ҲАМДУНАСИФАТОНИ ИФРОТӢ

Дар тамоми таърихи башарӣ барои пойдории миллат ва давлати хеш қавмҳо ва миллатҳо бо роҳҳои гуногун вобаста аз донишу технологияи сиёсӣ ҷиҳати нигоҳдошти ҳувияту ҳайсияти худ ҷоннисориҳо намудаанд, ки ин мероси гаронбаҳои аҷдодӣ то имрӯз ба назар мерасанд ва ифтихори ҳар як фарди ҷомеаи имрӯза аст! Вале ,мутаассифона, нафарони роҳгумшудаи ватанфурӯш арзи ҳастӣ доранд, ки барои соҳиб шудан ба пули ҳароми хоҷаҳои хориҷӣ омодаанд, ки ба иҷрои ҳама гуна кирдорҳои пасту номатлубро раво мебинанд. Дар иртибот ба ин, мо борҳо зимни шарҳу эзоҳ ва бо далелҳои раднашаванда мисол оварда будем. Ин навбат боз нисбат ба фаъолияти муғризонаи ,яке аз пайрави фаъоли паймони худсохтаи наҳзат- Муҳаммадиқболи Садриддин иброз менамоем, ки дар давоми солҳои охир, асосан тавассути канали YouTube- “Ислоҳ.тv”(“Ислоҳ.нет.”), дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ваҷоҳати ҷоҳилона ва лафзи қабеҳ бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла пайравони фаъолаш: Муҳаммад Тағоев ва Абдулло баромад менамояд.

Саропо суханҳои ин палидон бофтаю сохтаанд! Бо ибораҳои ташбеҳӣ агар қайд кунем, ин бузакҳо дар чарогоҳи бегона, дар кишварҳои Аврупо мечараду маҷбур нидои чӯпон – супоришҳои Кабирию хоҷагонашро иҷро кунанд! Маҷбуранд, дигар илоҷе надоранд, талбандагӣ карда, имрӯз тӯтиву пагоҳ рӯбоҳ ва рӯзи дигар чуғзу мурғак, тавассути барномаи “Минбари муҳоҷир”баромадҳо карда, бо фитнагариву дасисабозӣ донае дарёбаду зиндагӣ кунанд. Барои таъом- донаю хошок ва пулу мол ба хоҷагон виҷдон ва имонро фурӯхтаанд. Умуман, ин тоифа кӯтоҳандешони ифротиии иғвогарро ақлу тамизе нест, ки дарки ҳақиқат кунанд! Ҳатто, воқеияти ҳолро бо биноӣ дида, баҳои ҳаққонӣ дода наметавонанд.
М.Садриддин ва пайравонаш – ҳамдунасифатони ифротӣ аз маркаб пасттаранду ору номус, шаъну шараф надоранду надонанд! Саропои ин афроди муғризи палид танҳо дасисаву фитна, иғвою фиреб асту ҷойи мувофиқе дар майнаи пучи онҳо ба ақлу тамиз, фаҳму фаросат, дарки воқеият намондааст. М.Садриддину пайравонаш, умуман наҳзату навнаҳзатӣ қудрати тағйир додани мафкураи солими ҷомеаро надоранду танҳо чанде нафарони соддалавҳу чаласаводро гумроҳу сарсон, овораи ҷаҳон месозанду халос!
Дар фароварди андешаи хешро хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мо – шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем. Барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Биёед, сарҷамъу якдилона ин ҳамдунасифатони ифротӣ, ки ангуштшуморанд, нобуд созему насли ҷавонро аз онҳо эмин нигоҳ дорем!

