Ҷашни Наврӯз дар ДИС ДДТТ

Санаи 19-уми марти соли равон чорабинии идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Устодону донишҷӯёни факултетҳои донишкада мизи наврӯзӣ ороста, анъанаҳои ин ҷашни байналмилалиро ба маърази тамошо гузоштанд. Чорабинии идонаро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Гулчеҳра Усмоновна оғоз намуда, ҳамаи устодону донишҷӯёнро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният намуд.

Сипас, Бузуруков Иномхӯҷа – раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи савдо, кооператсияи матлубот ва дигар корхонаҳои хусусӣ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, кормандону устодон ва донишҷӯёнро ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай муборакбод намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи рангини омоданамудаи донишҷӯёни Донишкада табъи ҳамагонро болида гардонд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *