФТИХОРИ МО

Донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Сӯҳробхӯҷа Юсупов, ки дар курси 2-юм ихтисоси 260100 таҳсил менамояд, яке аз донишҷӯёни фаъоли Донишкада ба ҳисоб меравад. Ӯ дар баробари азхудкунии дониш дар вақтҳои холигӣ бо варзиш, махсусан намуди футбол машғул аст. Сӯҳробхӯҷа дар ҳайъати футболбозони дастаи “Хуҷанд” ба ҳайси дарвозабон дар мусобиқаҳои гунонгун комёбӣ ба даст овардааст.
Дарвозабони «Хуҷанд» Сӯҳробхӯҷа Юсупов ба ҳайати асосии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U20) барои бозӣ бо ҳамсолонаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб ворид шуд.
Бозии дӯстона миёни дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб бо пирӯзии мунтахаби ҷавонони мо анҷом ёфт. Ҳисоби ниҳоии бозӣ 3:1 аст.
Сӯҳробхуҷа дар дақиқаи 85-уми бозӣ бо ҳисоби 3-0 иваз карда шуд.
Мо ба Сӯҳробхӯҷа Юсупов муваффақиятҳои нав ба навро хоҳонем!

Гирандагони Стипендия аз факултети Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ

Санаи 23 майи соли равон маросими супоридани Стипендияи Раиси Вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар соли таҳсили 2021-2022 аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 17 нафар донишҷӯён ба гирифтани он сазовор гардиданд, ки 7 нафари онҳо аз факултети “Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ” мебошад:
1. Арипов Шарифҷон
2. Аҳророва Шоҳина
3. Сидиқова Райҳона
4. Самадова Саидабону
5. Ҳусейнхӯҷаев Фирӯзхӯҷа
6. Ҳомидов Мирзоравшан
7. Ҳайдаров Акмал

Унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” муборак!

23-юми майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар рушди илму маорифи кишвар” баргузор гардид.
Дар ин чорабинии танатанвӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода ба як қатор устодон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” тақдим карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Абдурашид Ҷабборов-мудири Маркази бақайдгирӣ ва машварати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ ба ин унвони баланд қадршиносӣ гардид.
Ба муносибати сазовор гардидан ба унвони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” аз номи аҳли ҷомеаи Донишкада Абдурашид Ҷабборов-мудири Маркази бақайдгирӣ ва машварати Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, барояшон дастоварду комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.

Гирандагони Стипендияи Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд

 Санаи 23-юми майи соли равон маросими супоридани Стипендияи Раиси вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар соли таҳсили 2021-2022 аз Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 17 нафар донишҷӯён, 4 нафар магистрантон ва 7 нафар аспирантон ба гирифтани он сазовор гардиданд. Ҳамчунин 3 нафар донишҷӯёни Донишкада ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд мушарраф гаштанд.

Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба донишҷӯёни фаъол

Санаи 20-уми майи соли равон маросими супоридани Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба донишҷӯёни фаъол, намунавӣ ва пешсафи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар маросими супоридани Стипентия директори Донишкада номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. иштирок карда, сараввал ҳамаи онҳоро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳният намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки имрӯз нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории беандоза зоҳир мегардад. Муносибати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷавонон ва ҷалби диққати ҷомеа дар тарбияву ташаккули афкори онҳо шароит фароҳам меорад, то ки ояндасозони ҷомеа мақому манзалати худро дар зиндагӣ пайдо намоянд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба 9 нафар донишҷӯёни аълохон Стипендияи Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот супорида шуд.
Дар навбати худ донишҷӯёни Донишкада Мунавваров Сайфиддин ва Нозирова Зебохон арзи сипоси гирандагони Стипендияро ба Раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот Идиев Ҳ.С. барои таваҷҷуҳ ва дастгириашон иброз намуданд.

IMG_9873
IMG_9733
IMG_9734
IMG_9738
IMG_9739
IMG_9741
IMG_9743
IMG_9747
IMG_9745
IMG_9736
previous arrow
next arrow