Р.АНВАРӢ ,
устоди ДИС ДДТТ

ҲАРГИЗАМ НАҚШИ ТУ АЗ ЛАВҲИ ДИЛУ ҶОН НАРАВАД

Модарам тибқи ҳуҷҷатҳо ҳамсинни падарам буд. Аммо падарам мегуфт:
– Модарат аз ман тахминан панҷ сол хурд аст.
Ҳар касеро, ки тақдир хушбахтии доштани модар насиб кардааст, беҳтарин суханҳоро дар бораи ӯ мегӯяд. Аммо ин калимот наметавонанд, он бузургиеро, ки мансуби сифат ва манзалати модар аст, пурра ифода кунанд.
Модари ман Зебуннисо ном дошт. Дар ҷамоати деҳоти Қафлондара ба дунё омада, дар он ҷо синфи ҳафтро хатм карда буд. Хатту саводи хуб дошт. Вақте дар аскарӣ будам, ба ман нома менавишт. Ҳусни хаташ хеле зебо буд. Шоирона менавишт ва бештар алами худ, азоби дурӣ аз фарзандашро модарона изҳор медошт ва Худоро дуо мекард, ки дар зиндагиаш бори дигар ӯро соқу саломат бубинад.
Модарам аз падару модар се фарзанд будаанд. Бародари калонӣ ва ду хоҳар. Падараш Раҳмоналӣ ном доштааст. Ӯро Раҳмоналии паҳлавон мегуфтаанд. Гӯштингир ва човандози номӣ будааст.
Баъд аз шикасти амири Бухоро ҳаракати босмачигарӣ ташкил шуд. Мақсад аз он бори дигар ба тахт нишондани «амир-ул-муъминин»-и Бухоро буд. Бо ҳамин баҳона, дар тумани Балҷувон бисёре аз дузду роҳзанҳо ҳам ба ҳамин ҳаракати ба ном «ҷиҳодӣ» ҳамроҳ шуда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ин бенизомӣ ба деҳаҳои Қафлондара, Дасторқозӣ, Мирак, Бузвалӣ ва Гулдара ҳам расида омадааст.
Аз самти Балҷувон дастаҳои ғоратгари мусаллаҳ ба Қафлондара ва деҳаҳои атрофи он ҳуҷум оварда, мардумро талаву тороҷ мекарданд. Ҳукумати Олимхон шикаст хӯрда ва аз ҳам рехта бошад ҳам, Ҳукумати Шуроҳо ҳанӯз ташкил нашуда будааст. Ҷавонмардони гирду атроф, бисту панҷ – сӣ нафар, ки мисли Раҳмоналӣ тануманд, гӯштингиру човандоз буданд, наздаш меоянд. Даъват мекунанд, ки дастаи худихтиёрӣ ташкил карда, Қафлондара ва атрофи онро аз босмачиҳо ҳифз намоянд. Раҳмоналӣ розӣ мешавад. Ва наздик ба як сол, мардум ва ҷону моли онҳоро аз босмачиҳои роҳзан ҳимоя мекунанд. Бобоям хатту савод надоштааст. Чун болшевикҳо наздик меоянд, Раҳмоналӣ, ки аз пешдастони ҳифозати мардум буд, гумон мекунад, ки ба ӯ низ зарар мерасад. Назди зану се бачааш меояд. Ба ҳамсараш:
– Бибифотима, акнун мо дигар инҷо зиндагӣ карда наметавонем. Бачаҳоро бигир, меравем, – мегӯяд.
– Ба куҷо? – мепурсад Бибифотима.
– Ба Афғонистон, – мегӯяд Раҳмоналӣ.
– Аз кӣ мегурезем, – боз мепурсад Бибифотима.
– Аз «болшавой», – мегӯяд бо қаҳр Раҳмоналӣ.
– Аз «болшавой» босмачиву мулло мегурезанд, ману ту на босмачиему на мулло. Барои чӣ гурезем?!!!
– «Болшавой» мусулмони дар пояш рост меистода, зану бача ва хешу таборашро мекушад. Ба онҳо фарқ надорад, кӣ мусулмону кӣ кофир? – бо исрор таъкид мекунад Раҳмоналӣ.
– Мардак, мо як оилаи камбағал ҳастем. Нони худро базӯр меёбем. Рӯзгорамонро бо азоб мебарем. Агар ту ҷанг карда бошӣ, муқобили ҳамин босмачиҳои душмани «болшавой» ҷанг кардӣ. Ин ҷо чӣ гуноҳ аст, – истодагарӣ мекунад дар суханаш Бибифотима.
– Агар наравӣ, бачаи яккаву ягонаамро деҳ, ман рафтам, Бибифотима! – мегӯяд Раҳмоналӣ бо қаҳр.
– Маро куш, баъд бачаатро бигир! – мегӯяд Бибифотима.
Раҳмоналӣ мебинад, ки илоҷи дигар нест, фарзандонашро як-як ба оғӯш мекашад. Ба завҷааш:
– Хайр Фотима, худат медонӣ. Таваккалатон ба Худо! Хатое дар ин умри кӯтоҳ карда бошам, бубахш. Фарзандҳоро ба туву туро ба Худо супоридам. Дидорҳо ба қиёмат! – гуфта, мулкро тарк мекунад.
Он вақт Зебуннисо чорсола будааст, акааш Бобоназар нуҳсола.
Бобоназар дар мактаб бо баҳои аъло мехондааст. Баъди хатми мактаб ӯро барои хондан ба Самарқанд фиристоданӣ мешаванд. Аммо модараш бо зориву тавалло пеши роҳи Бобоназарро мегирад. Охир, ӯ ягона соҳиби хона, саробони модару хоҳаронаш аст! Чӣ тавр онҳоро партофта меравад?!!!
Бобоназарро баъди як соли кор дар созмони ҷавонони ноҳияи Темурмалик, котиби ин ташкилот интихоб мекунанд. Ҷанг сар мешавад.
Бобоназар маслиҳати модарро напурсида, аз рӯзҳои аввал ихтиёрӣ ба ҷанг меравад. Тибқи имкон, аз ҷабҳа ба модараш нома менависад: «Очаҷон, андаки дигар монд. Ҷанг ба қарибӣ тамом мешавад. Бо пирӯзӣ ба Ватан бармегардам. Боз зиндагиро аз нав оғоз мекунем!».
Моҳи апрели соли 1945, ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз Ғалабаи бузург, дар яке аз муҳорибаҳо дар наздикии Берлин Бобоназар ба ҳалокат мерасад.
Кампири Бибифотима то охири умр бо мо зиндагӣ мекард. Ба мо ҳукми модарӣ дошт.
Ӯ пиразани ниҳоят хоксор, ҷиддӣ, камгап, қавиирода, поксиришт, ростқавл ва меҳнатӣ буд.
Падарам яке аз хонаҳои моро маҳз барои ӯ ҷудо карда буд. Онро мо «хонаи момаам» ном мебурдем. Апаам доимо бо ӯ зиндагӣ мекард. Албатта, ҳамаи хонаҳои мо бари дар бар буданд. Рӯзгору дастурхони мо якҷо буд.
Бибифотима ҳаштоду шаш сол умр дид. Солҳои мактабхонии мо қувват дошт. Ба неву нестони модарам нигоҳ накарда, дар ҳама кору бори хона худро андармон мекард. Нон мепухт. Хӯрок тайёр мекард. Аз ҳамаи ғизоҳои тайёркардаи ӯ чортои он дар хотири ман мондааст: нашоиста, атолаи қандӣ, оши ришта ва шакароб. Падарам ғизоҳои пухтаи кампирро хеле дӯст медошт. Онҳоро доимо таъриф мекард. Ба кампир ниҳоят боэҳтиром, мисли модари худаш муносибат менамуд.
Бибифотима рӯзгори вазнин дида, бештар хислатҳои мардона пайдо карда буд. Ба мо бо самимият, мулоим ва навозишкорона муносибат мекарда бошад ҳам, ба ҳеҷ кас дӯстдории зиёдатӣ намекард. Суханҳояш чида – чида, гӯё ба ҳисоб буданд. Меҳмондӯстдор буд. Аммо меҳмонӣ рафтанро дӯст намедошт.
Ҳамагӣ як дугона дошт, ки ҳамсинну сол ва хешаш буд. Номаш Бибидастагул. Кампир дар деҳаи Ҳисор бо бачааш зиндагӣ мекард. Бибифотима дар шаш – ҳафт моҳ як бор хонаи дугонааш мерафт ва дафъаи навбатӣ ӯро ҳатман ба хонааш даъват мекард.
Агар кампир меҳмонӣ мерафт, хона холӣ мешуд. Мо ӯро тез пазмон мешудем. Аммо Бибифотима ҳаргиз аз ду рӯз зиёд меҳмониро намепазируфт. Раҳ нигоҳ мекард, ки омада, ӯро биёрем. Мабодо, агар рӯзи сеюм субҳ не, бегоҳӣ барои овардани кампир мерафтем, ноаён як навъ изҳори эътирозу норизоӣ мекард.
Баъди бозгашт хеле хурсанд мешуд. Ҳамаи моро як-як ба оғӯш мегирифт. Гӯё ки чанд моҳ наберагонашро надида бошад.
Ман ҳаргиз шодии аз таҳти дили кампирро надидаам.
Дар оила ё ҳини вохӯрӣ бо дугонаи худ ва дигар кампирҳои ҳамсоя, ки гоҳ – гоҳе ба ягон муносибат дар хонаи мо ҷамъ мешуданд, суҳбат меоростанд, боре ҳам аз тақдири худ шикоят намекард. Оби чашми ӯро дар пеши худиву бегона ҳеҷ вақт намедидем. Ҳамаро бо таҳаммул, бо диққату эҳтиром гӯш мекард. Аммо ба гапи онҳо қӯш намешуд. Аз нигоҳи кампир ва симои ӯ маълум набуд, ки кампири Фотима ба фикри ҳамсуҳбатони худ розӣ ҳаст ё не. Амале ҳам аз худ нишон намедод, ки ҳамсуҳбат дар вохӯрӣ бо кампир эҳсоси нороҳатӣ кунад. Бо нигоҳу гӯшу ҳуш онҳоро мешунид. Суол диҳанд, посух медод. Вассалом. Аммо доимо андешаманди ботини худ буданаш мушоҳида мешуд.
Кампир ҳаргиз бекор наменишаст. Ҳар замоне кори ба худаш маъқулро анҷом медод. Ба шуғли дӯстдоштааш, ба чархаву реса даст мезад. Ӯ ин корро аз сифр оғоз намуда, то бофтани ҷуволу хӯрҷин бурда мерасонд. Дар коре, ки мекард, ҳаргиз касеро ёрдамчӣ намегирифт. Онро оромона оғозу анҷом мебахшид. Вақте кораш тамом мешуд, ба касе намегуфт. Ҳамчун моли рӯзгори хона бурда, дар ҷойи маъмулӣ таҳ карда мемонд. Вақте он чиз мавриди истифода қарор мешуд, падарам ба момаам миннатдорӣ баён мекард. Ӯ аз ин қадршиносӣ фақат як табассуми номаълум мекарду халос.
Ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки дар оилаи мо ягон кас барои насиҳат кардани хурдон чандон заҳмат намекашид. Кампири Фотима яке аз саромадони ҳамин ойин буд. Саропои рафтори ӯ панд буд. Лекин мабодо дар хона ягонтои мо рафтори ноҷо мекардем, кампир оҳиста дасти моро кашида:
– Бачам, аввал андеша, баъд рафтор. Сухан ҳам намунаи рафтор аст. Дониста бош, ки ҳама ба ту нигоҳ мекунанд. Баҳо медиҳанд, – мегуфт ӯ дилсӯзона.
Аз рӯйи эҳтироме, ки кампир дар хонадон дошт, ин сухан мисли танбеҳи сахт қабул мешуд. Ва амали ноҷо ҳамоно ислоҳ мегардид.
Кампир дилашро ба касе намекушод. Ғами чун кӯҳ дар дил доштаашро ба касе намегуфт. Вақтҳои танҳоияш, ҳангоми машғули ягон кор буданаш – чархаресӣ, дӯхту дӯз, ногаҳ хаёлаш ба куҷое мерафт. Дар ҷояш шах шуда мемонд. Ба як нуқтаи номаълуме бо гардани каҷ нигоҳ карда меистод. Ин ҳолат ду-се дақиқа давом мекард. Гоҳо чашмонаш пурнам мешуд. Беихтиёр ашк мерехт. Саросемавор бо нӯги остин ашкҳояшро, ки аз рӯйи пурожангаш мешориданд, тез пок мекард. Ба ин сӯву он сӯ саросемавор менигарист, ки мабодо ин ҳолати ӯро касе надида бошад. Мекӯшид, то корашро идома диҳад. Худро андармон кунад.
Боре, вақте ки ман тақрибан синфи ду ё се мехондам, назди момаам нишаста, аз тахтапораҳои тозакардаи хурд-хурд барои худам кӯшиши хоначасозӣ мекардам. Ҳамзамон, ба кори момаам диққат медодам. Модарам ба чӣ коре машғул буд. Хоҳаронам бо апаам дуртар дар ҳавлӣ саргарми кадом бозии бачагонаи худ буданд.
Ман эҳсос кардам, ки кори чархаресии кампир ба оҳистагӣ майл дорад ва оқибат дастони ӯ аз кор боз монданд. Кампир, гӯё ин ҷаҳон дигар вуҷуд надошта бошад, ба фикр фурӯ рафт. Вориди ҷаҳони худ шуд. Ба як нуқтаи номаълум менигарист. Ва шах шуда монд. Гӯё ҷон бадани хаставу ларзони кампирро тарк карда бошад, аз худ амале нишон намедод. Мисле ки – лашкари ғаму андуҳ руҳи ӯро мисли абрҳои ногаҳони баҳорӣ фаро гирифта бошанд. Аз чашмони замоне бодомшакли кампир чун сели навбаҳорон ашк равон шуд. Кампир мижа намезад. Дигар дар атроф касеро, чизеро намедид. Як лаҳза ин манзара идома ёфт. Гумон кардам сели марҷони ашки кампир домони ӯро пур кард. Бибифотима чашмони худро пӯшид. Бо ин ҳолат рӯй сӯйи осмон кард. Даме истод. Чашмони пурашки худро бо хастагӣ кушод. Гӯё аз осмон ба суоли худ ҷавоб меҷуст. Аз ӯ имдод металабид. Дар ҳамин ҳолат аз ҷойи худ бархост. Чашмони худро бо нӯги остин пок кард. Ва мисли он ки оҳанрабое ӯро кашида бошад, нимбеҳуш сӯйи хонаи худ равон шуд. Дарро кушод. Ва бастани онро ҳам фаромӯш кард. Рафт ва болои сандуқи хурд – ягона бойигарии худаш рост истод. Ду – се таксариеро, ки болои он сандуқ чида шуда буд, гирифта, рӯ ба рӯйи ҳам ниҳод. Сандуқро кушод. Акси ягонаи писараш – Бобоназарро болои дастони ларзонаш гирифт. Акс гӯё чанг гирифта бошад, рӯйи онро бо дастони пажмурдаи хушки ларзонаш пок кард. Бӯсид. Ба дидаҳояш молид. Сахт ба қафаси синааш зер кард. Беовоз ашки шашқатор рехт. Дар рӯ ба рӯйи худ гузошт. Бо ӯ муколама оғоз кард:
– Бобоназар, Бобоназари ҷигарбандам! Ту ҳоло дар куҷоӣ? Аз раҳпоият мурдам. Ҷӯраҳоят Наврӯз омад, Абдулло омад, Сафар омад. Охир дар як рӯз ба ҷанг рафта будед. Онҳо ҳама омаданд. Ту барои чӣ дер кардӣ? Моҳҳо гузашт. Солҳо гузашт. Ду чашми ман ҳоло ҳам ба роҳи ту аст, ки ногаҳон, очаҷон гуфта, аз дар медароӣ. Ба ҷони мани нотавон тавон мебахшӣ, ба дарди бедавои ман дармон мешавӣ. Маро саробонӣ мекунӣ. Бо дастони худ ба макони ахират бурда мегузорӣ.
Кампир бо овози паст, зор-зор нолаву гиря карда, акси писарашро бо эҳтиёт дар ҷояш монд.
Баъдан, аз даруни сандуқ як даста сони печонидаро гирифта кушод. Онро бо ниҳояти меҳрубонӣ ба дидаҳои ашколудаш молид. Бӯсид. Бӯй кашид. Чанд лаҳза шах шуда монд. Баъд онро бо эҳтиёти хосса бо қабат таҳ карда, дар ҷояш гузошт. Дари сандуқро пӯшид. Зулфаки беқулфи онро ҷо ба ҷо кард. Таксариҳои поки обшустаро болои он гузошт. Як лаҳза сари худро бо мӯйҳои жӯлидааш болои таксарӣ гузошт. Гӯё ҳеҷ майли ҷудоӣ аз он ҷоро надошт. Базӯр, бо чашмони пурнам ва дили пурғам аз ҷо бархост. Бидуни оина сару рӯйи худро батартиб даровард. Рӯймолашро дуруст кард. Ба берун баромад. Ба ҳеҷ касе нигоҳ накарда, ба пушти хона, ба самти саҳро қадам ниҳод. Ман давида ба момаи ғамзадаам наздик шудам. Аз лаби доманаш қапидам:
– Момаҷон, ман бо Шумо биёям? – гуфта, пурсидам.
– Эҳ, ту аз куҷо пайдо шудӣ? – гуфта, гӯё касе ӯро аз хоб бедор карда бошад, тааҷҷуб кард.
– Рав, бачам, ман як холаатро хабар гирифта бармегардам, – гуфт, ҳол он ки ӯ аз хонаи духтари калониаш чанд қадам гузашта буд.
Ман фаҳмидам, ки кампир ҳоло ҳам ба худ наомадааст. Мехоҳад танҳо бошад, бо фикру хаёли худ бошад, ғами худро аз тангнои хона ба домани саҳро кашад. Дили ман ҳам аз ин манзарае, ки гоҳо дар филмҳои он замон тамошо мекардам ва акнун бо чашми худам дидам, хеле маъюс шуда буд. Дар ҷоям истодам. Модаркалони бечораи ман бо куртаи ҳалили сафед, ки гулҳои баргаки майда – майда дошт, рӯймоли сафед ва кафшҳои бепошнаи нӯгипойии худ дар он тобистони гарми рӯ ба моҳи тира, ба дуриҳои дур нигоҳ карда мерафт ва оҳиста-оҳиста аз назарҳо ғоиб мешуд. Аммо ман ба ҷойе нарафтам. Дар ҷоям нишастам. Ду даст таги манаҳ, омадани момаамро интизор шудам.
– Бачам, аз қафои момаат рав, – гуфтани модарам маро ба ҳуш овард. Ва ӯ суханашро идома дод, – агар ман равам, аламаш боз зиёдтар мешавад. Имрӯз наздик ба бист сол мешавад, ки хатти сиёҳи тағоият омада буд. Кампир ба ҳалок шудани бачааш ҳеҷ бовараш намеояд. То ҳанӯз роҳи ӯро интизор аст.
Ман бо шаст давида, момаамро пайдо кардам. Дасти ӯро гирифтам. Ӯ хам шуда, маро ба оғӯш гирифт. Хомӯш ҳарду то лаби ҷӯйбори калоне, ки аз он оби соф ба оҳистагӣ, мавҷзанон ҷорӣ мешуд, расидем. Кампир дуру дароз дар сабзаҳои лаби он ҷӯй ду оринҷ такя ба зону, ду кафи даст дар ду бари рӯ, ба ин оби равон нигоҳ карда, андешамандона нишаст.
Баъд ба оҳистагӣ, базӯр аз ҷо бархостанӣ шуд. Ман дасти момаамро гирифтам ва ба хона баргаштем.
То ин замон модарам дар болои кати чӯбин дастурхон партофта, нону ширинӣ монда, кампири Шаҳрияро, ки момаам ӯро нағз медид, даъват карда оварда будааст.
Ба ҳавлӣ даромадан баробар, гӯё ҳеҷ чиз нашуда бошад, момаам бо изҳори қаноатмандӣ кампири дугонаашро «хуш омадед», – гуфт.
Модарам дасти ӯро гирифт. Ёрдам кард, то болои кат барояд. Чой дам карда, оварда ба ҳар кадомашон як пиёлаӣ чой кашида дод. Ва суҳбат дар мавзуъҳои зиндагӣ оғоз шуд.
Дар хислату рафтор модарам намунаи поки модараш буд. Агар падарам бо коре дар хона набошад, қариб тамоми кори хонаро худаш анҷом медод.
Ёд дорам, солҳои 1963 – 1968 падарам дар шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи шаҳри Кӯлоб таҳсил мекард.
Ҳар тобистон чилу панҷ то панҷоҳ рӯз, ки давраи аслии кишту кор, захира кардани хӯроки чорво барои зимистон мешуд, падарам дар дарс буд.
Сағираҳои калонкардаи модарам «паррончак» шуда, ҳама ба зиндагии мустақилонаи худ саргардон. Дар хона модарам, апаам ва ман мемондем. Додару хоҳаронам ҳанӯз хурдсол буданд. Онҳоро момаам саришта мекард. Ману модарам саҳро барои ҷамъ кардани коҳ мерафтем. Навбати молу подаро мегузаронидем. Барои зимистон аз Осмонтеппа ҳезуму кунда ҷамъ мекардем.
Модарам аз ҳавои борон, гармову сармо ибо намекард. Рӯзе бо модарам алафдаравӣ ба саҳрои Осмонтеппа рафтем. Ҳаво хунук буд. Алаф даравида, дарза баста, барои овардани онҳо тайёрӣ медидем, ки борони сахти хунук сар шуд. Ҳардуямон таги курта будем. Шип-шилта тар шудем. Шамол барқасдона мевазид. Мехост тобу тавони моро санҷад. Аммо модарам дар бораи тар шудан ва хунук хӯрдан ҳарфе намезад. Бо шавқу завқ бо суръати баланд кор мекард. Алафҳоро фақат ӯ дарза баста метавонист. Ман бандҳоро тунук, алафҳои даравида ва сатрикардагиро ҷамъ мекардам.
Як замон дид, ки ман хунук хӯрда, дастону бадани худро мисли кенгуру кардаам. Наздик буд гиря ҳам кунам. Модарам бо ханда ба ман як нигоҳ карда, дарзаи навбатиро баста истода, мардонавор шиор партофт:
– Мо мард ҳастем! Мо аз гармӣ наметарсем! Мо аз сардӣ наметарсем!
Чун борон боз ҳам сахттар шуд ва хунукӣ зиёдтар, модарам боз бо виқори махсус илова кард:
– Мо аз барфи саргардону борони новардон намеҳаросем! Кулӯх нестем об шавем! Об нестем ях бандем! Меҷунбем, ки нарм шавем! Медавем, ки гарм шавем! – гуфта, тез ҳаракат мекард, ки зудтар дарзаҳои алафро бор кунему роҳи хонаро пеш гирем.
Ниҳоят шукргузор, аз зиндагӣ қонеъ ва хоксор буд.
Чун баъди солҳои дарози оиладорӣ соҳиби фарзанд шуда буд, ба мо нигариста мегуфт:
– Чун ман чор сағераи бепадару модарро дар солҳои қаҳтиву гуруснагӣ калон кардам, онҳоро ҳамчу модар парасторӣ намудам, инро дида, Худованд ба мани беакаву додар шумоҳоро дод. Дар дунё ягон некӣ беҷавоб намемонад.
Он чизе, ки якумр дар ёди ман аз модарам монд, ростқавлӣ, росткорӣ, хоксорӣ, мушкилнописандӣ, меҳнатдӯстӣ, шукргузорӣ ва миннатпазирӣ буд.

