НОСИПОСОНИ МИЛЛАТ

Мушоҳидаҳо собит менамояд ва борҳо мо оид ба фаъолияти бадхоҳони миллт – Кабирӣ ва ҳаммаслакону думравонаш андешаи хешро иброз дошта будем. Такрор ба такрор қайд менамоем,ки ин ашхоси дурӯя пас аз носипосӣ ба халқу миллат ва хиёнат ба Тоҷикистон дар яке аз кишварҳои Аврупо ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ сукунат доранду ором надорад. Бо ҳар васила фитна ангехта, осудагии амнияти халқу Ватанро халалдор сохтан ва пешрафти Тоҷикистони азизро нодида мегирад ва дигар кору илоҷе надорад.Кораш кофтукоби айби касон аст! Чунин ашхос ҳаммаслаки ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин ва яке аз аъзои ҳаракати ифротӣ –Гуруҳи 24 Бехрузи Тагойзода мебошад, ки ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Ин афрод мазҳаби худро бар ивази маблағҳои муайян ба хоҷагони хориҷиашон фурӯхта, маҳз бо дастгирии молиявии онҳо имрӯз барои амалӣ намудани мақсади ғаразнокашон кӯшиши беҳуда доранд.
Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари кишварамон аз гуноҳи бештари собиқ аъзои ҲНИ гузашт карданд.Аз соли 1997 то сентябри соли 2015 фоизи муайяни ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин шуда буданд.ВАле мутаассифона, ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда, роҳбарону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ то ҳол хулосабарорӣ накардаанд ва аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллати мо санги маломат мерезанд.
Кӯшишҳои навбатии носипосони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Биноабар ин, бахусус ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгароро фаҳманд ва ҳимояи кишварро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд.
Дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки имрӯз мамлакатамон бо баракати сулҳу Ваҳдати миллӣ ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, бо дастовардҳои назаррас ва шукуҳу шаҳомати хоса истиқболи таҷлили ҷашни 30-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест.

Д. ШАРИПОВ,
сармуаллими кафедраи ҳуқуқшиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *