Санаи 08.04.2024 дар ДИС ДДТТ сатҳи донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияҳои математика, химия, технологияи информатсионӣ, география ва биология баргузор гардид. Дар озмун 215 нафар донишҷӯёну магистрантони беҳтарин, ки дар гурӯҳҳои академӣ ғолибон ҳисоб мешаванд, иштирок карданд. Аз рӯи натиҷа, 6 нафар донишҷӯ ба ҷойҳои 1, 2 ва 3 аз рӯи номинатсияи математика ғолиб омаданд. Аз рӯи натиҷаи технологияи информатсионӣ низ 6 нафар, аз рӯи номинатсияи биология 3 нафар, аз рӯи номинатсияи география 3 нафар ва аз рӯи номинатсияи химия 3 нафар ғолиб омаданд. Ҳамагӣ 21 нафар донишҷӯён ба даври шаҳрии озмун пешниҳод карда шуданд.