ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ дар ш.Хуҷанд вобаста ба баромади ифротиву ихтилофангези М.Садриддин дар канали YouTube -“ ISLOH TV, пойгоҳи “ ISLOH net” (аз 11. 03.2026сол)

Мо, ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар, Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, зимни изҳоротҳои хеш борҳо нисбати бадхоҳону хоинони миллат андешаҳои худро иброз намуда будем. Ин навбат вобаста ба баромади ифротиву ихтилофангези Муҳаммадиқболи Садриддин, ки пайрави фаъоли наҳзат мебошад, андешаамонро иброз медорем.

Мо, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он гардидем, ки М.Садриддин дар давоми соли равон, аз ҷумла аз оғози моҳи шарифи Рамазон то имруз, аз ҷумла санаи 11 марти соли ҷорӣ тариқи канали YouTube- ISLOH TV ,пойгоҳи таҳлилӣ ва динӣ – ISLOH net. , дар барномаи “Минбари муҳоҷир ”чун баромадҳои қаблиаш худро боз “уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале бар хилофи муқаррароти он бо сухани дағалу бемантиқ баромад намуда, нисбати фаъолияти роҳбарияти кишвар ва оиладорӣ ғайбату тўҳмати беасос намуд. Илова бар ин ,худро мутахассиси соҳаи кишоварзӣ шуморида, бо шарҳу эзоҳи ифротӣ оид ба масоили хоҷагадорӣ, замину пахтакорӣ ва картошкапарварӣ дар ноҳияи Ҷиргатол (ҳоло Лахш) ва Панҷакент бо таври худ сухан ронд, ки ҳарзагуии ифротиаш аён гашт.

Дар атрофи баромади навбатии М.Садриддин андеша ронда, қайд менамоем, ки роҳгумзадаи ифротӣ дар моҳи шарифи Рамазон ғайбату туҳмат намуд ва ҳаракатҳои ғайриқонунии худро анҷом дод.Хонандаи закӣ дуруст дарк мекунад, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар фарди солим кадом амалҳоро ба сомон расонад?!

Таъкидан ба М.Садриддин гуфтанием, ки моҳи Рамазон беҳтарин мактаби одамият ва худсозӣ аст ва дар ин давра мусулмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо, ботину зоҳири худро поку озода мегардонанд. Моҳияти аслии рўза доштани ҳар бандаи муъмину мусулмон низ аз ҳамин рукнҳо иборат аст. Вале, М.Садриддин бошад бараъкси ин. Ҷавононро дар роҳи ғафлат ва гумроҳӣ бурдан даъват менамояд, ки ин гуноҳи бузург аст!
Дар интиҳои изҳороти хеш , хулосабарорӣ намуда қайд менамоем,ки ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлоли кишвар аз баромадҳои ифротиву ихтилофангез ва аз ҳилаю найранги М.Садриддин хабардоранд. Умуман, аз баромадҳои ифротии бадҳохони роҳгумзадаи ифротӣ ба хулосае омадем, ки пушти ин ҳама амалҳо ки меистодаасту, ин тоифаи камхираду ифроткор чи ҳадаферо дунболагирӣ менамоянд. Бинобар ин, ҷавонони кишвар, биёед яктану якҷон бошему давлату миллати хешро дар якҷоягӣ ҳифз намоем, бар зидди ин қабил роҳгумзадаи ифротӣ муборизаи беамон барем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ муборизаи беамон хоҳем бурд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *