Созмони ҷавонон

Созмони ҷавонони Донишкада дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самти ҷавонон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, дастуру супоришҳои раёсати донишкада нақшаи кор таҳия ва тасдиқ намуда, мутобиқи он амал мекунад. Дар факултаҳои донишкада аъзоҳои созмони ҷавонон барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, беҳтар намудани пешрафту давомоти донишҷўён, доштани одоби муоширати касбӣ ва ахлоқи намунавӣ кўшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар ҷаласаҳои созмони ҷавонони факултаҳо масъалаҳои давомот ва пешрафти донишҷўён, сарулибос, истифода накардани телефонҳои мобилӣ дар бинои таълимӣ, наомадан бо нақлиёти шахсӣ, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, нашъамандӣ ва дигар масоили муҳими ҷомеа муҳокима ва баррасӣ мегарданд. Тибқи нақшаи чорабинии донишкада дар хобгоҳи донишкада бо роҳбарии мутахассиси кор бо ҷавонон Негматов Муродҷон вохўриҳо гузаронида мешаванд, ки дар он масъалаҳои одобу ахлоқи ҷавонон дар хобгоҳ муҳокима карда мешаванд.

Ҳафтае як маротиба аъзои созмони ҷавонони факултаҳо ба хобгоҳи донишкада ташриф меоваранд ва аз ҳолати донишҷўён бохабар мегарданд. Зери назорати қатъӣ қарор додани давомот, сатҳи таҳсил, тарзи либоспўшии тавсиявӣ дар донишкада, бо телефонҳои мобилӣ ва мошинҳои шахсӣ наомадани донишҷўён вазифаи аввалиндараҷаи ин созмон ба ҳисоб меравад. Аъзои фаъоли созмони ҷавонон дар конфронсу семинарҳо ва вохўриҳо ширкат меварзанд.

Дар ДИС ДДТТ мунтазам мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ ва Сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Каримзода Мирзоқосим бо устодону донишҷӯёни донишкада баргузор мегарданд.