Ҷумаев Аскар Қаюмович

Ҷумаев Аскар Қаюмович 16 ноябри соли 1980 дар деҳаи Қаълаи Эшони ҷамоати Ғазантараки ноҳияи Деваштич (Ғончӣ) дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1987 ба мактаби миёнаи №14-и деҳаи Қаълаи Эшони ноҳияи Деваштич таҳсил намуда соли 1998 бо муваффақият хатм намудааст. Соли 1998 ба курси якуми ихтисоси «Фаъолияти гумрук»-и факултети хуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дохил шуда, соли 2003 ихтисоси номбурдаро хатм намудааст. Соли 2007 ба маълумоти олии дуввум аз рӯи ихтисоси «Молия ва қарз» -и ДДҲБСТ дохил шуда, соли 2011 ихтисоси номбурдаро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 2003 бо пешниҳоди комиссияи аттестатсионии давлатии хатмкунандагон дар кафедраи коргузории гумруки факултети ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров шурӯъ кард. Солҳои 2008-2009 дар кафедраи менеҷмент ва соҳибкории факултети молия ва иқтисодиёти бозори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба ҳайси муаллими калони фаъолият намудааст. Соли 2010 ҳамчун муаллими калони кафедраи Тиҷорат ва ҳуқуқ-и ДИС ДДТТ қабул гардида, то имруз фаъолият мебарад. Соли 2019 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Рушди устувори иҷтимои иқтисодии минтақа: ҳолат ва дурнамо ихтисоси 08.00.05 – иқтисодиёт ва идоракунии хоҷагии халқ дар Шӯрои диссертатсионии 6D-023 дар назди ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд дифоъ намуд. Солҳои 2011-2020 дар вазифаи муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд. Аз соли 2021 дар вазифаи мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дорад. Номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *