“ИСЛОҲ. НЕТ” – САРЧАШМАИ САФСАТАГӮӢ ВА ҒАЙБАТУ ТӮҲМАТ

Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар бисёр мавридҳо шабакаи интернет натанҳо чун воситаи алоқа, балки ҳамчун воситаи ҳамоҳангсозии амалҳои экстремистӣ ва террористӣ низ истифода мешавад. Дар интернет ва шабакаҳои гуногуни иљтимоӣ бе зикри ном дар як лаҳза иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Созмону гурӯҳҳои ифротию террористӣ сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро таѓйир дода, бо ин васила кўшиш мекунанд, таҳти мазмуни дигар пинҳон шаванд, доменҳои навро таъсис медиҳанд ва хостинги кишварҳои гуногунро истифода мебаранд. Дар ин замина онҳо аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Дар робита ба ин, бояд ёдовар шуд, ки яке аз сомонаи «Ахбор. ком» номи худро ба «Ислоҳ. нет»-и ифротӣ табдил дода, танҳо ба хотири дарҷ намудани мақсадҳои нопок ва хабарҳои бардурӯғи наҳзатиҳо ,яъне паймони худсохтаашон бо номи “Паймони милли..” амал мекунад. Танҳо ба хотири ҳисобот додани онҳо ба хоҷагонашон аст. Роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ, ки худро соҳибдори “Паймони миллӣ…” ва ҳизби мамнуъи наҳзати ислом метарошаду ҷонибдорони ангуштшуморашро намояндагӣ дорад. Бояд қайд кард, ки ҳаммаслакон ва пайравони “Паймони милли..”то ҳол хулосабаи зарурӣ набароварда, имрӯзҳо тавассути сомонаи “Ислоҳ.нет”, дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир”, ки ровиаш Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ҳар моҳе чанд маротиба бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромадҳои ифротӣ менамояд. Зимни баромадҳояш бо тавсифҳои сохтаву андешаҳои по дар ҳавои худ сомона ва барномаашро ба сарчашмаи сафсатагӯӣ ва ғайбату тӯҳмат табдил додааст. Дар ҷараёни баромадҳояш, бо ҷалби шогирдону пайравонаш шахси дар барнома баромадкунандаи шаҳрванди кишвар ва ё муҳоҷири меҳнатӣ, ки бештарашон муҳоҷирони тоҷиканд, масхараю захрханда ва писханд мезанад. Ба андешаи мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, умуман дар минбарҳои сатҳаш гуногун, ҳар шахс бояд эҳтироми миллатро ба мадди аввал гузорад. Гап дар он аст, ки обрую эътибори миллати мо аз ҳама воло аст! Ҳар фарди кишвар ва ҳар як наврасу ҷавонон, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намоем, ки мо тоҷикем, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанг ҳастем. Дар иртибот ба ин, иқтибос аз пандномаи Каҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров-ро ба маврид мисол меорем: “Вақте ки кас аз ватанаш берун мебарояд, бояд фаромуш кунад, ки бегонаҳо ӯро дида, дар бораи миллаташ хулоса пайдо мекунанд.”
Хулоса, тафаккури миллати боору номуси тоҷик тафаккури созанда ва сарнавиштсоз аст. Зеро дар таърихи рушди тафаккури башарӣ ва ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ва дар ҳар давра тафаккури созанда ва бунёдкорӣ мақоми хоса доштааст. Ҳамин аст, ки дар фарҳанги башарӣ ҷойгоҳи созандагиву бунёдкорӣ ниҳоятан муҳим ва сарнавиштсоз аст. Имрӯз дар тамаддуни ҷаҳонӣ танҳо халқҳо ва миллатҳое ҷойгоҳи арзанда ва босазо доранд, ки бо роҳи ақлу хирад ва шинохти воқеиву илмии олам тавонистаанд, мушкилоти хешро ҳал намоянд ва ҷомеаи худро аз назари дидгоҳҳои илмиву мантиқӣ дар партави ақли солим бунёд намоянд.

Қобили қайд аст, ки дар баъзе кишварҳо хурофатзадагиву нодонӣ ва коргирифтан аз ҷаҳлу таассуб тули ҳазорсолаҳост ин мардумонро монеи рушд гардида, ба кишварҳои дастнигару истеъмолӣ ва манбаи ашёи хом табдил додааст. Ҳамин аст, ки барои давлатҳои манфиатхоҳ нигоҳ доштани ин мардумон дар ҳоли ҷаҳлу таасуб ва ноданӣ мавзуи ҳамешагӣ ва мубрам ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ҳамин масъала дар кишварҳои шарқӣ ва махсусан шарқи исломӣ бунёд намудани ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи вопасгаро, ки акасри онҳо бар мабнои бовару эътиқод тарроҳӣ шудаанд, мисли замбуруғҳои пас аз борон ҳар рӯз зуҳур менамоянд. Мардуми кишвар бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардиданд. Наҳзатиҳо, умуман душманони миллат натавонистанд бо тамоми дуруғпароканиву афкори пучу хурофтӣ миллати тоҷикро аз бунёдкорию созандагӣ боз доранд. Хулоса, аз таърихи гузашта сабақ омӯзем ва дар вазъияти сиёсии замони имрӯз, ки торафт рақобати байни давлатҳои абарқудрат шадидтар мегардад, якпорчагии кишвар ва суботу амнияти онро ҳифз намоем. Дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро сидқан дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандонаи худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем. Пас, моро мебояд, ки барои ҳифзи суботу оромӣ, якпорчагии кишвар ва боло бардошатни обрӯву эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш талош намуда, баҳри ободиву пешрафти Ватани азизу маҳбубамон ҳиссаи арзандаи хешро гузорем.

Ф. МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *