ПАЁМ – РАҲНАМОИ РУШДИ ҶОМЕА

Мо устодони донишкада, тариқи барномаҳои телевизиони чумҳуриявӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, тамошо намуда, ба худ маълумоти зарурӣ гирифтем ва дар иртибот ба ин андешаҳои хешро иброз медорем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни ироаи Паёми навбатиашон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар соли 2021 баён намуданд, ки барои мо сармашқи кор дар соли 2022 мебошад.
Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои асосии давлат дар соли оянда муайян гардид ва онҳо барои ҳалли масъалаҳои аввалидараҷаи ҳаёти мамлакат, пеш аз ҳама, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ ва татбиқи афзалиятҳои миллӣ гузошта шуд, ки танҳо бо такя ба нерӯи мардуми Тоҷикистон ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи халқамон амалӣ хоҳад шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш дастовардҳои дар сӣ соли даврони истиқлолият, мушаххасан маълумот додаанд, ки воқеан Тоҷикистони биҳиштосои бе мислу монанд, гул гул шукуфта, ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад. Пешвои маҳбуби миллат бо ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Баробари ин зикр шуд, ки кишвари мо барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд.
Инчунин дар Паёми навбатӣ доир ба самтҳои асосии маорифи имрӯза аз назари нав дида шуд ва он бо чунин таъкидҳои Пешвои муаззами миллат оғоз ёфт: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Баробари ин дар Паём ба масъалаи таҳсилоти олии касбӣ эътибори махсус дода шуд. Аслан дар зери мафҳуми «таҳсилоти олӣ» ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт, илм, техника ва маданият фаҳмида шуда, он аз навовариҳои илм, маданият ва техника истифода бурда, мушкилоти назариявию амалиро бартараф кардан аст. Мақсади асосии таҳсилоти олӣ ҷавобгӯ будани ба талаботи замон, соҳибихтисос, рақобатпазир, маълумоти олӣ доштан, мусоидат намудан ба рушди илм, фарҳанг, иқтисодиёт, соҳаҳои иҷтимоӣ, тафаккури мустақилона, маънавиёти баланд тайёр кардани мутахассисони баландихтисос мебошад. Доир ба ин масъала мулоҳизаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин аст: “Раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Баробари ин яке аз нуктаи муҳимро бояд зикр намуд, ки Сарвари кишвар, аз ҷумла, қайд намуданд: Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад ва зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Баробари ин зарур аст, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан русиву англисӣ, дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
Мо устодони ДИС ДДТТ Паёми имсола, ки раҳнамои ҷомеа аст, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй тарбия намудан тадбирҳои муассир андешида, бо дастовардҳои боз ҳам бештар истиқбол гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшишу ѓайрати хешро сафарбар хоҳем намуд.

ШАРИПОВ А.Қ.,
устоди ДИС ДДДТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *