Баландбардории рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси принсипҳои раванди Болонӣ (ICEG)

Санаи 29 декабр дар доираи Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” зерлоиҳаи “Баландбардории рақобатпазирии хатмкунандагон-иқтисодчиён дар асоси принсипҳои раванди Болонӣ (ICEG)” бо мақсади мусоидат ва ҳалли масъалаҳои бо кор таъмин намудани хатмкунандагон-иқтисодчиён, мутахассисони соҳибкасби ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат мизи мудаввар бо иштроки корфармоёни маҳаллӣ оид ба баррасии барномаҳои таҳсилот дар доираи лоиҳа коркард шуда, баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар муовини раиси Асотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи ҶТ, роҳбари ҶДММ “Равзана” Сангин Илҳом, сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодии Сарраёсати агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд Алибоева Хосиятҷон, мутахассис оид ба интихоби кормандони “Бонки Эсхата” Бобоҷонова Нигора, IT – мутахассис дар шуъбаи кадрҳои ҶДММ “Фаровон-1” Хуршед Бобоев, менеҷери калони шуъбаи робитаҳои шарикии “Алиф Бонк” Бахтиёр Мирзосодиқов, менеҷери лоиҳаи ICEG Иномҷон Аминов, муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Далерҷон Мирпочоев, мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Саидқосим Мухторов, коршиноси пешбари лоиҳа Анастасия Комарова, сармутахассис оид ба таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Содирхон Умаров, муаллими калон кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шӯҳрат Қобилов, иштирок намуданд.
Аз ин ҷиҳат сифати таҳсилот ва касбомӯзиро боз ҳам беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани хатмкунандагон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.
Сараввал менеҷери лоиҳа, профессор Иномҷон Аминов меҳмононро хайрамақдам гуфта, мақсад ва моҳияти ташкили мизи мудавварро зикр намуда, дар навбати худ қайд кард, ки: “Мо бояд салоҳиятнокии мутахассисонро тарбия кунем, ки вай бояд кадом корҳоро карда тавонад ва барои ба талаботи корхонаҳо омода бошанд”. Дар рафти семинар намояндагони ҳар ташкилот атрофи масъалаи баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон фикру ақида ва пешниҳодҳои худро изҳор намуданд. Масъалаҳои муҳим оид ба маҳдудихтисос (узкая специализация), дарсҳои амалӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ, истифодаи макети корхона дар дарс, истифода бурдани донишҳои назариявӣ дар амал, донишҷӯёнро аз курсҳои аввал омода намудан барои мантиқан беҳтар фикр намудан ва ба талаботҳои корфармо ҷавобгӯ шудан ва дигар ғайра пешниҳод шуданд. Роҳбари ҶДММ “Равзана” Илҳом Сангин дар баромади худ қайд карданд, ки: “Дар кишвари мо фаҳмиши “кор нест ва коргар нест” бисёр паҳн шудааст ва мо бояд дуруст омода намудани коршиносонро ба пеш монем, то ки ҳар дуи инҳо бо якдигар пайваст бошанд”. Мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ Саидқосим Мухторов низ баромад намуда, гуфт, ки “Яке аз дигаргуние, ки низоми маорифи мо талаб мекунад ин муносибати донишгоҳ ва бахши хусусӣ аст. Яъне, ки донишгоҳҳо бояд ба корфармоён ба нигоҳи мизоҷ нигоҳ кунанд.” IT – мутахассис дар шуъбаи кадрҳои ҶДММ “Фаровон-1” Хуршед Бобоев фикрҳои муҳимро оид ба интихоби ҷойи кор ва кор дар корхонаву муносибат бо ҳамкасбонро зикр намуда, “Дар давоми дарс бояд фикри донишҷӯён низ гирифта шавад, ки чӣ гуна дишаргуниҳо бояд илова кунем, барои чӣ, то ки дар оянда аз рӯйи маълумоти ҷамъшуда нақшаи дарсии мукаммалтар омода шавад. Аз даврони курси аввал буданашон донишҷӯёнро бояд ба мантиқан фикр кардан омода кунем, то ки дар оянда дар ҷойи корашон бо масъалаҳое, ки рӯ ба рӯ хоҳанд шуд ба осони аз ӯҳдааш бароянд”. Коршиноси пешбари лоиҳа Анастасия Комарова дар бораи на фақат дониши назарияви гирифтани донишҷӯён балки дар амалия, дар сохтани ягон лоиҳа донишҳояшонро низ истифода баранд баромад намуд. То солҳои то 2025-2030 яке аз талаботҳое, ки дар бозори ҷаҳонии меҳнат талаб хоҳад шуд, ин қобилияти таҳлилӣ мебошад, ки мо бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем. Дар баромади муаллими калон кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Шӯҳрат Қобилов масъалаҳои донишҷӯ баъд аз хондани фанни таълимӣ чиро омӯхт? Оё чизе, ки ӯ омӯхт дар бозори меҳнат лозим аст ё не? дида шуд. Далерҷон Мирпочоев муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ қайд намуд, ки “Самти баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишкада, таҷдиди назар кардан ба нақшаи таълимӣ самти асосиаш ин наздик кардани таҳсил бо амалия мебошад”.
Дар ҷамъбаст профессор Иномҷон Аминов ҳамаи иштирокчиёнро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният намуда ба ҳар як меҳмон тӯҳфаи хотиравӣ супорид.

?? ??
?? ?? 3
IMG_2821
IMG_2825
IMG_2826
IMG_2827
IMG_2828
IMG_2829
IMG_2830
IMG_2833
IMG_2837
IMG_2845
IMG_2846
IMG_2851
IMG_2852
IMG_2855
IMG_2859
IMG_2862
IMG_2863
IMG_2866
IMG_2867
IMG_2871
IMG_2872
IMG_2874
IMG_2877
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *