ДИС ДДТТ калиди муваффақияти шумост!

Орзуи ҷавонии мо амалӣ шуд! Мо ба шаҳри орзуҳои худ – Диснейленди Париж сафар кардем.
Донишкада барои донишҷӯён имкониятҳои зиёд фароҳам меорад ва онҳоро дастгирӣ мекунад ва барои амалӣ шудани орзуҳои онҳо мусоидат мекунад.
Мо аз ДИС ДДТТ ва барномаи мобилии Эразмус + миннатдорем, ки ба мо имконияти зиёдро фароҳам овард, ки донишамонро афзун гардонем ва инчунин ба кишварҳои хориҷа сафар кунем.
Аз интихоби ДИС ДДТТ ва таҳсил дар ин боргоҳи маърифат пушаймон нестем.
Ба Шумо тавсия медиҳем, ки барои идомаи таҳсил маҳз ДИС ДДТТ-ро интихоб намоед! Албатта ба мақсад ва ҳадафҳои олии худ мушарраф хоҳед гашт.

АЗ ХУҶАНД БА КАНТАБРИЯ, Ё ХУД ДОНИШҶӮЁНИ МО ДАР ИСПАНИЯ!

Айни замон 5- нафар ғолибони барномаи Эрасмус+ дар Донишгоҳи Кантабрияи Испания таҳсили худро идома дода истодаанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар маҷмуъ ДИС ДДТТ дар 4 соли охир танҳо ба Донишгоҳи Кантабрия 15 нафар донишҷӯён ва 11 нафар омӯзгоронро ирсол намудааст.
Донишгоҳи Кантабрия дар доираи барномаи Эразмус+ ҳамкори аввалин ва шарики аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мебошад.
Дар умум, аз рӯи миқдори донишҷӯёну омӯзгорони ба хориҷа барои таҳсил ва коромӯзӣ сафарбаркардашуда ДИС ДДТТ дар Тоҷикистон пешқадамтарин аст!

 

Ҳамкории байналмилалӣ байни ДИС ДДТТ ва Донишгоҳи Лауреаи ИА

Устодон ва магистрантони ДИС ДДТТ, ки рӯзҳои наздик ба Донишгоҳи Лауреаи Финландия мераванд, дар рӯзи дуввуми мулоқот бо меҳмонон шинос шуда, сӯҳбатҳо гузарониданд.

Сараввал муовини директор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Мирпочоев Д.А. ва мудири шуъбаи илм ва инноватсия, дотсент Камолов Фарух дар бораи фарқиятҳои интернатсионализатсияи илмӣ, дарсҳои амалию лексия ва кори мустақилонаи донишҷӯёни Донишгоҳи Лауреа ва ДИС ДДТТ андешаронӣ карданд.

Баъдан мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент Исмоилова Мутриба дар бораи таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ суханронӣ карда, изҳор намуд, ки мехоҳад дар давоми мобилияти худ бо донишҷӯёни хориҷа аз наздик шинос шуда, фикру ақидаҳои онҳоро фаҳмад. “Ҳар забон як ҷаҳони том аст. Забон на танҳо мавзӯи омӯзиш, балки рӯҳи зиндаи мардум, шодӣ, дард, хотира, ганҷинаи онҳо мебошад”.

Муаллимаи калони кафедраи забонҳои хоричӣ Сидиқова Гулсара дар бораи фарқи байни системаҳои таълимии Донишкадаи мо ва Донишгоҳи Лауреаро пурсон шуда, маълумоти заруриро дарёфт намуд.

Инчунин сармутахассис оид ба карера ва таҷрибаомӯзӣ, дотсент Буходиров Ҳабибулло перомуни рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён маълумот дода, дар ин самт оид ба чи тавр гузаштани таҷрибаомӯзиҳо, гузаронидани лексияҳо дар амал ба шакли таҷрибаомӯзӣ дар Донишгоҳи Лауреа пурсон шуд.

Дар охир магистрантони ДИС ДДТТ, ки мобилияти худро дар соли 2023-2024 дар Донишгоҳи Лауреаи Финляндия идома медиҳанд, худро муаррифӣ намуда, омодаи таҳсил дар хориҷи кишварро иброз доштанд. Инчунин, Конрад Ляру ва Илка Куркела ба онҳо шаҳодатномаҳои стипендия супориданд.

Ташрифи меҳмонон ба ДИС ДДТТ аз Донишгоҳа Лауреа, Финландия

Ҳамкории байналмилалӣ байни донишгоҳҳо барои ҳама, аз кормандон ва донишҷӯён то тамоми ҷаҳон муфид аст!

Донишкадаи мо бо камоли хушнудӣ ба шумо иттилоъ медиҳад, ки дар доираи барномаи Эразмус+, Мобилияти байналмилалии кредитӣ KA 107  меҳмонон аз Донишгоҳи Лауреа, Финландия ба ДИС ДДТТ дидан кардан. Коршиноси байналмилалӣ, ҷомеа ва рушди шахсӣ – ҷаноби Конрад Ляру ва Директори шарики байналмилалӣ- ҷаноби Илка Куркела бо директори ДИС ДДТТ, дотсент Ҳошимзода Ҳ.Х. мулоқот доштанд. Зимни сӯҳбат онҳо дар бораи ҳамкориҳои оянда ва таълим, омӯзиш ва тадқиқот баррасӣ карда, ҳарду ҷониб ба мувофиқа омаданд, ки барои рушди ҳамкориҳо корҳоро идома хоҳанд дод.

Дар ДИС ДДТТ «РӮЗҲОИ ЭРАСМУС» баргузор гардид

ДАР ДИС ДДТТ «РӮЗҲОИ ЭРАСМУС» (ERASMUSDAYS) БАРГУЗОР ГАРДИДА ИСТОДААСТ
Бо ташаббус ва ибтикори Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонӣ санаҳои 14-15-уми октябр дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ «Рӯзҳои Эрасмус» (ERASMUSDAYS) баргузор гардида истодаанд.
Санаи 14-уми октябр дар толори асосии донишкада бо иштироки ҳайати васеи донишҷӯён рӯзи аввали мулоқот, ки аз шиносоии лоиҳаҳои барномаи «Эрасмус +», муаррифии донишгоҳҳои дар доираи барнома ҳамкор, шиносоӣ бо имкониятҳои таҳсил ва донишгоҳҳои ҳамкор ва инчунин, нишониҳои интернетии (ссилкаҳои) пур кардани пурсишномаҳо (анкетаҳо) ва интихоби донишгоҳҳо иборат буд, баргузор гардид.
Дар муаррифӣ мудири Маркази байналмилалӣ ва иртиботи мутақобилаи ҷаҳонии донишкада, роҳнамои барномаи «Эрасмус +» дар муассиса Саидқосим Мухторов суханронӣ намуда, аз тариқи слайд донишҷӯёнро бо имкониятҳои таҳсил, роҳхатҳо барои донишҷӯёни зинаҳои бакалавру магистратура, ва донишгоҳҳои ҳамкор шинос намуд.
Донишҷӯён оид ба барнома ва самтҳои он саволҳои сершумор пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас шуниданд.

Сафари кории устодони Донишкада дар доираи Лоиҳаи UNICAC

Ҳафтаи дуюми сафари кории устодони ДИС ДДТТ дар доираи Лоиҳаи UNICAC ба тренингҳои амалӣ бахшида шуд. Мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон, дотсент Мухитдинова Ш.С. ва дотсенти кафедра Комарова А.И. бо фаъолияти шубаи байналхалқии факултети бизнес и менеҷмент, шубаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи Турин, шубаи мобилнокии донишҷӯён ва ҳамкорӣ, инчунин шубаи татқиқотии Донишгоҳи Турин шинос гардиданд. Дар ҷараёни ин тренигҳо онҳо ҷабҳаҳои асосии фаъолияти ин шуъбаҳоро омӯхта, мубодилаи таҷриба намуданд. Инчунин онҳо дар машғулияти лексионии профессор Claudio Da Soller аз фанни “Коммуникатсияҳои байнифаҳангӣ” иштирок намуданд.
Магистрант Шамсиева Нигора дар якчанд машғулиятҳои лексионии фанҳои бизнес и менедҷмент, коммуникатсияҳои байнифаҳангӣ ва асосҳои забони итолёвӣ иштирок намуд.

Сафари устодони Донишкада ба Донишгоҳи Турини Итолиё аз рӯи барномаи UNICAC

Устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон: мудири кафедра, дотсент Мухитдинова Ш.С. ва дотсенти кафедра Комарова А.И., инчунин магистранти курси 2-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон Шамсиева Н.А. дар Донишгоҳи Турини Итолиё аз рӯи  Лоиҳаи UNICAC барномаи ЭРАСМУС+ дар семинарҳо, терингҳо ва вохӯриҳои дар доираи ин барнома ташкилшуда фаъолона ширкат варзида истодаанд. Санаҳои 17 ва 18 майи соли ҷорӣ онҳо дар якчанд семинарҳо аз тарафи директори Донишкадаи менеҷмент ва иқтисодиёт: профессор Francesca Cullasso, коршиноси барномаи UNICAC профессор Maurizio Cisi, профессорон Cristina Ragionieri, Eliana Silvestri, Elena Bertaglia, Annarita Letizia баргузоргашта иштирок намуданд. Инчунин санаи 19 май дар Раёсати ин Донишгоҳ онҳо Донишкадаи иқтисодиёт ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, оид ба ҳадафҳои асосии Донишкада, ихтисосҳои марбутаи он, гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои донишкада маълумот доданд. Дар нимаи дуюми ҳаминрӯз ба парки технологии ин Донишгоҳ Envi park рафта, бо фаъолияти ин парки технологӣ аз наздик ошно гардиданд.

