ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ – БАРАНГЕЗАНДАИ НИЗОИ МИЛЛӢ

Имрӯзҳо гурӯҳҳои терроризм ва экстремизм (ифртгароӣ), алалхусус ифротгароии динӣ бо истифода аз шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ мақсадҳои ғаразноки сиёсии худро пардапӯш намуда, ба мушкили умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин ҷараёнҳо ба дини мубини Ислом, ки бар зидди хушунат ва терроризм аст, ҳеҷ умумияте надоранд, балки бо истифодаи нодуруст аз арзишҳо барои бозиҳои геополитикӣ ва ноором кардани кишварҳо кӯшиш мекунанд. . Мо зимни андешаи хеш оид ба раванди ифротгароии динӣ андешаҳоямонро иброз медорем. Омӯзиши ифротгароии динӣ ва оқибатҳои он аҳамияти барҷастаи илмию назариявӣ, маърифатӣ ва махсусан амалӣ дорад. Ифротгароии динӣ: дар нафрат ба намояндагони дини дигар ё мубориза қатъӣ дар дохили як дин зоҳир мешавад. Қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳабҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад. Ҳадафҳои муҳими ифротгароии динӣ тафриқаандозӣ миёни мардум баҳисоб рафта, оқибати нохуши он ба бенизомӣ, ҳаргуна таҷовуз, зӯроварӣ, тағйири сохти конститутсионии ин ён кишвар, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ ва динӣ оварда мерасонад.

Солҳои охир, махсусан даҳсолаи охири он ифротгароии динӣ чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида таъсири худро дарёфт намудан кори муқаррарӣ гардидааст. Барои исбот ва фаҳмидани чи қадар аз таълимоти исломӣ фарқ доштани ақидаи ифротгароёни динӣ мисол меорем. Чунончи гурӯҳи ифротгароӣ ба ном «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом» (ДИИШ), ки ҳоло ба бахше аз Ироқ ва Сурия ҳукумат мекунад, фаҳмиши боз ҳам тангтар ва даҳшатноктари исломро бароварда ва ҷорӣ карда истодааст, Онҳо даҳҳо намуди бераҳмонаи қатли инсонҳо, аз ҷумла рӯирост сар задани кӯдакон, куштани занони ҳомила, зинда ба зинда оташ задани одамон, дар панҷара андохта зинда ба зинда ба об ғарқ кардани онҳо, ба таври оммавӣ сар буридани даҳҳо асир ва ғайраро амалӣ карда, ин саҳнаҳоро ба навор гирифта, байни мардум ба намоиш мегузоранд. Ба ҳисоби мутахассисон, то имрӯз фақат теъдоди касоне, ки саҳнаи қатлашон аз тарафи гурӯҳи ДИИШ ба навор гирифта шудааст, ба беш аз панҷ ҳазор нафар расидааст. Ҳатто ҳеҷ ҷои шакке нест, ки чунин амалҳо ба ислом, ки дини раҳмату инсонгарост, ҳеҷ робитае надоранд. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти солҳои охири ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави ДИИШ ва ё бо номи “Давлати исломӣ” ,ки дар расонаҳои хабарӣ бештар дар шакли ДОИШ ва шохаи “Хуросон” зикр мегардад, шакли зоҳиршавии худро тағйир дода, бо роҳу усулҳои нав мақсадҳои муғризонашонро амалӣ намуда истодаанд ва то ҳол дар қаламрави Афғонистон амалҳои тахрибкориашон ба назар мерасад. Масалан 19 январи соли равон дар тарабхонаи чинӣ, воқеъ дар маркази Кобул, ки шаҳрвандони Чин бештар ба он ташриф меоранд, амали террористӣ содир шуд. Дар натиҷаи ин амали мудҳиш ҳафт нафар ба ҳалокат расида, беш аз даҳ кас захмӣ шудаанд. Масъулияти ин амали террористиро ДИИШ ба ӯҳда гирифта, бо нашри баёнияе иброз доштааст, ки ҳадафи ҳамлаи маргталабона шаҳрвандони Чин будааст. Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯёни ДИИШ моҳи декабри соли 2022 низ ба як меҳмонхонаи чиниҳо дар Кобул ҳамлаи хунин анҷом дода буданд.

Дар иртибот ба масъалаи мазкур , яке аз коршиноси масоили муносиботи давлат ва дин, масъалаҳои шинохти Афғонистони муосир дар сатҳи байнулмилалӣ шинохта гардидааст, Абдуллоҳи Раҳнамо мебошад ,ки зимни андеша хеш чун қайд кардааст: Агар касоне ноогоҳона гумон карда бошанд, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ меъёрҳои исломиро ҷорӣ мекунанд, сахт фиреб мехӯранд, зеро ин фаҳмиши террористию даҳшатафкани онҳо дар бораи ислом ба таълимоти исломӣ ҳеҷ наздикӣ ва робитае надорад. Пас, бояд дақиқ дар ёд дошта бошем, ки гурӯҳҳои ифротгарои динӣ дар сурати омаданашон на исломро, балки як дидгоҳи тангу торики худашонро, як низоми даҳшатноки ваҳшонияти террористиро ҷорӣ мекунанд.”

Хулоса, бо дарназардошти авзои кунунии Афғонистон ва умуман шиддат гирифтани вазъи сиёсии ҷаҳон, вусъати бесобиқаи низоъҳои байнидавлатию байнидинӣ, авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ба шумор меравад. Моро шарт ва зарур аст, ки ҳама чун як тан дар зери ливои миллат муттаҳид бошем, сарбозу сарсупоридаи Ватан бошем ва сулҳу суботи кишварамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Мо ҳифзи суботу амнияти давлатро набояд фақат ба дӯши мақомоти қудратию бехатарӣ ва воситаҳои ахбори омма вогузор намоем, балки ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири давлати ягона, хурду бузург мувофиқи қудрату тавоноӣ бо забон, бо даст бо андеша, бо фарҳангу ҳунар бояд пеши роҳи ин падидаи номатлубро гирем.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ
дар ш.Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *