Шуъбаи магистратура ва докторантура

Мудир – Бухадиров  Ҳабибулло Иномович, номзади илмҳои иқтисод.

Бухадиров  Ҳабибулло Иномович  24-октиябри соли 1970 дар шаҳри Истаравшан (Уротеппа) дар оилаи зиёи   таваллуд шудааст. Миллаташ точик, маълумот олӣ, номзади илмҳои итисодӣ, досент.  Баъди хатми Донишгоҳи милии Тоҷикитстон (1992 с.)  фаъолияти меҳнатиашро  дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  оғоз намудааст.

Солҳои 1992-1994 -мудири лабораторияи компутерии  факултети иқтисоди ДДХ, солҳои 1994 – 1995 муаллими кафедраи «Кибернетикаи иқтисодӣ», факултети   иқтисоди  донишгоҳ, солҳои 1995 – 2002   сармуаллими кафедраи «Кибернетикаи иқтисодӣ», солҳои 2002–2009 мудири кафедраи «Коргузории гумрук»-и факултети “Ҳуқуқшиносӣ”-и ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, солҳои 2009 – 2014 мудири кафедраи «Менеҷмент ва соҳибкорӣ»-и факултети  «Молия ва иқтисодиёти бозор» дар ДДХ  ба номи академик  Б.Fафуров.

Дар давраи  роҳбарии ӯ дар ҳайси мудири кафедра 4 –нафар устодон  рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд. Аз соли 2014-2015  досенти кафедраи «Менеҷмент ва соҳибкорӣ »-и факутети   «Молия ва иrтисодиёти бозор» дар ДДХ  ба номи академик Б.Fафуров. Аз соли 2015-2017 декани факултети Тиҷорат, фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи   ДИС ДДТТ ва аз соли 2017 -2021 декани факултети Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ дар ДИС ДДТТ, аз 29.01.2021 чун дотсенти кафедраи Молшиноси ва фаъолияти гумрук фаъолият намуда истодааст. Меҳнатҳои софдилонаи ӯро ба ҳисоб гирифта соли 2017 ба унвони аълочии маориф ва илми ҶТ қадрдони намудаанд, якчанд маротиба бо Ифтихорномаи Донишгоҳ, Хукумати шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сарфароз гардидааст.

Нисбати хурду калон ҳалиму меҳрубон буда, дар тарбияи шогирдон сахтгиру серталаб мебошад.

Ӯ оиладор буда, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Аз соли 2002 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Аз моҳи сентябри соли 2021 то имрӯз мудири шуъбаи магистратура ва докторантураи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мебошад.

Телефон барои тамос:   (83422) 4-23-14,  (+992) 92-7705337, почтаи электронӣ bahadur70@mail.ru