Табрикоти директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба муносибати фаро расидани Соли нави милодии 2022

Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ, саломатию тандурустӣ ва дар ҷодаи фаъолияти пурмасъулият барору комёбиҳои нав ба нав таманно менамоям.
Баъди чанде соли 2021 бо ҳама файзу нусрат, барору муваффақиятҳои беназираш ба китоби таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ворид мегардад. Соли сипаришуда дар партави ғамхории доимӣ ва татбиқи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳои азим, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, ривоҷи дӯстию робитаҳои ҳамкории судманд ба вуқӯъ пайвастанд. Фараҳбахштарин воқеаи соли 2021 он буд, ки мардуми сарбаланди кишвар бо шодию фараҳ якдилона ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор таҷлил намуданд.
Бо ҳама нияту орзуҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодии 2022-ро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракоти зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву шукуфоӣ орзумандам.
Соли нави мелодӣ мубораку хуҷаста бод!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *