Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир

Санаи 31.03.2022 дар толори бинои 4-уми ДИС ДДТТ вохӯрии кормандони мақомоти гумрукӣ бо донишҷӯёни ихтисоси 96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории кафедра баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар мавзӯи “Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир” баргузор гардид.
Мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҷумаев А.Қ. маҳфилро ифтитоҳ бахшид. Собиқадори мақомоти гумрукӣ ва муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Юсупов Мансурҷон Ӯктамович дар мавзуи “Таъсисёбии мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти он”, муовини сардори гумруки н. Ҷаббор Расулов подполковники Хадамоти гумрукӣ, муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Мамаджонов Абдувосит Абдуқаюмович дар мавзуи “Фаъолият ва саҳми муосири мақомоти гумрукӣ дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат”, нозири мақомоти гумрукӣ лейтенанти Хадамоти гумрукӣ, муаллими кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Сайфиддинов Эшонбобохон Иброҳимович дар мавзуи “Тартиб ва адои хизмат дар мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Обидов Анвар Азамович донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ дар мавзуи “Таҳдиди қочоқи молҳо ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии муаллими кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ Холиқов Д.Н. маърӯза намуданд.
Декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҷалолов Н.М., баромад намуда, барои ташкил ва баргузории маҳфил ба ташаббускорон арзи сипос намуд.
Маҳфили кушод дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардида дар он кулли устодони кафедра, донишҷӯёни ихтисосҳои фаъолияти гумрукӣ ва молшиносӣ ва муоинаи молҳо ширкат варзиданд. Дар поёни маҳфил аз ҷониби кормандони мақомоти гумрукӣ ба саволҳои аз тарафи донишҷӯён пешкаш гардида, посухҳои мушаххас дода шуд.

?????? ?? ?????????? ??????
20220331_122724
20220331_115114
20220331_115133
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *