ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ: ИМРӮЗ ВА ФАРДО

Санаи 23 декабр суҳбати озод «IET. TALK. ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ: ИМРӮЗ ВА ФАРДО» ва муҳокимаи нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба маориф, забонҳои хориҷӣ, технологияҳои инноватсионӣ бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо иштироки донишҷӯёни факултети иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионӣ ва факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ масъалаҳои оид ба таҳсилоти олӣ вобастабуда дида баромада шуд.

Сараввал чорабиниро мудири кафедра н.и.и., дотсент Мухитдинова Ш.С. ҳусни оғоз бахшида, оиди моҳият, аҳамият, зарурати таҳсилоти олӣ ва нақши забони англисӣ дар тайёр намудани мутахассиси дар бозори чаҳонии меҳнат рақобатпазир сухан ронд.
Муаллимаи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон Раҳматуллоева А. баромад намуда, оиди барномаи ENACTUS ва иштироки донишҷӯён бо лоиҳаҳои худ дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия, Пекини Ҷумҳурии халқии Чин, Лондони Британияи Кабир, Сан-Хосеи ИМА бо навори хеле ҷолиб баромад намуд.
Сипас, баромади мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов Саидқосим вобаста ба нуктаҳои асоси Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, забономӯзӣ ва технологияҳои инноватсионӣ шунида шуд. Мавсуф қайд кард, ки «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва ватан мебошад» гуфтани Пешвои миллат ба мо устодон имкон медиҳад, ки мо барои боз ҳам дар сатҳи баланд омӯзонидани дониш ба донишҷӯён кӯшиши зиёд ба харҷ диҳем. Дар рафти суҳбати озод С.Мухторов аз таҷрибаи донишандӯзии худ ба донишҷӯён нақл намуда, таъкид кард, ки донишҷӯён аз пешрафти замони муосир қафо намонда, ҳамқадами замона бошанд ва забони анлисиро хуб омӯхта, технологияҳои муосирро хуб аз худ намоянд. Инчунин дар бораи лоиҳаҳое, ки донишҷӯён имкон доарнд ба давлатҳои хориҷа таҳсил намоянд, маълумоти муфассал баён гашта, 6 нафар донишҷӯёне, ки барои таҳсил дар Донишгоҳҳои олии дигар кишварҳо омодагии худро дидаанд, баромад намуданд.
Дар ҷамъбаст ба С.Мухторов аз тарафи донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардида, ба ғолибони олимпиадаи дохилӣ диплом ва сипоснома супорида шуд.

IMG_2329
IMG_2341
DSC_0334
IMG_2349
IMG_2338
IMG_2350
IMG_2353
previous arrow
next arrow

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *