ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ТАҲДИД БА СУЛҲУ СУБОТ

Мусаллам аст, имруз шабакаҳои Интернет як шакли воқеии ҳаёти виртуалии ҷомеаро сохтааст,ки дар он шахс ҳаёти ҳаррӯзаи худро бо муошират, муносибат ва навсозӣ мегузаронад. Интернет фазои алтернативӣ барои ҳаёти воқеии инсон аст. Дар он ҷавон худро ҳамчун унсури муҳими ҳамон ҷомеа ҳисоб мекунад, ки метавонад дар ҳалли ин ё он масъала нақши калидӣ дошта бошад. Созмону гурӯҳҳои террористӣ аз ин ҳолат ва аз имконияту афзалияти Интернет истифода бурда барои ҷамъ ва ҷалб кардани маблағ аз берун хеле моҳирона истифода мебаранд. Зеро маблағ барои терроризм «муҳаррики муборизаи мусаллаҳ» мебошад. Фаъолияти таблиғотӣ ва ҳамоҳангӣ дар Интернет, алалхусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ имкониятҳои бузург барои афзоиши маблағҳои ҷалбкунанда омода мекунад. Террористҳо тавассути усулҳои ғайриқонунӣ бевосита аз тариқи вебсайтҳои худ дар тамоми ҷаҳон маблағ ҷустуҷӯ мекунанд. Ҳарчанд то ҳол манбаи асосии даромади гурӯҳҳои террористӣ барои таъсиси шабакаву моҳвораҳои тарғиботӣ фурӯши яроқ ва маводи мухаддир бошад ҳам, вале Интернетро низ мавриди истифода қарор медиҳанд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ талаботи нерӯи ҷӯшандаи ҷавононро ба роҳҳои харобиовар ва ҷанг ҷалб мекунанд. Ва бояд эътироф кунем, ки дар ин самт то андозае муваффақ ҳам шудаанд. На танҳо шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон, инчунин шаҳрванди Тоҷикистон низ, мутаассифона, шомили гурӯҳи экстремистӣ — террористии Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) ва ё бо номи «Давлати исломӣ» шуданд Дар иртибот ба ин, ду соли охирро мисол меорем. Соли 2022 як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умед Умаров, ки номи мустаораш Аҳмад Фарид мебошад, қаблан аз қаламрави Русия муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, баъдан ба Туркияву Эрон ва сониян вориди Афғонистоншуда, ба ҷангҷӯёни ДИИШ пайвастааст. Инчунин дар соли 2022 бо дастури аъзои ДИИШ дар Сурия, аз ҷониби пайраваш – ҷавони роҳгумзада дар яке аз сафоратхонаи хориҷӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе амали террористӣ содир мешуд, хушбахтона он аз ҷониби мақомоти дахлдори кишварамон пешгирӣ карда шуд. Мисоли дигар, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди Осиёи Марказӣ бо аъзоёни “Давлати исломӣ” ҳамкорӣ намуда, дар шаби фарорасии соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Истанбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз тарафи мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки соли ҷорӣ, амиқтараш санаи 28 январ ҳангоми намози пешин дар калисои итолиёвии католикии Марияи Муқаддас, маҳаллаи Сариери шаҳри Истанбул ду нафари ниқобпӯш ворид шуда, аз болои намозгузорон тир кушоданд. Аз миёни ибодаткунандагони колисои мазкур беш аз 50 нафар буданд,чанд тан тир хӯрда, як нафар ба ҳалокат расид. Тибқи маълумоти вазири корҳои дохилии Туркия ду гумонбаршавандаи асосӣ дастгир карда шуданд,ки яке шаҳрванди кишварамон дигаре аз Русия мебошад. Бояд қайд кард,ки созмони террористии “Далати исломӣ” масъулияти ҳамла ба калисои мазкурро ба дӯш гирифтааст.

Аз ин рӯ, ба хулоса омада, қайд кардан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм ин таҳдид ба сулҳу субот аст. Барои аз байн бурдани чунин падидаҳои манфии ҷомеа дар ниҳоди ҷавонон ҳисси худшиносии миллӣ ва дар заминаи он тарбия намудани ифтихори миллӣ, ки ватандӯстии ҳақиқатро ба вуҷуд меорад, амри зарурӣ аст. Шахсе, ки худшиносии миллӣ ва ифтихори миллии баланд дорад, бо истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилооти мухталифи интернет ва ё шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии ҷаҳонӣ гумроҳ гашта наметавонад. Ҳар яки мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба амал барорем ва иттилооти ба дастовардаашро бо чашми дил таҳлил намоем. Бояд аз ҷониби мақомоти дахлдор ва бахусус ходимони дини кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт таҳким бахшанд. Баробари ин, имрўз ҷавонон бояд аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд ва аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки модар, аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсан хонанд.

М.МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *