ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ вобаста ба дасисаю иғвогарии хоинони миллат дар сомонаи ифротии “Ислоҳ.нет” (аз 21.04.2024с.)

Мо кормандорни шуъба зимни изҳороти хеш мехоҳем диққати мардуми кишвар, бахусус ҷавононро ба муҳимтарин масъалае, ки имрўз ҷомеаро ба ташвиш овардааст ҷалб намоем. Бояд қайд карпд, ки қиёс ва натиҷагирӣ аз ҳолати ҷомеаи муосири имрўза хело нигаронкунанда аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои ифротӣ иттилооти мухталиф паҳн мешавад. Даҳҳо ҳазор интернет – сайт ва вебпорталҳои амалкунанда шаклу номи худро тағйир дода, аз озодии сухан суйистифода бурда, онро васеъ ба кор мебаранд. Масалан як тӯдаи хоинони миллат – собиқ аъзоёни Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ), ки “Паймони миллӣ..” номгузорӣ карда, (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем, ҳоҷат ба баён нест!) сўиистифода аз дини мубини ислом бо ғаразҳои сиёсии гурўҳиву шахсӣ то имруз тавассути барномаҳои ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир ва “Хақ ва ботил”баромад намуда истодаанд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки санаи 24 апрели соли ҷорӣ яке аз узви “Паймони милли..”, ровии “Минбари муҳоҷир” Муҳаммадиқболи Садриддин боз бо ҷалби шогирдону пайравонаш баромад намуда оид ба сафари навбатии Сарвари кишвар ба Рим ба таври худ суханҳои беасосу беманиқашро баён сохт. Хулоса, эътимоди мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, комил аст, ки сафари навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сафарҳои хушоянду самарабахш бобарор хоҳад буд. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари кишвар ба хотири муаррифӣ намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути фарҳанги оламгири халқи тоҷик шоистаи таҳсин аст. Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва ҷашнҳои бузургдошти фарзандони барӯманди миллат баргузор мешаванд, ки ба шинохти тоҷикон, таъриху фарҳанг ва дороиҳои маънавии ин миллати куҳанбунёд мусоидат мекунанд.

Баробари ин, бояд қайд кард, ки ва яке аз пайравони наҳзатӣ афроде бо номе Муҳаммд Тағоев зимни баромадаш оид ба сиёсати муҳоҷират сухан ронда,,аз ҷумла таъкид намуд, ки ба муҳоҷирон ба Ватан баргарданд ва бо ин васила мехоҳад боз солҳои 90-ми асри гузашта дар кишвари соҳибистиқлоламон аз гирдиҳамоии навбатиро ташкил намояд. Инчунин шогирдонаш бо номи Сулаймону Раҳматулло ва ашхосе бо номи Абдул Раҳмон Фотеҳ баромад намуда, суханҳои ифротии М.Садриддинро қобили қабул шумориданд. Дар ҷараёни барномаи ифроти аз М.Садридин саркарда то шогирдону пайравонаш тоҷикро масхараю писханду захрханда намуданд,ки ин амалашон бар зидди арзишҳои миллати мо аст.
Хулоса, гузашти марҳилаҳо ва ба вуҷуд омадани воқеаву рӯйдоди нав хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки аъзоёни паймони худсохта, умуман наҳзатиҳо таври комил дастпарвари бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани истиқлолияти сиёсӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабию ғайримиллӣ намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди халқи тоҷик мебошад.
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкада дар изҳоротҳои ҳамешагиамон даъъват ба амал оварда будем, боз таъкидан қайд менамоем: ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки лаганбардору ҷоплусони ҳоҷагони хориҷӣ беимонон ҳастанду аз комёбиҳои соҳибистиқлоли кишвар дар ҳаросанд ва намехоҳанд, ки ваҳдату якдилӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо бошад. Бояд хотиррасон кард,ки имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони миллӣ..”, умуман хиёнаткори давлату миллат, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дасисаю иғвогарӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *