ПАЙМОНИ ХУДСОХТАИ НАҲЗАТ – АВОМФИРЕБ ВА ТАФРИҚААНДОЗ

Имрўзҳо яке узви фаъоли паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони милли..” афроде бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин ровии барномаи”Минбари муҳоҷир”ва дигаре думраваш Ҳусейн Ашӯров ровии барномаи “Ҳақ ва ботил” мебошанд, ки ба масоили сиёсӣ хеле дуранду сарфаҳм нарафта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо суханҳои бесос нисбати ҷумҳурии азизамон бо навбат айбҷўӣ намуда, пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезану бӯҳтон мезананд, хашм мегиранд, таҳдидҳо месозанду худро “ғамхор”-и миллат меҳисобанд, аммо дар зимн андешаи дигар доранд. Баромадҳои ифротии ин тудаи бадхоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз боздошти аъзоёни наҳзати миллаткуш ин калому даъвои моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ таълимоти динию низомӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, мехоҳанд мардумро гумроҳ сохта, ба корҳои зишти худ ҳамроҳ созанд. Ин тудаи авомфиреб ва тафриқаандоз дар байни мардум ҳамин шуғл доштаанду доранду ба рафторҳои ношоистаю ғайриақлонӣ ва ғайриисонӣ одат кардаанду наметавонанд, ки аз ин одати бад даст бикашанд. Хуллас, офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ҳамгон медонанд, ки “Паймони милли” пайравону аъзоёни он кистанд ва чӣ ният доранд. Умуман, мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” комилан бовар намекунанд вааз ҷумла, аз авомфиребию тафриқаандозиашон огоҳ шудаанд. Мақсади дигари мубаллиғони наҳзатиҳо дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз амали онҳо маълум мешавад, ки ин тудаи бадхоҳони иллат барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурўшанд. “Паймони милли..” як сарчашмаи авомфиреб ва тафриқандоз аст! Мардуми диёрамон имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Воқеан, миллати мо бо муттаҳидӣ аз ҳамагуна мушкилиҳо метавонад раҳо ёбад ва дар ягон сурат рўҳияи мардуми моро шикаста наметавонад. Хулоса, қадам ба қадам мо ба бунёди давлати иҷтимоӣ ва пешрафта ноил гардида, амалҳои хоинонаи раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”-ро мардуми кишвар пайваста ва доимо шадидан маҳкум мекунанд. Таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерўи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои ба даст омадаи хешро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандўстро тарбия намоем.

М.АХМЕДОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *