ТЕРРОРИЗМ ДАР АСЛ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ НАВИН

Терроризм дар асл зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиёт ва амсоли инҳо дониста мешавад.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим, ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ дучор гардид.

Ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рўйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона шудааст.

Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундгароӣ аст.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳоро пайравӣ мекунанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилоти экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд бо рафтор, кирдор, тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣтеррористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ созем.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *