Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир

Санаи 31.03.2022 дар толори бинои 4-уми ДИС ДДТТ вохӯрии кормандони мақомоти гумрукӣ бо донишҷӯёни ихтисоси 96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории кафедра баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дар мавзӯи “Саҳми мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир” баргузор гардид.
Мудири кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҷумаев А.Қ. маҳфилро ифтитоҳ бахшид. Собиқадори мақомоти гумрукӣ ва муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Юсупов Мансурҷон Ӯктамович дар мавзуи “Таъсисёбии мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти он”, муовини сардори гумруки н. Ҷаббор Расулов подполковники Хадамоти гумрукӣ, муаллими калони кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Мамаджонов Абдувосит Абдуқаюмович дар мавзуи “Фаъолият ва саҳми муосири мақомоти гумрукӣ дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат”, нозири мақомоти гумрукӣ лейтенанти Хадамоти гумрукӣ, муаллими кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукии ДИС ДДТТ Сайфиддинов Эшонбобохон Иброҳимович дар мавзуи “Тартиб ва адои хизмат дар мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Обидов Анвар Азамович донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 96010102-таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ дар мавзуи “Таҳдиди қочоқи молҳо ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти роҳбарии муаллими кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ Холиқов Д.Н. маърӯза намуданд.
Декани факултети тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Ҷалолов Н.М., баромад намуда, барои ташкил ва баргузории маҳфил ба ташаббускорон арзи сипос намуд.
Маҳфили кушод дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардида дар он кулли устодони кафедра, донишҷӯёни ихтисосҳои фаъолияти гумрукӣ ва молшиносӣ ва муоинаи молҳо ширкат варзиданд. Дар поёни маҳфил аз ҷониби кормандони мақомоти гумрукӣ ба саволҳои аз тарафи донишҷӯён пешкаш гардида, посухҳои мушаххас дода шуд.

?????? ?? ?????????? ??????
20220331_122724
20220331_115114
20220331_115133
previous arrow
next arrow

ТЕРРОРИЗМ ДАР АСЛ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕАИ НАВИН

Терроризм дар асл зуҳуроти номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншооти гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиёт ва амсоли инҳо дониста мешавад.

Аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим, ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ дучор гардид.

Ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рўйпушкардашудае аст, ки бо зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона шудааст.

Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои якравию тундгароӣ аст.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.

Экстремистон ва террористон кӯшиш менамоянд, ки ба сафи худ наврасон ва ҷавононро ҷалб намоянд, зеро ҷавонон бо зудбоварӣ ба осонӣ онҳоро пайравӣ мекунанд. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилоти экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногунро, алалхусус ҷавононро ба доми худ мекашанд.

Аз ин лиҳоз, мо бояд бо рафтор, кирдор, тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣтеррористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ созем.

Т.САЛИМОВ

Маҳфили илмии донишҷӯён – «Суханвар»

Санаи 16.03.2022 сол бо ташаббуси кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Суханвар» дар мавзуи «Хониши асарҳои бадеӣ» гузаронида шуд.
Дар маҳфил муовини декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ оид ба илм н.и.п., дотсент Р.А.Манонова, мудири кафедра н.и.ф., дотсент С.А.Файзиева, роҳбари маҳфили илмии донишҷӯён Қ.О.Раупова, устодони кафедра дар ҳайати 6 нафар, 13 нафар донишҷӯён аз се факултети донишкада иштирок доштанд.
Мақсад аз баргузории маҳфил ин ошкор ва инкишоф додани қобилиятҳои асархонӣ, эҳтиёҷ ба муошират бо асарҳои бадеӣ, майл ба санъат, фарҳанг ва анъанаҳо мебошад.
Вазифаҳои маҳфил аз шавқу рағбат ба хониши адабиёти бадеӣ, бедор намудани хоҳиши китобхонӣ, майлу хоҳиши истифодаи оқилонаи вақти холигии худ иборат аст.
Дар маҳфили илмии донишҷӯён – «Суханвар», аъзоёни маҳфил Алиева Рухшона дар мавзуи «Рассказы Ч.Айтматова», Ахмедова Адибахон дар мавзуи «Достони «Рустам ва Сӯҳроб»-и А.Фирдавсӣ ва Раҷабова Нушофарин дар мавзуи «Очерк Дадоджона Раджабова «Новая мама» бо баромадҳои пурмазмун фаъолона иштирок намуданд. Маҳфил қобилиятҳои эҷодии донишҷӯёнро инкишоф намуда, одати баёни озодонаро дар донишҷӯён бедор мекунад.

Машғулиятҳои амалии донишҷӯён

Санаи 24 феврали соли 2022 дар доираи фанни маркетинг донишҷӯёни курси 2-юми, ихтисоси 250103 А, Б, гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисии ДИС ДДТТ бо роҳбарии мудири кафедраи иқтисодиёти чаҳон, дотсент Мухитдинова Ш.С. ва ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Қурбонова Б. машғулиятҳои амалии худро дар бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд гузаронида, аз руи супоришҳои додашуда ҳаҷми бозор, талаботу таклифот, нархи маҳсулот ва сифати онҳоро тадқиқот намуданд.

0cf5da9d773eaaaed36897127aaa22207da610bcf8fd3cb5f9cc11f42e516867
20220224_152157
20220224_152803
20220224_153525
IMG-20220225-WA0001
IMG-20220225-WA0006
IMG-20220225-WA0008
previous arrow
next arrow

ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ: ИМРӮЗ ВА ФАРДО

Санаи 23 декабр суҳбати озод «IET. TALK. ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ: ИМРӮЗ ВА ФАРДО» ва муҳокимаи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маориф, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои инноватсионӣ бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо иштироки донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ ва факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ масъалаҳои оид ба таҳсилоти олӣ вобастабуда дида баромада шуд.

Сараввал чорабиниро мудири кафедра н.и.и., дотсент Мухитдинова Ш.С. ҳусни оғоз бахшида, оиди моҳият, аҳамият, зарурати таҳсилоти олӣ ва нақши забони англисӣ дар тайёр намудани мутахассиси дар бозори чаҳонии меҳнат рақобатпазир сухан ронд.
Муаллимаи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Раҳматуллоева А. баромад намуда, оиди барномаи ENACTUS ва иштироки донишҷӯён бо лоиҳаҳои худ дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия, Пекини Ҷумҳурии халқии Чин, Лондони Британияи Кабир, Сан-Хосеи ИМА бо навори хеле ҷолиб баромад намуд.
Сипас, баромади мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов Саидқосим вобаста ба нуктаҳои асоси Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, забономӯзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ шунида шуд. Мавсуф қайд кард, ки «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад» гуфтани Пешвои миллат ба мо устодон имкон медиҳад, ки мо барои боз ҳам дар сатҳи баланд омӯзонидани дониш ба донишҷӯён кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Дар рафти суҳбати озод С.Мухторов аз таҷрибаи донишандӯзии худ ба донишҷӯён нақл намуда, таъкид кард, ки донишҷӯён аз пешрафти замони муосир қафо намонда, ҳамқадами замона бошанд ва забони анлисиро хуб омӯхта, технологияҳои муосирро хуб аз худ намоянд. Инчунин дар бораи лоиҳаҳое, ки донишҷӯён имкон доарнд ба давлатҳои хориҷа таҳсил намоянд, маълумоти муфассал баён гашта, 6 нафар донишҷӯёне, ки барои таҳсил дар Донишгоҳҳои олии дигар кишварҳо омодагии худро дидаанд, баромад намуданд.
Дар ҷамъбаст ба С.Мухторов аз тарафи донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардида, ба ғолибони олимпиадаи дохилӣ диплом ва сипоснома супорида шуд.

IMG_2329
IMG_2341
DSC_0334
IMG_2349
IMG_2338
IMG_2350
IMG_2353
previous arrow
next arrow

Дарси кушод дар мавзуи “Воситаҳои ҳозиразамони интиқоли иттилоот дар низоми идоракунӣ”

Санаи 22 – декабр дар курси 2-юми ихтисоси 26010100 идораи давлатӣ дарси кушоди муаллимаи калони кафедраи менеҷмент ва маркетинг Почоева Матлюба Абдуманоновна, баргузор гардид. Мавзуи дарси кушод оид ба воситаҳои ҳозиразамони интиқоли иттилоот дар низоми идоракунӣ буд, ки дар он масъалаҳои имрӯзаи интиқоли иттилоот ва таъминоти бехатарии он мавриди муҳокима ва мубодилаи афкор қарор дода шуданд. Дар қисми ҷамъбастии дарси кушод д.и.и., профессори кафедра Ғозибеков С.А. ва н.и.и., дотсент Ниёзов Ҷ.С. баромад намуда оиди зарурияти ташкили рақамии интиқоли иттилоот дар замони муосир ва пешрафтии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт суханронӣ намуданд.

Дарси кушоди намунавӣ аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография

Санаи 18 декабр дарси кушоди намунавӣ аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография, барои курси 1-уми ихтисоси 250103 А (иқтисодиёти ҷаҳон) гуруҳи англисӣ бо роҳбарии ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Қурбонова Биҳафиза Файзуллоҷоновна баргузор гардид. Дар дарс декани факултети иқтисодиёт ва технлогияҳои инноватсионӣ н.и.и, дотсент Шарипов З.У., сарнозири шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим н.и.и. дотсент Абдуллозода Н.Р., мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон н.и.и, дотсент Мухитдинова Ш.С., сармуаллими кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Гайбуллоев К.Қ ва муаллима Шораҷабова Ш.З иштирок намуданд. Дарси намунавӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Донишҷӯёни гурӯҳ дар дарс фаъолона иштирок намуда, дар амал донишу малакаҳои худро нишон доданд.

IMG_2055
IMG_2059
IMG_2068
IMG_2081
IMG_2085
IMG_2092
IMG_2074
previous arrow
next arrow

Маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Менеҷер ва маркетологҳои ҷавон»

Санаи 18 декабр дар кафедраи менеҷмент ва маркетинг маҳфили илмии донишҷӯёни ихтисосҳои вобастаи кафедра бо номи «Менеҷер ва маркетологҳои ҷавон» бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг н.и.и., дотсент Ниёзов Ҷ.С. оғоз намуда, доир ба аҳамияти ташкили маҳфил ва иштироки донишҷӯён дар он суханрони намуд. Сипас д.и.и., профессор Ғозибеков С.А. оид ба саҳми ҷавонон ва мутахассисони ҷавони соҳаи идоракунӣ дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар суханрони намуданд. Мавзуҳое, ки аз тарафи донишҷӯён мавриди муҳокимаи иштирокчиёни маҳфил қарор гирифта буд бештар ба чунин самтҳо алоқаманд буданд: низоми идоракунии фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ, таҳияи нақшаҳои стратегии фаъолияти онҳо, масъалаҳои таъминоти рақобатпазирии фаъолияти субъектони хоҷагидорӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати кормандон дар низоми имрӯзаи идоракунии иқтисодиёт.
Доир ба ин масъалаҳо донишҷӯён маърӯза карда муҳокима ва мубодилаи афкор намуда донишҳои назариявии худро вобаста ба ихтисос мукаммал намуданд.

Семинари омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ

Санаи 16.12.2021 дар ДИС ДДТТ бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ бо намоянда аз барномаи Fulbright Judith Elliott семинар машварати омӯзишӣ оид ба баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ гузаронида шуд, ки дар он методҳои нави таълими забони англисӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун омӯзонида шуд.

Дарси кушод дар мавзӯи “Услубҳои забон”

Санаи 10-уми декабр дар синфхонаи № 4-и бинои таълимии 1 дарси кушоди ассистенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Х.Умуров бо иштироки донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси 250103анг. “А” дар мавзӯи “Услубҳои забон” (назариявӣ) гузаронида шуд. Дар дарс сарнозири шуъбаи мониторинг ва сифати таҳсилот н.и.и. Абдулло-заде Н.Р., мудири кафедра Файзиева С.А., ҷонишини декан оид ба таълим Норбобоев Л. ва ассистенти кафедра Ашӯрова А. иштирок доштанд.