(Порча аз китоби «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимов,
Қисми 1, – Душанбе: «Эко Принт», 2024, – c. 112-124)

Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», №35 (2316) аз 03.09.2025

ДУРҒБОФИ ИҒВОАНГЕЗИ ИФРОТӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳои вақтҳои охир собит менамоянд,ки имрӯзҳо созмонҳои террористиву экстремистӣ (ифротгароӣ) ҷиҳати амали намудани ҳадафи ғаразнокашон, дар фазои иттилоотӣ дар Интернет паҳншаванда, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube фаъолияташонро ба роҳ мондаанд. Дар робита ба ин, мисол меорем, ки яке аз пайрави ашаддии наҳзат Муҳаммадиқбли Садриддин мебошад, дар канали YouTube- ISLOH TV , пойгоҳи таҳлилӣ ва динӣ – ISLOH net фаъолияти муғризонаашро ба роҳ монда, дар барномаҳои ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромадҳо намуда, кораш танҳо дуруғбофию иғво андохтан аст. Ин дурғбофи иғвоангези ифротӣ бо василаи пахшу нашр кардани маводи ғаразнок миёни ҷомеаи тоҷик нуфуз пайдо кардан мехоҳад ва худро мубаллиғи озодию истиқлол ва пуштибони мардум вонамуд мекунад. Баромадҳои М.Садриддин ва думравонаш, алалхусус афроде бо номи Абдулло, Зохир, гуё дар Сурия иқомат дорад ва як қатор бо номҳои сохта, аз қабили “7+70”, “Ватан 665”ва ғайра, ки санаҳои 01, 04, 08 ва 11 марти соли равон , дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромади ифротӣ намуқданд, таҳлил намуда, қайд менамоем.

Ин гурӯҳаки дурғбофи иғвоангези ифротӣ дар хориҷи кишвар қарордошта, танҳо дар бораи камбудии ин ё он соҳа ва давлат ҳарф мезанад, ки ягон асос надорад. Дар робита ба ин, суол ба миён меояд.Оё дар дунё ҳаст давлате, ки муаммову мушкилӣ надошта бошад? Ба ин суол бе ягон душвори посух медиҳем: Нест, албатта. Пешрафтатарин давлатҳо дар ҷомеаи худ муаммоҳои мухталиф доранд. Илова бар ин, бояд қайд кард, ки имсол кишвари соҳибистиқлоламон 35- солигиашро бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол мегирад ва даҳ соли аввали он ба давраи нооромии сиёсӣ рост меояд. Вале, душвориҳоро кишвари соҳибистиқлоламон дар муҳлати куҳтотарин паси сар карда, имруз дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дастовардҳои назаррас ба чашм мерасад. Бояд таъкидан хотиррасон кард, ки ҳар фарди солимақлу соҳибaтафаккур дар давоми умри худ пайваста баҳри қонеъ гардонидани завқи бадеӣ ва эстетикии худ мекӯшад ва дар ин раванд сайругашти саҳарӣ ё бегоҳӣ барои саломатӣ ва ҳам рӯҳияи нав мақбултар аст. Ҳатто, нафарони пастфитрату муғриз низ аз чунин таълимотҳо бархурдоранд ва дар майнаи пучи бемағз ҳавас ба сайругашт доранд. Аммо, мазҳабфурӯши бешараф- М.Садриддин, хуллас ин гуруҳаки дурғбофи иғвоангези ифротӣ бошад, оғӯши табиати биҳиштосоро ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз намудаанд ва майнаашон олудаи палидию ғашиҳои асту дар он саводи казоӣ барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад. Дар асл бигирем, ин қабил бадхоҳони ифротӣ имрўз бозичаи кишварҳои хориҷӣ гардида, барои ташкил намудани гурўҳҳои муташакили ҷиноятӣ, ифротгароӣ машғул ҳастанд ва бо ин роҳ мардуми осоишта ва сулҳхоҳи тоҷикро ба ташкил намудани эътирозҳо даъват намудан кӯшиш доранд. Бояд хотиррасон кард, ки ин тоифа дурғбофи иғвоангези ифротӣ, аз М.Садриддин сар карда, то шогирдону пайравонаш, бо ибораи дигар наҳзату навнаҳзатиҳо дар минбарњо ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро садо баланд карданро надоранд. Ногуфта намонад, ки ин тоифа дурғбофи иғвоангези ифротӣ дар қатори ланаткардагони халқу миллат ҷой доранд.

Дар фарҷоми андешаи хеш такрор ба такрор боз гуфтанием,ки баромадҳои дурғбофи иғвоангези ифротӣ, умуман наҳзату навнаҳзатиҳо бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани аќидањои ифротї муборизаи беамон бояд барем, ки ин яке аз масъулияти муҳимтарини шаҳрвандиву фарзандии мост!

Р. АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд

ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади ифротиву ихтилофангези М.Садриддин дар канали YouTube -“ ISLOH TV, пойгоҳи “ ISLOH net” (аз 11. 03.2026сол)

Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати бадхоҳону хоинони миллат андешаҳои худро иброз намуда будем. Ин навбат вобаста ба баромади ифротиву ихтилофангези Муҳаммадиқболи Садриддин, ки пайрави фаъоли наҳзат мебошад, андешаамонро иброз медорем.

Мо, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он гардидем, ки М.Садриддин дар давоми соли равон, аз ҷумла аз оғози моҳи шарифи Рамазон то имруз, аз ҷумла санаи 11 марти соли ҷорӣ тариқи канали YouTube- ISLOH TV ,пойгоҳи таҳлилӣ ва динӣ – ISLOH net. , дар барномаи “Минбари муҳоҷир ”чун баромадҳои қаблиаш худро боз “уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале бар хилофи муқаррароти он бо сухани дағалу бемантиқ баромад намуда, нисбати фаъолияти роҳбарияти кишвар ва оиладорӣ ғайбату тўҳмати беасос намуд. Илова бар ин ,худро мутахассиси соҳаи кишоварзӣ шуморида, бо шарҳу эзоҳи ифротӣ оид ба масоили хоҷагадорӣ, замину пахтакорӣ ва картошкапарварӣ дар ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) ва Панҷакент бо таври худ сухан ронд, ки ҳарзагуии ифротиаш аён гашт.

Дар атрофи баромади навбатии М.Садриддин андеша ронда, қайд менамоем, ки роҳгумзадаи ифротӣ дар моҳи шарифи Рамазон ғайбату туҳмат намуд ва ҳаракатҳои ғайриқонунии худро анҷом дод.Хонандаи закӣ дуруст дарк мекунад, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар фарди солим кадом амалҳоро ба сомон расонад?!

Таъкидан ба М.Садриддин гуфтанием, ки моҳи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо, ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст. Вале, М.Садриддин бошад бараъкси ин. Ҷавононро дар роҳи ғафлат ва гумроҳӣ бурдан даъват менамояд, ки ин гуноҳи бузург аст!
Дар интиҳои изҳороти хеш , хулосабарорӣ намуда қайд менамоем,ки ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар аз баромадҳои ифротиву ихтилофангез ва аз ҳилаю найранги М.Садриддин хабардоранд. Умуман, аз баромадҳои ифротии бадҳохони роҳгумзадаи ифротӣ ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама амалҳо ки меистодаасту, ин тоифаи камхираду ифроткор чи ҳадаферо дунболагирӣ менамоянд. Бинобар ин, ҷавонони кишвар, биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин қабил роҳгумзадаи ифротӣ муборизаи беамон барем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ муборизаи беамон хоҳем бурд!

КАМОЛ ОН АСТ, КИ АЗ ХУД БОШӢ ОГОҲ (Андешаҳо атрофи китоби С. Ятимов. Ёддоштҳо. Қисми 1., – Хуҷанд: “Ношир” 2025)

Нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд ахиран китоби муҳаққиқи арҷманд С. Ятимовро бо номи «Ёддоштҳо» ба нашр расонд, ки барои ҷомеаи адабӣ-фарҳангии мо падидаи хушояндест. Аслан, ёддоштнависӣ жанри мустақилест, ки дар таърихи илму адаби башарӣ пешинаи тулонӣ дорад. Гузашта аз ин, миёни ҳар қавму миллате ёддоштҳо вобаста ба он ки дар чӣ мавзуе нигошта шудаанд, вижагиҳои хос доранд. Бисёре аз бузургони фарҳангу адаби мо дар имтидоди замон ёддоштҳои хешро аз рӯ згори сипаришуда ба риштаи таҳрир кашидаанд, вале ҷолиб ин аст, ки ҳар гоҳ вожаи «ёддошт» ба зеҳн мерасад, беихтиёр «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ пеши назар меояд. Асаре, ки дар нахустин радаи шоҳкорҳои адабиёти муосири мо қарор дорад. «Ёддоштҳо» як навъ шиносномаи миллати тоҷик аст. Дар ҳарими сабзи он метавон ба гӯ шаҳои рангини таъриху фарҳанг, расму сунан, мазҳари зиндагӣ ва воқеияти рӯ згори мардуми тоҷик дидор намуд.

«Ёддоштҳо»-и С. Ятимов фарогири 10 боб буда, ҳар бобе нишонгари шебу фарози масири зиндагии муаллиф аст. Бобҳо дар навбати худ шомили мавзуъҳои муайяне мебошанд, ки бо зарбулмасалу мақолҳо, таркибу ибораҳои маълуму машҳур, байту мисраъҳои забонзад миёни мардум унвон гирифтаанд. Бояд таъкид намуд, ки иттиҳоди вожагоне, ки бар маснади унвон нишастаанд, аз рӯ йи ҳавову ҳавас, ё тазоҳуру тасодуф интихоб нашудаанд, балки бозтоби фазои мавриди назар, расонандаи маъниву ҳадафи хосе мебошанд.
Масалан, мавзуи аввалини боби нахуст «Эй нури чашм, сухане ҳаст, гӯ ш кун!» номгузорӣ шуда. Замоне ки ин ҷумла (мисраъ) ба чашм мерасад, мухотабон бидуни қироати матн пай мебаранд, ки андешаҳои мундариҷ дар матн ба панду андарзҳо бастагӣ дорад ва бозигарон дар саҳнаи матн наврасон, фарзандонанд. Ибораи «нури чашм» низ худ гувоҳи мубрамияти мавзуъ ва ҷойгоҳи арзишманди мухотабон (фарзандон) аст. Нахустин натиҷае, ки пас аз ошноӣ бо матолиби асар ба зеҳн русух менамояд, шинохти ҷаҳону сатҳи андешаи муаллифи асар аст. Мавсуф бо асоси зеҳниву фарҳангии хиради фозилону бузургони пешину муосири ҷаҳон ошност ва боварманд аст, ки вуҷуди инсонӣ мисли як ҷомеа, аз як густураи хос, аз низому қонунҳои амиқу вижа бархӯ рдор аст, ки маърифати онҳо баҳри ҳар фарде ҳатмӣ ва ногузир аст. Зеро ноошноӣ, бехабариву ғафлат аз моҳияту ҷаҳони рози онҳо дар ниҳоди одамӣ ҳаросу тарс, изтиробу нигаронӣ, беқарорӣ эҷод мекунад.

Мо дар матни ин асар ба нависандаи чирадасте дидор мекунем, ки дар тасвири мазоҳири конуни ҳастӣ дасти расо, зеҳни халлоқ, маҳорати рашкангез дорад. Бо тамоми созу абзори нависандагӣ, неруи мушоҳидаву тахайюл, биниши амиқи зебошинохтӣ мусаллаҳ аст.

Модар ва ситоиши бузургиву ҷойгоҳаш дар конуни хонаводагӣ аз мавзуъҳои ҷовидонии адабиёти ҷаҳон аст. Гуфтанӣ ҳастем, ки дар «Ёддоштҳо»-и С. Ятимов симои модар ҳузури фаъолу биловасф дорад. Бардоштҳои нависанда аз саҳнаҳои зист, аз воқеият, рӯ зҳои хуби модар доштан, ривоят мекунанд. Танҳо бо ин тафовут, ки симои модар аз чаҳордевори хонавода берун меравад ва ба ҷомеа мепайвандад. Ҷомеае, ки ҷиҳати инсиҷому пойдорияш рӯ ишу сабзишаш, камоли маънавияш бар вуҷуди модар ниёз дорад.
Дар «Ёддоштҳо» ҳар ҷо, ки сухан аз модар дар миён аст, таваҷҷуҳи муаллиф сӯ йи нақши созандаву зиндагиофарин, инсонсози модар аст, ки дигар аз ҳисори фарду мансубияти фардӣ канор меравад.

Муаллифи «Ёддоштҳо» бо ифтихор менависад: «волидайнам барои ман аввалин муаллимони зиндагӣ ҳастанд. Ман ҳама вақт ҳоло ҳам ниҳоят кӯ шиш мекунам, ки ба онҳо монанд бошам». (с. 86)

Ривояту тавсифҳое, ки дар китоб дар атрофи корномаи модар омада, баёни воқеияти рӯ згори як зани рустоинишин аст, ки зеҳни равшану ҷасорати хос дорад. Ҳусни хаташ ҳам мирзоӣ аст. Далериву шуҷоӣ, коркуштагӣ, ҷаҳони меҳру муҳаббати модар аз чашми фарзандон пинҳон намемонад.
Дар асар чунин саҳнаҳои ҷаззобу ҳушрабо, ки ҷанбаи неруманди тарбиятӣ доранд, пуршуморанд. Модар барои мавсуф муаллими аввалин аст, ки ба ӯ «Алифбо», хондану навиштан ва муҳим аз ҳама зебонависиро омӯ хтааст.

Хотироти муаллиф перомуни падар ва ҷойгоҳи ӯ дар шаклгирии шахсияти ӯ бисёр дилчаспу гӯ шнишин аст. Ба қавли нависанда, «бузургтарин намунаи пайравӣ ва шахсияте, ки дар ташаккули ман ҳамчун инсон муассир буд, падарам ва муҳити оилавии мо буд». (саҳ. 57)

Падар муаллим буд. Шеваи зиндагӣ ва рафтору кирдор, бархӯ рди як муаллим чи дар зиндагии хонаводагӣ ва чи коргоҳӣ барҷастагиҳое дорад, ки симояшонро аз дигар намояндагони касбу ҳунар мутафовит месозад. Нависанда дар ниҳояти пухтагиву ҳунармандӣ мӯ шикофона корномаи падарро дар хонаводаву домани иҷтимоъ меофаринад. Ҳеҷ нуктае аз чашми ӯ пинҳон намемонад. Гоҳо ҳисси пажӯ ҳандагиву таҳқиқӣ нависандаро, ки худ аҳли таҳқиқ аст, водор месозад ба хотири дарки дурусти бархе аз мавзуот даст ба домони мафҳумҳову аҳкоми илмӣ барад, ки баҳрагирӣ аз онҳо муносиб аст. Муҳим аз ҳама, дар «Ёддоштҳо» мо дар симои як муаллими одии деҳотӣ бузургмардеро мебинем, ки ҳадафи муҳимтару олитар аз тарбияти насли шоиста, ба хотири ободон кардани ин марзу бум надорад. Нависанда дар мисоли падар ин андешаро талқин месозад, ки муаллимӣ кардан ин бо камоли сарсупурдагӣ, мардона, огоҳона, бе гом ниҳодан дар марзи афсӯ су пушаймонӣ бо дигарон қисмат кардани умри гаронбаҳост. Дар радифи омӯ зондани илму дониш, дар замири насли наврас сабзонидани тухми меҳру муҳаббат, садоқату дӯ стдорӣ ба ин хоку сарзамин аст. Амалӣ гаштани ин ҳадаф ранҷу заҳмати фаровонро ба дунбол дорад. Гузашта аз ин, парваришу сабзишу рӯ иш ва муҳимтар аз ҳама бороварии ин тухми зиндагисоз кори як рӯ зу ду рӯ з нест. Замон мехоҳад, замоне ки ҳампойи сабру шикебоист. Изофа бар гуфтаи болоӣ муаллимӣ ҳунар аст, ҳунари шунидан, дидан, ламс кардан, ташхис додан ва бо итминон муътақид сохтан. Мактаб, фазои мактабӣ, симоҳои муҳитофарину инсонсози ин марзи хушоянду садохез дар «Ёддоштҳо»-и С. Ятимов ҷозибаҳои чашмгир доранд.

Масъалаи дигаре, ки дар матни «Ёддоштҳо» барҷастагӣ дорад, нақши мактабу хондан дар шаклгирии шахсият, ҷаҳони маъниву ҷаҳоннигарии инсон аст. Муаллиф бо иқтизои мавзуъҳои мавриди назар дар бахшҳои гуногун аз китобу хондану судмандии он ёд мекунад.

Шоҳиди поёни ризояту сипос аз дилбастагиву ҳамроҳӣ бо китоб аст: “будаам мисли шахсе, ки шаб хоб мебинад, сахт ташна шудааст. Косаи пуроб дар даст беист онро менӯ шад. Аммо ташнагӣ намешиканад. Умри ман нисбат ба мутолааи китоб дар доираи ҳамин эҳсос гузашт.” (46)

Онҳое, ки “Ёддоштҳо”-ро хондаанд, ба гумонам эҳсос кардаанд, ки забони баёни матолиб дар он вижагиҳои хос дорад, ба сифати унвони ҳар ёддоште зарбулмасалу мақолҳо, мисраъҳои шеърӣ аз шоирони бузург, ки ҷанбаи неруманди пандуахлоқӣ доранд, интихоб шудаанд. Ҳамзамон, хеле калимаҳову феълҳои лаҳҷавӣ, ки дар шеваҳои мардуми ҷануб маъмуланд ва мутаассифона дар забони адабӣ ҷойи онҳо холист, ба кор рафтаанд. Рӯ йиҳамрафта мо дар ҳарими мунаққаши асар бо ҷозибаҳо, зебоиҳо, шириниву гӯ шнишинии забони модарӣ дидор мекунем.

Зимни арзёбии асари мазкур набояд аз канори ҷанбаи зебошинохтии он хомӯ ш гузашт. Дар ҷомеаи фарҳангии мо муаллифро ҳамчун олими риштаи улуми инсонӣ мешиносанд. Дар ин асар бошад, мо бо муҳаққиқе рӯ ба рӯ ҳастем, ки диду биниши хосси адабӣ, маҳорати волои нависандагӣ дорад. Ҳиссу неруи мушоҳидааш, ки дар амри эҷод бисёр муҳим аст, неруманду амиқ аст.

Дар маҷмуъ, натиҷаи муҳиме, ки аз мутолааи китоб бармеояд, ин аст, ки насли имрӯ зро донишҳое мебояд, ки асосу пояи созандаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншинохтии онҳо гардад. Дар офариниши чунин ҷаҳонбиние зарур аст, тамоми ниҳодҳои давлатӣ, иҷтимоӣ ва хоссатан мактабу маориф саҳим бошанд.

Умар САФАР,
профессори ДМТ

БАДХОҲОНИ РОҲГУМЗАДАИ ИФРОТӢ

Мушоҳидаи солҳои охир собит менамоянд, ки бархе бадхоҳони миллат, амиқтараш тудаи бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита, бахусус тавассути шабакаҳи иҷтимоӣ баромад намуда, мехоҳанд халқи куҳанбунёди моро бадном созанд. Масалан, Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз афроди роҳгумзадаи ифротӣ, муҷрии барномаи “Минбари муҳоҷир“-ро ба ӯҳда дошта, барои баррасии мактубҳо барномаеро бо номи “Номаҳо аз ноҳияҳо ба Ислоҳ”-ро таъсис дода, бо ҷалби шогирдону думравонаш тавассути канали YouTube -”Ислоҳ.тv”(Ислоҳ.нет.) зимни баромади ифротӣ беасосу бедалел бар зидди кишвари соҳибистиқлоламон, ба миллати куҳанбунёду тозаҷавонамон санги маломат мезанад.

То ҳол, М.Садридддин ва думравонаш ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, то ҳол ба иғвогарию тўҳмат овора аст ва барояшон хостаҳои хоҷагони хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Умуман, дар ҳамаи баромадҳо, наворҳои дурӯғини М.Садриддин ва шогирдону пайравонаш дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, аз он далолат мекунад, ки бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Агар ин бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ, аз дину мазҳаб огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекарданд. Илова бар ин,М.Садриддин аз оғози моҳи шарифи Рамазон, аз ҷумла 08 марти соли равон дар барномаи ифротӣ- “Минбари муҳоҷир ”боз бо ҷалби пайравонаш,ки номҳои сохта доранд, аз ҷумла “Серий кардинал”, “Мубориз”, “7+70” ва “Ватан 665” баромад намуда, байни шаҳрвандони дохиливу хориҷи ҷумҳурӣ андешаҳои хатарзо ва ғояҳои ифротиро паҳн намуда, иғвогариро пешаи худ намуд. Ин мавқеи манфии М.Садриддин ба ягон қолиб рост намеояд!

Дар фароварди андешаҳои хеш ба бадхоҳони роҳгумзадаи ифротӣ, алалхусус ба М.Садриддин ва думравонаш хотиррасон намуда, гуфтанием, ки мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, якдилу яктанем, руҳи шикастнопазир дорем. Барои мо беҳтарин неъмат сулҳу субот аст ва оромиву осоиш барои кишвар, махсусан, барои халқи мо, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, неъмати бузургтарин маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад.

А.ВАЛИЕВ,

ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ТАҲДИД БА ТАМОМИ ҶОМЕАИ БАШАРӢ

Пушида нест, ки имрӯз терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) яке аз проблемаи асосии ҷаҳони имрӯз шинохта шуда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар месозад. Дар робита ба ин, муҳаққиқон ва коршиносони масоили сиёсӣ бар он назаранд, ки пайравони созмонҳои террористиву ифротгароӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинон бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз роҳу воситаҳои гуногун истифода менамоянд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Вобаста ба масоли мазкур аз ҷониби мақомотҳои ҳифзу ҳуқуқи кишвар диққати махсус зоҳир мегардад, ки дар натиҷа баҳри пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо оид ба терроризиму ифротгароӣ корҳои назаррас ба анҷом дода шудаанд. Дар соли 2022 дар Тоҷикистон 1200 ҷиноят вобаста ба терроризму ифротгароӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2025 содиршавии ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ назар ба як соли 2024 беш 314 адад ё 23 дарсад кам шуда, дар се соли охир 73.3 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз ин рақамҳо ба хулоса омада, бояд қайд кард, теъдоди ҷиноят марбут ба терроризиму ифротгароӣ кам шуда бошад ҳам, мутаассифона то имрӯз ҷавонон ҳадафи аслии ифротгароён ва террористон қарор доранд. Дар аксар маврид қишри ноогоҳу камсавод ва таассубӣ ба доми чунин гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд.

Таҳлилу таҳқиқҳо собит кардаанд, ки дар даврони ҷавонӣ шахсият ҳанӯз пурра шакл нагирифтааст ва эҳсосот аксаран аз мантиқ болотар меистад. Ҳамин аст, ки ҷавонон аксаран дар пайи дарёфти мазмуни тозаи ҳаёт, адолат ва худшиносӣ мебошанд. Гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ маҳз аз ҳамин ҳолати руҳию равонии ҷавонон истифода мебаранд. Онҳо ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғи «адолат», «қаҳрамонӣ», «ҳифзи арзишҳо», «ҳаёти беҳтар» фиреб медиҳанд ва ба доми худ гирифтор месозанд. Баъзан ҷавононе, ки худро танҳо, бекор ё ноумед ҳис мекунанд, ба чунин таблиғот зуд бовар месозанд ва ба он дода мешаванд. Мутаассифона, ҷавононе, ки ба ин дом меафтанд, бо усулҳои озмудашудаи ин гуруҳҳо мағзшӯйӣ мешаванд ва аз ин роҳ баргаштан барояшон ниҳоят душвор аст. Ҳатто лаҳзае, ки қимати “арзишҳо”-и дурӯғини ин гуруҳҳо барои ҷавонони гирифтор ошкор гардида, онҳо аз ин роҳ бозгаштанӣ мешаванд, гуруҳҳои тундрав аз таҳдидҳо дар муқобили ҷони ҷавонон ва наздикону пайвандони онҳо кор мегиранд. Яъне, ин “суҳбатҳои самимӣ” ва пур аз эҳсосот, “ғамхорию дилсӯзию ҳамдигарфаҳмии аввалия” фақат барои ба дом афтондани ҷавонон асту бас. Гурӯҳҳои радикалӣ худро зуд ба вазъияту ҳолат мутобиқ мекунанд. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи асосии ҷалби ҷавонон табдил ёфтаанд. Видеову наворҳои таҳрифшуда, суханрониҳои эҳсосотӣ ва матолиби таблиғотӣ ба осонӣ паҳн мешаванд. Гуруҳҳои ифротӣ бо истифода аз забони содаву таъсирбахш ва шиорҳои ҷолиб нуқтаи назар ва шуури ҷавононро тадриҷан тағйир медиҳанд. Дар баробари омилҳои зикршудаи берунӣ барои ба доми ифротгароӣ афтодани ҷавонон як қатор омилҳои дохилӣ низ мавҷуданд, ки муҳимтарини онҳо паст будани сатҳи маърифатнокӣ ва надоштани тафаккури интиқодӣ мебошад. Дар иртибот ба ин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш-соли 2026 таъкид намуданд: “Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад”.

Дар фароварди андешаи хеш ,хуосабарорӣ намуд, қайд менамоем,ки терроризм ва ифротгароӣ танҳо мушкили як давлат ё минтақаи алоҳида нестанд, онҳо хатар ва таҳдид ба тамоми ҷомеаи башарӣ мебошанд ва алалхусу зарбаи онҳо пеш аз ҳама ба ҷавонон нигаронида шудааст. Барои эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ин вабои марговар, ҳамкории самарабахши аҳли ҷомеа, корхонаю ташкилотҳо, бахусус муассисаҳои таълимӣ ва оила бо ниҳодҳои давлатӣ шарти зарур аст. Илм, маърифат, фарҳанг ва ватандӯстӣ беҳтарин сипар бар зидди ифротгароӣ мебошанд. Ҷавонони азиз бояд дарк намоянд, ки роҳи созанда – роҳи дониш, меҳнат ва эҳтиром ба қонун аст. Танҳо дар ҳамин сурат онҳо метавонанд ояндаи дурахшонро барои худ, хонаводаи худ ва Ватани худ бунёд намоянд.Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар дар ҷомеаи муттамадини имрӯза бояд дарк намоем, ки мо ояндаи миллат ҳастем ва бояд аз тамоми амлњои номатлуб, бахусус аз ифротгароиву терроризм дур бошем. Агар мо хоҳем, ки ҷомеаи мо бо суръат рушд кунад, пайваста дар омӯхтани илм таллош варзем, зеро агар шахс соҳиби илму дониш, хираду заковат бошад, ҳеҷ вақт фирефтаи падидаҳои манфии номатлуби ҷомеа намегардад.

Ф.ҚУРБОНОВ,
мудири шубаи кор бо
ҷавонони ДИС ДДТТ

ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ – БАРАНГЕЗАНДАИ НИЗОИ МИЛЛӢ

Имрӯзҳо гурӯҳҳои терроризм ва экстремизм (ифртгароӣ), алалхусус ифротгароии динӣ бо истифода аз шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои ғаразноки сиёсии худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин ҷараёнҳо ба дини мубини Ислом, ки бар зидди хушунат ва терроризм аст, ҳеҷ умумияте надоранд, балки бо истифодаи нодуруст аз арзишҳо барои бозиҳои геополитикӣ ва ноором кардани кишварҳо кӯшиш мекунанд. . Мо зимни андешаи хеш оид ба раванди ифротгароии динӣ андешаҳоямонро иброз медорем. Омӯзиши ифротгароии динӣ ва оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Ифротгароии динӣ: дар нафрат ба намояндагони дини дигар ё мубориза қатъӣ дар дохили як дин зоҳир мешавад. Қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад. Ҳадафҳои муҳими ифротгароии динӣ тафриқаандозӣ миёни мардум баҳисоб рафта, оқибати нохуши он ба бенизомӣ, ҳаргуна таҷовуз, зӯроварӣ, тағйири сохти конститутсионии ин ён кишвар, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ ва динӣ оварда мерасонад.

Солҳои охир, махсусан даҳсолаи охири он ифротгароии динӣ чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида таъсири худро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Барои исбот ва фаҳмидани чи қадар аз таълимоти исломӣ фарқ доштани ақидаи ифротгароёни динӣ мисол меорем. Чунончи гурӯҳи ифротгароӣ ба ном «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом» (ДИИШ), ки ҳоло ба бахше аз Ироқ ва Сурия ҳукумат мекунад, фаҳмиши боз ҳам тангтар ва даҳшатноктари исломро бароварда ва ҷорӣ карда истодааст, Онҳо даҳҳо намуди бераҳмонаи қатли инсонҳо, аз ҷумла рӯирост сар задани кӯдакон, куштани занони ҳомила, зинда ба зинда оташ задани одамон, дар панҷара андохта зинда ба зинда ба об ғарқ кардани онҳо, ба таври оммавӣ сар буридани даҳҳо асир ва ғайраро амалӣ карда, ин саҳнаҳоро ба навор гирифта, байни мардум ба намоиш мегузоранд. Ба ҳисоби мутахассисон, то имрӯз фақат теъдоди касоне, ки саҳнаи қатлашон аз тарафи гурӯҳи ДИИШ ба навор гирифта шудааст, ба беш аз панҷ ҳазор нафар расидааст. Ҳатто ҳеҷ ҷои шакке нест, ки чунин амалҳо ба ислом, ки дини раҳмату инсонгарост, ҳеҷ робитае надоранд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти солҳои охири ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДИИШ ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ,ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва шохаи “Хуросон” зикр мегардад, шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо роҳу усулҳои нав мақсадҳои муғризонашонро амалӣ намуда истодаанд ва то ҳол дар қаламрави Афғонистон амалҳои тахрибкориашон ба назар мерасад. Масалан 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Кобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд.