IMG-20220517-WA0018
IMG-20220519-WA0172
IMG-20220519-WA0031
IMG-20220517-WA0024
20220519_105947
Picsart_22-05-18_13-37-38-742
Picsart_22-05-18_11-55-06-688
Picsart_22-05-20_12-09-08-301
previous arrow
next arrow

Дарс аз фанни забони тоҷикӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ

Мо дар доираи барнома бо шарикони UNICAC дар мавзӯи зерин вохӯрӣ доштем: Рушди потенсиалҳо барои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълим/омӯзиш/таҳқиқот – 3.7 Санҷиши пилотӣ: Амалҳои мобилии донишҷӯён ва профессорон. Дар консорсиум аз Донишгоҳи Торино (Италия), Донишгоҳи илмҳои амалии Лауреа (Финляндия), Институти иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Тоҷикистон), Донишгоҳи миллии Узбакистон (Ӯзбекистон) ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии Тошканд иштирок доштанд. Узбекистон).
Ба шарофати ин чорабинӣ ман бо донишҷӯёни хориҷӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои алифбо ва садоҳои тоҷикӣ» дарси ҷолиб гузаронидам. Мақсади ин дарс ба хориҷиён додани мавод дар бораи шабоҳат ва фарқияти талаффуз ва навиштани ҳарфҳо ва садоҳои тоҷикӣ ва англисӣ буд. Дар рафти дарс мо бештар дар бораи пайдоиши забон, фарханг ва таърихи алифбоамон бисёр сухан рафтем. Донишҷӯён хеле фаъол ва дилчасп буданд ва аз рӯи мавзӯъҳои зикршуда чизҳои зиёде гирифтанд. Дар рафти дарс хонандагон ин забонро машқ карда, бо мо ба забони тоҷикӣ муошират мекарданд.

IMG_9348
IMG_9343
IMG_9344
IMG_9351
IMG_9354
IMG_9356
IMG_9358
IMG_9361
IMG_9365
IMG_9368
IMG_9371
IMG_9372
IMG_9373
previous arrow
next arrow

Дарсҳои муштарак дар доираи Лоиҳаи UNICAC

12 майи соли 2022 меҳмонон аз донишгоҳҳои шарики Финландия, Италия, Испания ва Ӯзбекистон дар гурӯҳҳои англисии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дарсҳои муштарак гузарониданд. Профессорон мавзуъҳои марбут ба касби интихобкардаашонро шарҳ доданд. Фаъол будани хонандагонро дар рафти дарс мушоҳида кардан мумкин буд ва онҳо низ бо шавқи зиёд бо овардани мисолҳо андешаҳои худро баён мекарданд.
Намояндагони Финландия дар мавзуи «Тарҳрезии хидматрасонӣ» баромад карданд ва донишҷӯён ба чанд гурӯҳ тақсим шуда кор карданд. Зимни баррасии “Тоҷикистон барои ҷалб намудани донишҷӯён чи кор бояд кунад?”, ки мавзӯъи марказӣ буд ва мавзӯъҳои таблиғ ва кӯҳҳо, табиат, Наврӯз, равобити бештар бо донишгоҳҳои дигар, ширкати сайёҳӣ дар Хуҷанд, гурӯҳҳо ва барномаҳо ва анъанаҳои англисиро дар бар мегирифт.
Аксари донишҷӯён тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, то ба профессорони шарикони хориҷӣ таассуроти хуб гузоранд ва тавонистанд нуқтаи назари худро баён кунанд. Намояндагони донишгоҳҳои шарик низ дар бораи донишгоҳҳои худ бештар дар бораи таҳсил ва имкониятҳо маълумоти муҳим доданд.
Донишҷӯёни Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ҳангоми иштирок дар дарсҳо таҷрибаи гаронбаҳо ба даст оварда, шоҳиди таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ гардиданд. Донишҷӯён ҳавасмандии худро барои истиқболи онҳо ба Тоҷикистон изҳор намуданд ва барои гузаронидани дарс хеле миннатдор шуданд.

IMG_8715
IMG_8710
IMG_8711
IMG_8712
IMG_8713
IMG_8714
IMG_8717
IMG_8719
IMG_8720
IMG_8723
IMG_8724
IMG_8727
IMG_8729
IMG_8732
IMG_8733
IMG_8736
IMG_8741
IMG_8744
IMG_8754
IMG_8755
IMG_8758
IMG_8760
IMG_8761
IMG_8766
IMG_8770
previous arrow
next arrow