Дар иртибот ба масъалаи мазкур , яке аз коршиноси масоили муносиботи давлат ва дин, масъалаҳои шинохти Афғонистони муосир дар сатҳи байнулмилалӣ шинохта гардидааст, Абдуллоҳи Раҳнамо мебошад ,ки зимни андеша хеш чун қайд кардааст: Агар касоне ноогоҳона гумон карда бошанд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ меъёрҳои исломиро ҷорӣ мекунанд, сахт фиреб мехӯранд, зеро ин фаҳмиши террористию даҳшатафкани онҳо дар бораи ислом ба таълимоти исломӣ ҳеҷ наздикӣ ва робитае надорад. Пас, бояд дақиқ дар ёд дошта бошем, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар сурати омаданашон на исломро, балки як дидгоҳи тангу торики худашонро, як низоми даҳшатноки ваҳшонияти террористиро ҷорӣ мекунанд.”

Хулоса, бо дарназардошти авзои кунунии Афғонистон ва умуман шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо ҳифзи суботу амнияти давлатро набояд фақат ба дӯши мақомоти қудратию бехатарӣ ва воситаҳои ахбори омма вогузор намоем, балки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири давлати ягона, хурду бузург мувофиқи қудрату тавоноӣ бо забон, бо даст бо андеша, бо фарҳангу ҳунар бояд пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирем.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд

ГУМРОҲШУДАГОНИ ИҒВОГАРИ ИФРОТӢ

Мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир собит менамоянд, ки яке аз гумроҳшудаи иғвогари ифротӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ровии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир”-ро ба уҳдаи худ гирифта, бо ҷалби ҷавонони роҳгумзада, яъне шогирдону дуравонаш дар канали YouTube -”Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.), бо суханҳои дорои мазмуну хусусияти ифротгароӣ- террористӣ баромади иғвогаронаро пеша намудааст. Барои фаъолияти имрўзаи ин афроди гумроҳгаштаи ифротӣ, ки пайрави фаъоли наҳзатӣ мебошад, ягона роҳ дар хориҷи кишвар дунёи маҷозии интернет боқӣ мондааст, ки бо шогирону пайравонаш аз ин имконият муфт истифода бурда, ба туҳмату буҳтон, дурӯғу дасиса ва бадном кардани ходимони сиёсиву давлатӣ даст зада истодааст. Амалҳои ин беватан, ки ӯро ба тоҷик гуфтан забон намегардад, аз хориҷи кишвар истода ба халқи худ, миллати худ санги маломат мепартояд. Дар борабари ин, бояд қайд кард, М.Сдриддин зимни баромадаш бо ҷалби думравонаш ҳатто дар моҳи

шарифи Рамазон низ, аз ҷумла санаҳои 4, 8,11,15,18,22 ва 25 феврали соли равон дар барномаи “Минбари муҳоҷир”баромад намуда, худро “уламои дин”, “ман мусулмони асил ҳастам!” гӯён, мушт бар сина зада, аз забонаш ғайбату дашном ва суханҳои қабеҳу дурушт гуфтанд… Баробари ин, ёдовар шудан бамаврид аст, ки аз нуктаи назари дини мубини Ислом дар сураи сураи Ҳуҷурот, ояти 12, чунин тафсир шудааст: “Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед… Аммо, тааҷҷубовар ин аст, ки М.Садриддин ва шогирдону думравонаш зитмни баромадҳояшон танҳо ғайбату иғвогарӣ ва фаҳшгӯиву бадзабониро пешаи худ менамоянд. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи М.Садриддин ва думравонаш, умуман гумроҳшудагони иғвогари ифротӣ нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ ммиёни мардум аст . Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд.Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» талқин мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои раҳбарияти наҳзатиҳо ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.
Хуллас, имруз дар шабакаҳои интернетӣ гуфтору наворҳои хашину тахрибию ифротӣ кам нестанд. Қишрҳои осебпазири ҷомеа чун ба саҳифаҳои интернет ворид мешаванд, маводро мутолиа мекунанду ноогоҳона ба иғво дода мешаванд. Бояд хотиррасон кард, ки дар сурати паҳн намудани чунин мавод ин амал боиси поймол намудани моддаҳои 1, 8, 14, 18 ва 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди татбиқи қонунҳои дигари амалкунанда дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ мегардад. Бинобар ин, ҷавонон бояд бидонанд, ки тасдиқ ва паҳн намудани маводи ин тоифа ва ба ҳамин монанд дар фазои маҷозии Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар чунин вазъият набояд бетафовутӣ зоҳир кард. Вақти он аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ «контенти мусбат» офаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз, савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой дод. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ, ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор ва муҳофизи Ватани азизамон бошем.

Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ

ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инновастияи ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд нисбат ба баромадҳои иғвогаронаи М.Садриддин дар канали YouTub – “Ислоҳ.тv” (Ислоҳ.нет.), аз 22-25 феврали соли 2026

Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд , зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбат ба баромадҳои ифротии бадхоҳони миллат андешаҳоямонро худро иброз намуда будем. Ин навбат вобаста ба баромадҳои иғвогаронаи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…”мебошад, андешаамонро иброз менамоем.
Мо, нисбат ба баромади навбатии М.Садриддин, ки дар давоми соли равон, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон, амиқтараш ҳафтаи охири моҳи феврал, яъне санаи 22 ва 25 феврал М.Садриддин ва пайравонаш тавассути канали YouTub-”Ислоҳ.тv”(Ислоҳ.нет.), дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” баромад намуд, насарсанҷӣ карда, андешаҳоямонро манзури хонандагон менамоем. Бояд қайд кард, ки М. Садриддин чун баромадҳои қаблиаш бо намоиш додани сабти видеоӣ худро боз “уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале бар хилофи муқаррароти он, бо шарҳу эзоҳи ифротӣ, бо сухани дағалу бемантиқ оид ба фаъолияти раҳбарияти мақомоти қудратии кишвар ғайбату дашном суханҳои қабеҳу дурушт гуфт. Илова бар ин, зимни баромади ифротиаш бо ҷалби думравонаш, ки номҳои сохта доранд, аз ҷумла “Мубориз”,”Ҳақҷӯ”ва ғайраҳо оид ба масоили ҷобаҷогузории кадрҳои вазоратҳо, шаҳру ноҳияҳо ва таъмини либосҳои хонандагон, алахусус вазъи имрӯзаи зиндагии мардуми кишвар дар назди ҷаҳониён нодуруст арзёбӣ намуд. Бо ин васила кушиш дорад, ки миёни мардуми осоиштаи кишвар низоъ андохтан ва ба фазои сулҳу амонии кишвар халал ворид сохтан аст. Дар паси шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернетӣ киҳо нишастанд чӣ мақсаду ҳадаф доранд мо огањем.
Хонандаи закӣ дуруст дарк мекунад, ки дар моҳи шарифи Рамазон, ҳар фарди солим кадом амалҳоро ба сомон расонад?!!!! Таъкидан ба М.Садриддин гуфтанием, ки моҳи шарифи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо, ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст. Вале, М.Садриддин бошад бараъкси ин, ғайбату дашном, суханҳои қабеҳу дуруштро пеша гирифта, мардумро дар роҳи ғафлат ва гумроҳӣ бурдан даъват менамояд, ки ин гуноҳи азим ва нобахшиданист!
Хулоса, мардуми кишвар аллакай аз ҳилаю найранги М.Садриддин ва думравонаш хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозии ў эътибори ҷиддие намедиҳанд. Умуман, аз баромадҳои бемантиқу беасоси М.Садриддин ҳар як фарди соҳибақл бе ягон мушкилӣ дарк менамояд, ки ин афроди гумроҳшуда ғояҳои ифротӣ паҳн менамояд. Аз дини мубини Исломӣ ёдовар шуда, таъкидан гумроҳшудаи иғвогари бегонапарастро хотиррасон менамоем, ки муъмин бародари муъмин, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Вале, аз ин гуфтор М.Садриддин ва думравони бегонапарасташ хеле дур ва бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд! Агар огаҳ мебуданд ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ бадгўӣ, тафриқаҷўӣ, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистонро дар барномаю созмонҳои хориҷӣ садо баланд намекарданд.
Мо, бодарназардошти масъалаи матраҳгардида, дар интиҳои изҳороти хеш ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад. Мо, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварро ҷонибдорӣ менамоем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар хоҳем намуд.
Тоҷикистон, ба пеш!